Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин корхонаи мурғпарварӣ дар Кӯлоб


Корхонаи паррандапарварии “Як арча” дар ноҳияи Мӯъминобод пас аз 20 соли таътил дубора ба фаъолият оғоз кардааст. Акнун “Як арча” нахустин ва танҳо корхонаи фаъоли паррандапарварӣ дар минтақаи Кӯлоб мебошад.

Давлат Юсупов, директори корхонаи мазкур мегӯяд, барои шурӯъи кор мутахассисони ширкати “Мозандарон”-и ҷумҳурии исломии Эронро, ки дар ин самт таҷрибаи ғанӣ доранд, баҳри омӯзиш додани кормандони ин корхона даъват кардаанд.

Ӯ мегӯяд, ҳоли ҳозир 150 ҳазор мурғ аз ҷумҳурии исломии Эрон барои парвариш ба корхона ворид шуда, инчунин таҷҳизот барои чӯҷабарорӣ омодаи кор аст. Аз рӯи тахмини пешакӣ ин корхона ҳади ақал ҳафтае то 50 ҳазор тухм ва соле то 300 тонна гӯшт истеҳсол хоҳад кард.

Ҷаноби Давлтов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир бо сабаби надоштани захираи бештари хӯрока барои паррандаҳо наметавонанд аз ин бештар фаъолият кунанд.

Ӯ мегӯяд: “Борҳо аз ҳукумати маҳаллӣ хоҳиш кардем, то бароямон замини кишти гандуму дигар зироатҳо, ки хурокаи мурғон мешавад, замин ҷудо кунад. Ҳоло тобистон шудааст, вале ҳанӯз замин ҷудо нашудааст. Аз ин рӯ, то захираи худӣ набошад, наметавонем чуҷаи зиёд барорем ва шумораи мурғонро бештар кунем”.

Сафаралӣ Зокиров, раиси ноҳияи Мӯъминобод аз оғози фаъолияти ин корхона хушбин аст. Вай мегӯяд, замон Шӯравӣ ин корхона бо иқтидори бузург фаъолият дошт ва ҳоло ӯ мутамин аст, ки шуҳрати қаблишаро низ дубора барқарор мекунад. Б агуфтаи Зокиров замони бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин корхона хароб шуд ва сокинон дар заминҳо кишти он хона бунёд кардаанд.

Ӯ афзуд: “70 гектар замини ин корхонаро қонуниву ғақриқонунӣ ғасб карданд. Аммо ман ваъда кардаам, ки фаъолияташро хуб сар кунад, то сад гектар замин ҷудо мекунам“.

Ҳамакнун масъулини ин корхонаи паррандапарварӣ ваъда медиҳанд, ки ҳангоми ба бозор баровардани маҳсулташон қимати гушт ва тухми мурғро коҳиш хоҳанд дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳоли ҳозир бозори маҳаллиро тухму гушти мурғи иронӣ фаро гирифтааст.

Раҳима Камолова, як сокини Кӯлоб мегӯяд: “Ҳоло дар бозори маҳаллӣ як тухми эронӣ аз 50 то 70 дирам нарх дорад. Гушти мурғаш арзон аст. Дар назари аввал гӯшти хуб аст, вале вақте мепазӣ мисли латта меавад”.

Замони шӯравӣ дар минтақаи Кӯлоб беш аз 20 корхонаи паррандапарварӣ фаъолият дошт, вале замони ҷанги шаҳрвандӣ ин корхонаҳо пурра вайрон гаштанд. Ҳамакнун аз бархеи ин корхонаҳо нишоне боқӣ намондааст.
XS
SM
MD
LG