Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои хайркунанда дар миёни ҳамсояҳояш дар мақоми охир ҷой гирифтааст.

Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои хайркунанда ё некӯкор аз миёни ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи охир ва аммо, дар маҷмӯъ, каме пештар аз Озарбойҷону Русия қарор гирифтааст. Ин раддабандӣ аз сӯи Бунёди бритониёии Charities Aid Foundation тартиб дода шуда, Тоҷикистон дар миёни 145 кишвари дунё дар ҷойи 73-юм аст. Қирғизистон дар мақоми 18, Узбакистон 27, Қазоқистон 56 ва Турмканистон дар мақоми 71 ҷой гирифтаанд.

Ин раддабандӣ рӯзи 10 ноябр мунташир шуд ва муаллифонаш гуфтанд, асосан ба он таваҷҷуҳ шудааст, ки сокинони кишварҳо чигуна пулу вақти худро барои одамони наздики худ ва бегона сарф мекунанд. Бар асоси ин “меъёр” дар ҷои аввал Мянмар, дар ҷои дувум Амрико ва дар ҷои севум Зеландияи Нав нишастаанд.

Баъд аз Тоҷикистон дар ин раддабандӣ аз ҳисоби кишварҳои Шӯравии пешин номи Украина, Белорус, Гуриҷистон, Озарбойҷон ва Русияро дидан мумкин аст.

Абдураҳмон Хонов, раҳбари дастгоҳи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин раддабандӣ зоҳиран иштибоҳӣ сурат гирифтааст, вагарна ба гуфтаи ӯ мардуми кишвар аз рӯи хайру саховаташон бояд дар зинаҳои аввал қарор мегирифтанд. “Зеро хайрхоҳӣ ва саховате, ки хоси миллати мост, дар ҷаҳон назир надорад. Дар ҳаёти мардуми мо арзишҳои хайру саховат, дастгирии муҳтоҷону бепарасторон, беваю бечорагон, сарпарастии ятимон ва хешу ақрабо ҷойгоҳи намоён доранд,” – афзуд ӯ.

Ҷаноби Хонов дар идома гуфт, саховату хайрхоҳӣ тӯли асрҳо дар хуни тоҷикон ҷой гирифтааст ва то кунун бисёре аз сайёҳон низ, ба қавли ӯ, бештар аз меҳмондориву саховати тоҷикистониҳо тавсиф кардаанд. “Як мавизро чил кас хӯрдааст мегӯянд, беҳуда нест. Агар мардуми мо як нон дошта бошад, онро бо хешу ақрабои худ, меҳмони худ тақсим мекунад. Ва ҳамеша “дасти фитодаеро мегираду” инро рисолати инсониву қарзи ҷавонмардии хеш медонад,” -- гуфт Абдураҳмон Хонов.

Вале бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ба ин масъала бо таваҷҷуҳ ба вазъи ҳозираи кишвар нигоҳ кард. Аввалан, ба гуфтаи онҳо, як қисми аҳолӣ дар шароити камбизоатӣ ба сар мебаранд ва дувум ҳар соҳибкору тоҷири тавоно зуд зери заррабини мақомот қарор гирифта, ё ба пардохти андозҳои ҳангуфт ва ё сохтмони бинои мактабу чойхона муваззаф мешаванд. Онҳо мегӯянд, ин аст, ки бисёриҳо дасти сахои худро ақиб кашида, аз эълони бою тавоно буданашон низ худдорӣ мекунанд.

Соли гузашта Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар як мавъизаи худ аз хасисии баъхе аз сарватмандон нигаронӣ карда буд. Ӯ гуфт, барои мисол агар ҳамаи афроди сарватманд закоти моли худро диҳанд, дар рӯи замин ҳеч шахси гурусна нахоҳад монд.

“Агар ин сарватмандон миллиарду триллиард ҷамъ накунанд ё кунанду закоти молро ба фақирон диҳанд, ҳеч камбизоат аз нодорӣ танқисӣ намекашад,” – таъкид карда буд ӯ. Закот яке аз панҷ рукни дини мубини Ислом ба шумор меравад, ки адои он барои ҳар фарди сарватманд фарз маҳсуб мешавад ва маркази таҳқиқотии Pew моҳи августи соли 2013 дар пайи як назарпурсии худ миёни сокинони Тоҷикистон эълон дошта буд, ки 66 дарсади назардиҳандагон гуфтаанд, закоташонро медиҳанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG