Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аризаҳои нахустин барои иштирок дар озмуни бунёди Роғун


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз эълони озмун барои бунёди нерӯгоҳи Роғун тақрибан 15 ширкат аризаҳои худро пешниҳод кардаанд, ки дар миёнашон ширкатҳое аз Фаронса ва Итолиё низ будаанд.

Тоҷикистон барои бунёди Роғун озмун эълон карда ва аз ширкатҳои довталаб хост, барои тарҳрезӣ, хариди таҷҳизоту маҳсулот ва сохтмони ин нерӯгоҳи азими барқи обӣ ширкат кунанд. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии Тоҷикистон, ки тобеи раиси ҷумҳур аст, бо нашри эълони озмун гуфт, қарор аст, баъд аз пайдо кардани ширкатҳои зарурӣ, сохтмони асосии нерӯгоҳи Роғун нимаи дувуми соли 2016 шурӯъ шуда, марҳила ба марҳила 11 сол идома кунад.

Сохтмонро ҳукумати Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад ва мумкин аст, маблағҳо аз манобеи дигар низ ҷалб шавад. Дар иттилоия дар бораи озмун, ки ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, гуфта мешавад, ширкатҳои довталаб метавонанд, то рӯзи 10 март аз нияти худ барои иштирок дар озмун хабар дода ва аризаҳояшонро то 31 март ба Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Айни замон консорсиуми иборат аз ширкатҳои “Трактебл Инжинеринг”, “Коин энд Белле”-и Фаронса, “Электроконсалт”-и Итолиё ба ҷамъияти саҳомии “Роғун” кумакҳои фаннӣ мерасонанд. Як шарти озмун ин будааст, ки ширкатҳои довталаб, манбаи сармоягузорӣ ва гирифтани

қарз барои сохтмони Роғунро ҳам пешниҳод намоянд ва мумкин аст, дар озмун таҷриба дар ин соҳаро ба инобат бигиранд.

Ҷӯрабек Ҷӯраев, ҳамоҳангсози тендерҳо барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии Тоҷикистон рӯзи 27 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, чандин дархост барои ширкат дар озмун ба онҳо расидааст: “Тақрибан 15 ариза ҳаст, аз ширкатҳои таҷрибадор. Масалан фаронсавиҳо ҳастанд, итолиёвиҳо ҳастанд, ки оид ба энергияи барқи обӣ бисёр кор кардаанд. Аз Ҳиндустон ҳаст.”

Қарор аст, дар чаҳорчӯби озмун, чаҳор қарордод бо ширкатҳои довталаб имзо шавад: аввал хариду ба истифода додани чаҳор агрегати нерӯгоҳ, бунёди сарбанд, бунёди туннелу обпартоҳо дар соҳили чап ва сохтмони толори мошинҳо ва дигар иншоот дар соҳили рости нерӯгоҳ. Аммо ҳоло ин озмун пешакист ва дар он ширкатҳои ботаҷрибае интихоб мешаванд ва сипас дар озмуни асосӣ иштирок мекунанд.

Раванди интихоб ба гуфтаи Ҷӯрабек Ҷӯраев то ду моҳ ва то охири моҳи апрел идома мекунад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, танҳо барои сохтани сарбанди Роғун 600 миллион доллар ва барои ба кор андохтани чархаҳои аввал, бино ба ҳисобҳо, то 2 миллиард доллар сармоя лозим аст. Аммо ин ҳисобҳо тахминист ва баъд аз озмун ва таҳияи тарҳи нави сохтмон маълум мешавад, ки барои чунин нерӯгоҳи азим ва бузургтарин дар Осиёи Марказӣ чӣ қадар маблағ лозим аст.

Қодири Қосим

Қодири Қосим

Аввали моҳи январи соли ҷорӣ Қодир Қосим, раиси Кумитаи амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон гуфт, мумкин аст, чархаи аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун то се соли дигар, яъне соли 2018 ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ кунад. Аммо Георгий Петров, муовини собиқи раиси ширкати "Барқи тоҷик" ва мутахассисони варзидаи соҳа ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳарчанд аз назари техникӣ ин кор имконпазир аст, вале кафолати он вуҷуд надорад, то он замон Роғун ба кор сар кунад.

"Ман худам дар соҳаи энергетика дар “Барқи тоҷик” кор кардаам ва ин як нияти нек аст ва ман ҳам мехоҳам, ки ҳамин кор шавад. Вале гуфтан ва кардан ду чизи гуногун аст. Худо кунад ва чашм нарасад, ки (то соли 2018) нерӯгоҳи Роғун ба кор сар кунад, вале ҳеҷ гуна кафолати он вуҷуд надорад. Мо агар бигӯему ором бишинем ва ҳеҷ кор накунем, дар ин сурат Роғун ба кор сар намекунад",-гуфта буд Петров.

Талошҳои Душанбе барои пайдо кардани сармоягузори хориҷӣ барои бунёди Роғун аз соли 1992 ба ин сӯ бенатиҷа мондааст. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар тақрибан 90-километрии шарқи Душанбе бо иқтидори 3600 мегаватт дар поёни солҳои 70-ум дар аҳди Шӯравии собиқ оғоз ёфт, вале баъд аз суқути иттиҳод қатъ шуд. Роғун бо сарбанди 335-метрӣ мебоист, яке аз бузургтарин нерӯгоҳҳои дунё бо баландтарин сарбанд шавад, вале сели шадиди баҳори соли 1992 чанд нақби обпартои Роғунро бо гилу лой пур кард ва 70 метр сарбандашро ҳам шуст.

Георгий Петров

Георгий Петров

Покистон дар соли 1992 бо ҳукумати вақти Тоҷикистон қарордод баста, барои Роғун ваъдаи 500 миллион доллар сармоягузорӣ карда буд. Вале ин қарордод дар пайи шурӯи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон иҷро нашуд. Русия ҳам дар соли 1994 бо имзои як созишнома сохтани Роғунро бар дӯш гирифт, вале ин санад ҳам рӯи қоғаз монд. Ҳукумати Тоҷикистон баъд аз ин ҳама талошҳои бебарори ҷустуҷӯи сармояи хориҷӣ дар оғози соли 2010 ба шурӯи мустақилона иншооти ҳаётан муҳим даст ба кор шуд ва дар як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғун аз мардум ва корхонаву ширкатҳо тақрибан 186 миллион доллар ҷамъ овард, вале баъди ҳамагӣ се моҳ маҷбур шуд, таҳти фишори кишварҳои поёноб ва бо дархости созмонҳои байналмилалии молӣ саҳмияфурӯширо қатъ кунад.

Дар куҷо нигаҳ доштани ин миллионҳо доллар то кунун баҳсу суолҳои зиёдеро барангехтааст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, ин пул ҳеҷ куҷо нашудааст ва барои бунёди Роғун сарф мешавад. Дар буҷаи соли 2015 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ ва ё тақрибан 300 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Давлати Тоҷикистон нерӯгоҳи Роғунро масъалаи “маргу зиндагӣ” барои кишвар меномад, чун аксари манотиқи Тоҷикистон дар фасли сармо - аз моҳи октябр то поёни апрел 4 ё 5 соат нерӯи барқ мегиранд ва ин камбуд, яке аз сабабҳои аслии норизоиятии мардум аз ҳукумати Тоҷикистон аст. Барои рафъи ин камбуд дар Тоҷикистон тайи солҳои гузашта даҳҳо нерӯгоҳи хурд ва ду нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" ба кор андохта шуд, вале мушкил ҳамчунон вуҷуд дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун дар сурати пурра мавриди баҳрабардории пурра қарор гирифтанаш солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид мекунад, ки ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақаҳои бузурги Покистону Афғонистон кофӣ аст. Аммо ҳоло як мушкили дигар дар миён аст ва он ҳам мухолифати давлати Узбакистон, ки мегуяд, Роғун сабаби фалокатҳои зистмуҳитӣ дар кишварҳои поёноб мешавад, ҳарчанд ташхиси байналмилалӣ собит кардааст, ки ин иддао асос надорад. Ҳоло маълум нест, ки ҳукумати Узбакистон ба эълони тендер барои сохтмони Роғун чӣ вокуниш мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG