Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар як раддабандии байналмилалӣ дар байни кишварҳое қарор гирифтааст, ки сатҳи осебпазириашон дар муқобили чолишҳо изтиробовар қаламдод мешавад.

Бунёди сулҳи Амрико ва маҷаллаи амрикоии “Foreign Policy” дар таҳқиқоти солонааш таҳти унвони “Шохиси осебпазирии кишварҳо 2015” (Fragile States Index 2015) мизони осебпазирии 178 кишвари дунёро дар баробари хатарҳои муосир ҳисоб кардааст.

Дар ин гузориш 4 кишвари қораи Африқо -- Судон, Африқои Марказӣ, Сомалӣ ва Судони ҷанубӣ аз нигоҳи осебпазирӣ дар ҳолати бонги изтироби хеле баланд гузошта шуда, вазъи 12 кишвари дигар -- 8 кишвари боз ҳам қораи Африқо ва Афғонистону Покистону Ироқ ва Сурия аз қораи Осиё дар ҳолати изтиробовар қаламдод мешавад.

Аммо зинаҳои аз ҳама поёнии раддабандии “Шохиси осебпазирии кишварҳо 2015”-ро, ки дар асл зинаҳои аз ҳама баланди он аст, кишварҳои қораи Аврупо – Финландия, Шветсия, Норвегия, Дания ва Люксембург гирифтаанд.

Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар ҷои 57-ум, байни Мадагаскар (ҷои 56-ум) ва Папуа-Гвинеяи нав (ҷои 58-ум) қарор дорад. Бунёди Сулҳ ва “Foreign Policy” вазъи кишварҳоеро, ки дар зинаҳои аз 39 то 65 қарор доранд, дар ҳолати ҳушбори баланд баҳо медиҳад.

Бунёди Сулҳ ва “Foreign Policy” таҳқиқоти солонааш дар бораи вазъи кишварҳои дунеёро аз соли 2005 ба ин тараф нашр мекунад. Ин гузориш то соли 2014 бо номи “Шохиси заъфҳои кишварҳо” ба чоп мерасид.

Муҳаққиқон сатҳи осебпазирии кишварҳои дунёро бар асоси 12 меъёри иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва низомию сиёсӣ ва таҳлили вазъи 5 ниҳоди калидии ҳар давлат – раҳбарияти сиёсӣ, артиш, пулис, низоми додгоҳӣ ва хадамоти маданӣ – муайян мекунанд. Риску хатарҳое, чун эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба қаламрави кишвар низ дар ин таҳқиқот ҳисобу китоб мешаванд. Баландтарин имтиёз дар ин раддабандӣ барои ҳар меъёр 10 имтиёз ва дар маҷмӯъ 120 аст.

Тоҷикистон, барои мисол, бо мақоми 57-умаш 83,4 имтиёз дорад. Рушди нособити иқтисодӣ, вазъи ҳуқуқи башар ва бештар аз ҳама фишори демографӣ аз ҷумлаи омилҳои асосиест, ки Тоҷикистонро дар байни кишварҳои аз нигоҳи осебпазирӣ дар ҳоли изтиробовар қарор додааст. Аммо дар ин гузориш машрӯъияти давлат, сатҳи пойини ихтилофи байни элитаҳо вакам будани норозигии мардум аз ҷумлаи нуқтаҳои қуввати ҳукумати Тоҷикистон номбар шудаанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ин таҳқиқот вазъи Узбакистонро аз ҳама осебпазиртар арзёбӣ карда, ин кишварро дар зинаи 51 гузоштааст. Тоҷикистон дар минтақа аз нигоҳи осебпазирӣ дар ҷои дувум аст, вале Қирғизистон бо мақоми 62-юм дар ин раддабандӣ аз Тоҷикистон чандон пеш нарафтааст.

Тоҷикистон 142 ҳазор метри мураббаъ масоҳат ва ҳудуди 8,5 миллион аҳолӣ дорад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар сол ба чизе бештар аз 8 миллиард доллар мерасад, ки ба ҳар сари аҳолиаш 971 долларро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG