Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико талоши Тоҷикистонро зидди қочоқи инсон муҳим, аммо кам донист


Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузориши наве талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар мубориза бо қочоқи инсон муҳим, аммо нокофӣ хонд ва ин кишварро дар феҳрасти дувуми худ боқӣ гузошт.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, ба иллати муҳоҷирати густардаи шаҳрвандон, номукаммалии қонунгузорӣ ва беназоратии ниҳодҳои марбута Тоҷикистон манбаъ ва макони қочоқу истисмори инсон боқӣ мондааст.

Бино бар гузориши нави солонаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, занону мардони тоҷик дар як соли гузашта дар Русия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон ва худи Тоҷикистон ҳадафи қочоқ ва истисмор қарор ёфта, шаҳрвандони Афғонистон ва Бангладеш дар Тоҷикистон истисмор шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар як соли гузашта 28 парвандаи қочоқро пажӯҳиш ва нисбати 22 маврид ҳукм баровардааст, ки назар ба соли гузашта 3 парванда бештар аст.

Шумораи зиёди занон, ки ба таври ғайрирасмӣ аз шавҳарони муҳоҷири худ ҷудо шудаанд, дар таъмини фарзандони худ ба тангдастӣ рӯбарӯ гашта, осебпазир мешаванд. Бино бар гузоришҳо чанде аз духтарони ҷавони тоҷик дар ивази қарз ё бо мақсади издивоҷи маҷбурӣ ё истисмори шаҳвонӣ ба Афғонистон интиқол дода шудаанд.

Дар гузориши нав аз он изҳори нигаронӣ мешавад, ки дар соли гузашта дар Тоҷикистон кори маҷбурии кӯдакон дидбонӣ ва назорат нашудааст. Биноан, муаллифон ин эҳтимолро тасдиқ мекунанд, ки меҳнати маҷбурии кӯдакон ва занон дар ҷамъоварии пахта ҷой доштааст. Онҳо ба номаи вазири маорифи Тоҷикистон ишора кардаанд, ки аз мудиронир мактабҳо хостааст, аз мавридҳои ба ғунучини пахта машғул шудани хонандагон пешгирӣ кунанд. Дар мавсими ҷамъоварии пахта гузоришҳое дар бораи ҷалб шудани кӯдакон ба нашр расида буд, вале мақомот мегуфтанд, кӯдакон бо хоҳиши худ ба пахтазор баромадаанд, то ба падару модари хеш мадад расонанд.

Бо ин ҳама ҳукумат дар соли 2014 се хоҷагии деҳқониро барои истифодаи иҷбории нерӯи хурдсолон ҷарима баста, вале дар муқобили гунаҳкорон аз шиддати қонун истифода накардааст.

Бино бар гузориши нави вазъи қочоқи инсон дар ҷаҳон шаҳрвандони Афғонистон ва Бангладеш дар Тоҷикистон ба нерӯи кории осебпазир табдил ёфтаанд. Кам ошкор шудани чунин ҳолатҳоро муаллифони гузориш ба омодагии сусти масъулони мубориза бо қочоқ ва истисмори инсон, набудани ҳамкорӣ байни сохторҳои гуногун ва мавҷудияти ришвату фасод дар ниҳодҳои зирабт бастагӣ додаанд.

Дар бахши дигаре аз гузориш ба нокомилии қонунҳои Тоҷикистон дар робита ба пажӯҳиш ва муҷозоти гунаҳкорон ишора карда, аз ҷумла гуфта мешавад, қонунҳои ин кишвар танҳо истифодаи маҷбурии занону кӯдаконро дар саноати фаҳшо мавриди ҷазо қарор медиҳанд. Дар ҳоле ки қонун барои қочоқ ва истисмори инсон ҷазои то 15 соли ҳабсро муқаррар кардааст, дарозтарин муддати ҷазо дар парвандаҳое, ки то додгоҳ расиданд, ҳамагӣ 8 сол аст. Дар баъзе мавридҳо қурбониёни қоочоқ бо иттиҳоми танфурӯшӣ ҷазо дидаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон як барномаи миллии мубориза бо қочоқ ва истисмори инсонро барои солҳои 2014-2016 омода кардааст, вале то ҳанӯз ин барнома ба тавсиб нарасида, татбиқи он шурӯъ нашудааст. Ин ҳама сабаб гаштааст, ки Тоҷикистон ҳамоно дар феҳрасти дувуми гузориш боқӣ монад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2010 ба фарқ аз Узбакистон ё Русия аз феҳрасти нигаронии махсус берун шуда буд. Дар феҳрасти дувум кишварҳое ҷой дода мешаванд, ки мубориза бо қочоқ ва истисмори инсон талошҳое нишон медиҳанд, ба меъёрҳои байнулмилалӣ наздиканд, аммо кофӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG