Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парлумони Эрон ҳалли мушкили беобиро дар Тоҷикистон меҷӯяд


Бархе аз аъзои парлумони Эрон интиқоли об аз Тоҷикистонро "беҳтарин роҳ барои ҳалли камбуди об" дар ин кишвар донистаанд.

Алӣ Иронпур, масъули бахши хоҷагии қишлоқ дар парлумони Эрон, гуфтааст, барои ҳалли мушкили беобӣ дар Хуросон, Язд, Қум, Теҳрон ва манотиқи дигари шарқии ин кишвар овардани об аз Тоҷикистон муносибтарин роҳ аст.

Тавре хабаргузориҳои Эрон менависанд, Алӣ Иронпур таъкид кардааст, айни ҳол гуфтушунидҳо барои интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрон идома доранд. Ӯ зикр кардааст, ки моҳи майи соли 2012 миёни Тоҷикистону Эрон тавофуқоте дар бораи интиқоли як миллиард метри мукааб об ба Эрон ҳосил шудаанд.

Тоҷикистон борҳо изҳор доштааст, ки метавонад, оби изофияшро ба хориҷ содир кунад, аммо Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки тақозои истифода аз оби Тоҷикистонро кардааст. Масъулини вазорати обу обёрии Тоҷикистон таъйид мекунанд, ки "ҳамин хел пешниҳодҳо аз тарафи Эрон ироа шудааст, аммо бо чӣ роҳе Эрон оби Тоҷикистонро бигирад ва бо чӣ миқдор, ҳамаи ин масъалаҳо мавриди омӯзиш қарор доранд."

Қаблан вазири энержии Эрон, Маҷиди Номҷӯ, гуфт, Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон қарор кардаанд, як долони муштараки об ва барқро ҳам бунёд кунанд. Моҳи марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе, раҳбарони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон аҳдномаеро дар бораи сохтмони роҳи оҳан, хатти интиқоли барқ ва лӯлаҳои об, газ ва нафт имзо карданд. Бино бар он, ҳамаи ин хатҳо паҳлуи ҳам ва дар як масир сохта хоҳад шуд. Афғонистон на танҳо кишвари транзитӣ хоҳад буд, балки аз “долони муштарак” барои рафъи ниёзҳояш истифода хоҳад кард.

Аммо иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, татбиқи ин тарҳҳо шояд барои як даҳсолаи дигар тӯл кашад, зеро, аз ҳамоҳангӣ бо ҳамсоягон гирифта, то сармоягузорӣ ва бунёди “долон”, чандин солро фаро хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG