Пайвандҳои дастрасӣ

Зарбаҳои Тоҷикистон ба терроризм гоҳе хато мераванд


Сиёсати Тоҷикистон ба хунсо кардани гурӯҳҳои тундрави исломӣ тамаркуз ёфта, аммо дар баъзе ҳолат ҷомеаҳои ғайриэктремистиро низ ҳадаф қарор медиҳад.

Дар гузориши нави Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи терроризм, ки рӯзи панҷшанбе мунташир гашт, гуфта мешавад, Тоҷикистон дар соли 2012 ба ислоҳи заъфҳои худ дар стратегияи зидди терроризм машғул буд ва зарфиятҳои худро дар мубориза бо ваҳшатафканӣ нишон дод.

Бо тағйиру ислоҳи Қонуни мубориза бо терроризм, Тоҷикистон дар моҳи июни соли гузашта ин равандро дақиқтар намуд. Дафъатан бо қабули ин дигаргуниҳо 14 созмону гуруҳ ба феҳрасти сиёҳи ҳукумат шомил гашт. Дар гузориши нав гуфта мешавад, Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм бо кишварҳои дигар ҳамкориҳои наздик дорад, вале ҳанӯз роҳҳои ба зиндагии осоишта баргардонидан ва бо ҷомеа шарик кардани террористони собиқро таҷриба накардааст. Ҳамзамон вазъи ҳимоят аз марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ин гузориш аз лиҳози вуруди гуруҳҳи тундрав ва даҳшатафкан мояи нигаронӣ унвон шудааст.

Дар ҳоле ки дар гузориш вазъи зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудааст, мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, Эрон пуштибонияш аз терроризмро ба сатҳе боло бурдааст, ки дар ду даҳаи охир бесобиқа аст. Ин иттиҳом дар гузориши нави Вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи терроризм рӯзи панҷшанбе мунташир гашт. Дар гузориши солона гуфта мешавад, Иёлоти Муттаҳида бо “таҳдидҳои ҳарчӣ бештар ғайримутамарказ ва аз лиҳози ҷуғрофӣ пароканда рӯбарӯ мешавад”.

Бино бар гузориши нави Вазорати умури хориҷии Амрико, Эрон дар соли 2012 ҳимояташ аз терроризмро ба воситаи Горди Инқилоби Исломӣ ё нерӯҳои “Қудс”, вазорати истихборот ва амният ва ҳампаймони Эрон дар Лубнон – ҷумбиши “Ҳизбуллоҳ” ба таври бесобиқа афзоиш додааст. Чандин ҳамлаи террористӣ дар Осиёи Ҷанубушарқӣ, Аврупо ва Африқо ба Эрон рабт дошта, ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунин аз “режими Асад, ки ба саркӯби бераҳмонаи зидди мардуми Сурия идома медиҳад, ба таври густарда пуштибонӣ мекунад”.

Дар гузориши нав гуфта мешавад, ҳастаи шабакаи террористии “Ал-Қоида” дар Покистон рӯ ба зафъ овардааст ва сарони он бештар дар ғами ҳифзи худ буда, тавоноии онҳо барои ҳамлаҳои мустақим коҳиш дидааст.

Манзараи умумии талошҳои ҷаҳонии зидди терроризм, бино бар ин пажӯҳиш, ба иллати “рӯйдодҳои пурсарусадои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ” печидатар шуда, раҳбарии “Ал-Қоида” рӯ ба шикаст аст ва ба зарфиятҳои “ду бахши аз ҳама хатарноки он дар Яману Сомалӣ” дар соли гузашта “зарбаҳои ҷиддӣ” расонда шудааст.

Вазорати умури хориҷии Амрико аз ҳукумати Озарбойҷон ситоиш мекунад ва мегӯяд, он “ба кӯшиши созмонҳои террористӣ барои интиқоли афрод, маблағ ва мавод ба воситаи Қафқоз” фаъолона мухолифат меварзад. Муаллифони гузориш мегӯянд, Русия зимни нооромиҳо дар Қафқози Шимолӣ бо таҳдидҳои террористӣ рӯбарӯст ва дар ин минтақа ҷудоихоҳон ва тундравони исломӣ ба талошҳои таъсиси “як хилофати исломӣ” давом медиҳанд. Дар соли гузашта табодули иттилоъ байни ниҳодҳои зиддитеррористии Вашингтон ва Маскав густариш ёфтааст.

Дар Ироқ тағйири ночизе иттифоқ афтода, “Ал-Қоида” ҳамоно ба бомбгузориҳои маргталабона ва сарироҳӣ такия мекунад. Ҳамзамон зарфияти нерӯҳои амниятии Ироқ дар рӯёрӯӣ бо терроризм бештар шуда, онҳо аз чанд ҳамла пешгирӣ ва дар робита бо терроризм дар соли гузашта зиёда аз 350 нафарро боздошт кардаанд.

Афғонистон ҳамоно аз ҳамлаҳои “шадид ва ҳамоҳангшудаи Толибон, шабакаи Ҳаққонӣ ва гуруҳҳои мансуби “Ал-Қоида” хунчакон аст. Шумораи “ҳамлаҳо аз дохил” назар ба соли қабл хеле бештар шуда, дар соли 2012 калонтарин таркиши даҳ соли охир рӯй дод.

Вазорати умури хориҷии Амрико қарор аст, ҳар сол ба Конгресси ин кишвар дар бораи вазъи мубориза бо терроризм ва натиҷаои он гузориш диҳад. Имсол бори аввал ин гузориш на аз тарафи Маркази Миллии Зиддитеррористӣ, балки Консортсиуми Миллии Омӯзиши Терроризм ва Вокуниш (START) дар Донишгоҳи Мэриленд таҳия шуда, бино бар ин Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, “омори он ба арқоми гузоришҳои пешина мустақиман қобили қиёс нест”.
XS
SM
MD
LG