Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистону Эрон - яхҳо об мешаванд?


Соли 2011 аз маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда-2 президентони Эрону Тоҷикистон - Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон дидан карданд

Соли 2011 аз маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда-2 президентони Эрону Тоҷикистон - Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон дидан карданд

Пас аз як соли сардии равобити Душанбеву Теҳрон, нахустин комиссиюни ҳукуматӣ дар раъси Усмоналӣ Усмонзода, вазири обу энергетикаи Тоҷикистон нишастеро рӯзҳои 7-8 ноябр дар Теҳрон, пойтахти Эрон анҷом дод. Ин мулоқот дар ҳоле баргузор шуд, ки Теҳрону Душанбе як баста масоили ҳалношуда доранд, ки, ба гуфтаи коршиносон, аз сиёсат ва иқтисодиёт реша гирифтаанд. Душанбе Теҳронро аз пуштибонҳои мухолифини исломии худ медонад ва дар ин авохир чанд иқдомро барои маҳдуд кардани тиҷорат бо ин кишвар пиёда кард ва бо рақиби аслии Эрон дар Халиҷи Форс – Арабистони Саъудӣ созишномаҳои ҳамкорӣ баст.

Теҳрон маъмулан ба “демаршҳо”- Душанбе вокуниш намекунад. Аммо мақомдорони он гоҳ-гоҳ масъалаи пардохти қарзҳои нирӯгоҳи Сангтӯдаро, ки ба 60 миллион доллар расидааст ва ҳамчунин миллиардҳои гумшудаи тоҷири зиндонӣ Бобаки Занҷониро матраҳ мекунанд. Бо ин ҳам гумон намеравад ҳоло ду кишвар ба буридани риштаҳои дӯстиву ҳамкорӣ манфиатдор бошанд.

Ин аст, ки Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар як мусоҳиба бо шабакаи давлатии “Садо ва симои Эрон “ рӯзи 8 ноябр дар шаҳри Теҳрон гуфт, ки Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ дар минтақа аз мавқеияти хубе бархӯрдор аст ва дар оянда метавонад шабакаҳои барқии худро бо шабакаи Эрон васл кунад.

Усмонзода гуфтааст, Тоҷикистон чанд тарҳи нерӯгоҳи оби энержӣ дорад ва дар ин арса хостори густариши равобоит бо ҷониби Эрон аст. Зеро ба гуфтаи вазир, ширкатҳои Эрон дар заминаи сохтмони нерӯгоҳҳои обиву барқӣ “тавонмандиҳои зиёд” доранд.

Ин хостҳо дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки Эрон то имрӯз як нерӯгоҳро ба маблағи беш аз 180 миллион доллар дар Тоҷикистон бунёд кардааст. Нерӯгоҳи барқии “Сангтӯда-2” дар 120-километрии ҷанубу шарқи Душанбе бунёд шуда, тибқи шартнома Эрон аз он ҳудудан 14 сол баҳра мебарад ва баъдан онро комилан ба ихтиёри Тоҷикистон месупорад. Аммо мақомоти Эрон пайваста шиква мекунанд, ки то ҳол аз ин иншоот баҳра набардоштаанд ва гузашта аз ин, Тоҷикистон қарзҳои онро бозпас надодааст.

Дар ҷаласаи комиссиюни ҳамкориҳои иқтисодии ду ҷониб масъалаи қарздории Тоҷикистон аз нерӯгоҳи “Сангтуда-2“ матраҳ шуд.

Ҷониби Тоҷикистон дар ин робита гуфтааст, бинобар тахриби шабакаи ягонаи барқ дар кишварҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон имкони фурӯши барқи худро надорад ва аз ин рӯ дар пардохти пули барқи Эрон мушкилӣ мекашад. Вазири нерӯи Эрон Ҳамиди Читчиён дар поёни ин ҷаласа ба расонаҳои Эрон гуфт, ки Тоҷикистон дар дарозмуддат қарзҳояшро дар назди “Сангтӯда-2” пардохт мекунад.

Баҳром Сироҷев, собиқ раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки пайвастани шабакаҳои барқи Тоҷикистон бо ҳар кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Эрон фоидаовар аст. Сироҷев мегӯяд, ки Эрон нерӯи барқро асосан аз нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ба даст меорад, ки арзиши гарон дорад. Тоҷикистон баръакс, дорои нерӯи барқи обӣ аст.

Ин аввалин дидору мулоқоти мақомдорони баландпояи Тоҷикистону Эрон баъди ба сардӣ гароидани муносиботи ду кишвар аст.

Равобити Тоҷикистону Эрон баъди он тағйир ёфт, ки бо як қарори Додгоҳи олӣ дар моҳи сентябри соли гузашта фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон террористӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Теҳрон дар солҳои ҷанг ва баъд аз он аз ин ҳизби исломӣ пуштибонӣ кардааст.

Баъди ошӯби мусаллаҳонае, ки ба исми генерал Назарзода рабт медиҳанд, фазои сиёсии Тоҷикистон дигар шуд

Баъди ошӯби мусаллаҳонае, ки ба исми генерал Назарзода рабт медиҳанд, фазои сиёсии Тоҷикистон дигар шуд

Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ тирамоҳи соли гузашта ба думболи ошӯби мусаллаҳонаи муовини вазири дифоъ генерал Абдуҳалим Назарзода дар Душанбе баста ва раҳбаронаш ҳамдасти Ҳалимзода эълон шуданд. Дар ин ҳодисаҳо дасти кам 30 нафар кушта шуданд. Ҳамзамон мақомоти кишвар ва баъзе давлатҳои ҳамсоя, мисли Қазоқистон, ба вуҷуди дасти кишвари хориҷӣ дар ин ҳодисаҳо ишора карданд. Моҳи декабри ҳамон сол раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳамагуна иттиҳоми терроризмро алайҳи ҳизбаш рад мекунад, ба Теҳрон сафар кард ва бо раҳбари олии Эрон дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ин амал боиси ранҷиши Душанбе ва коҳиши робитаҳо байни ду кишвар шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG