Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА: "Рӯҳониён дар Тоҷикистон зери назорати шадид қарор доранд"


Дар гузориши солонаи вазорати умури хориҷии ИМА оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар олам Тоҷикистон дар сафи кишварҳое ҷой дорад, ки фаъолиятҳои мазҳабӣ аз сӯи давлат шадидан назорат мешаванд.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи душанбеи 28 июл гузориши солона оид ба озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳонро нашр кард ва дар он, аз ҷумла, омадааст, Тоҷикистон ягона кишвари олам аст, ки қонунҳояш фаъолияти динии афроди зери сини 18-соларо иҷоза намедиҳанд. Бар пояи гузориш, занҳо ҳам бо як қарори ҳукумат аз рафтан ба масҷид маҳрум мондаанд.

Дар идомаи гузориш омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон гурӯҳҳои мазҳабии мамнӯъ ва ғайримамнӯъ ва аъзоёни онҳоро яксон мавриди озору азият қарор медиҳанд. Ба навиштаи муаллифон, "фаъолиятҳои динӣ дар Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакаистон, Чин ва Куба фақат дар ҳоле метавонанд амалӣ шаванд, ки агар давлатҳо ба он иҷозат диҳанд».

Дар гузориши солонаи "Озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон" гуфта шудааст, ки ҳукуматҳои Эрон, Арабистони Саудӣ ва Судон соли гузашта ба пайравони мазҳабҳое, ки ба мазҳаби давлатӣ мувофиқ нестанд, маҳдудияти ҷиддӣ эҷод кардаанд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, зимни муаррифии гузориш бо ишора ба нодида гирифтани озодиҳои мазҳабӣ дар бисёре аз кишварҳо гуфт, ки соли гузашта миллионҳо тан аз мардуми эътиқодманд ба мазҳабҳои гуногун маҷбур ба тарки манзили худ шуданд. Бар пояи гузориши вазорати умури хориҷии ИМА, соли 2013 дар пайи муноқишаҳои дохилиӣ дар Ҷумҳуриии Африқои Марказӣ беш аз як миллион нафар гуреза шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG