Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгустари зидди фасоди Бразилия дар суқути ҳавопаймо ҳалок шуд


Тазоҳуроти зидди раиси ҷумҳур дар Бразилия
Тазоҳуроти зидди раиси ҷумҳур дар Бразилия

Теодор Заваски, додгустари Додгоҳи Олии Бразилия, ки муҳимтарин қазияи фасодкориро дар ин кишвар таҳти назорат дошт, рӯзи 19 январ ҳангоми суқути ҳавопаймо дар соҳилҳои Рио-де-Жанейро, ба ҳалокат расид. Дар ин бора хабаргузории Associated Press гузориш дод.

Заваски дар мурофиаи додгоҳӣ алайҳи фасодкорӣ дар ширкати нафту гази Petrobas иштирок мекард. Ӯ парвандаҳои мақомоти баландпоя, бо шумули раисони ҷуҳмури собиқи Бразилия, Луис Лула да Силва ва Дилма Руссефро таҳти назорат дошт.

Номзадии додгустари навро Сенати Бразилия тасдиқ мекунад, ки бахши умдаи афроди вориди ҷанҷоли фасодкорӣ узви он мебошанд.

Соли 2014 мақомоти ҳифзи тартиботи Бразилия тарҳи пулшӯиро дар ширкати нафту гази Petrobas ошкор карданд. Биноба фарзияи тафтишот, ширкат қимати маҳсулоти ба таври сунъи боло бурдаро ба фурӯш мебаровард. Ин қазия 50 нафарро фаро гирифтааст.

XS
SM
MD
LG