Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА бо 173 имтиёз даҳ зина поин шуд ва дар мақоми 158-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА (Федератсияи байнулмилалии футбол), ки 6 август нашр шудааст, бо 159 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ даҳ зина поин рафта ва ҷойи 158-умро касб кардааст.

Ба иттилои коршиносони соҳа иллати даҳ зина поин рафтани Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА ба нокомии мунтахаби миллии кишвар дар сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бастагӣ дорад. Ёдовар мешавем, ки футболбозони тоҷик дар бозии аввал дар майдони худ аз мунтахаби Урдун бо ҳисоби 1-3 мағлуб гашта, бозии дувумро дар меҳмонӣ бо мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби 1-1 доданд. Баъди ин нокомӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон истеъфо дод.

Cармураббии “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шудааст. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Эргашеви 41-сола мунтахаби кишварро ба бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 омода месозад. Бозии наздиктарини тими миллии Тоҷикистон 8 сентябр дар Душанбе муқобили мунтахаби Австралия, ғолиби Ҷоми Осиё-2015, баргузор мешавад.

Дар раддабандии нави ФИФА, мунтахаби Аргентина бо 1425 имтиёз дар ин феҳрист дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Белгия (1244) дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Олмон (1226) дар ҷойи севум аст. Ба қатори даҳ мунтахаби беҳтарини ҷаҳон, инчунин Колумбия, Бразилия, Португалия, Руминия, Инглистон, Уэлс ва Чили дохиланд.

Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё шаш зина поин шуд (ҷойи 29-ум).

Дар байни 15 кишвари Шӯравии собиқ Тоҷикистон дар зинаи охирин аст:

30 (27). Украина — 791 (791)

31 (28). Русия — 782 (782)

76 (75). Узбакистон — 452 (453)

78 (82). Эстония — 420 (420)

86 (87). Латвия — 377 (377)

88 (89). Арманистон — 373 (373)

96 (100). Беларус – 341 (341)

106 (108). Озарбойҷон — 302 (302)

107 (110). Литва — 301 (301)

127 (124). Молдова — 236 (236)

141 (142). Қазоқистон — 193 (193)

149 (152). Туркманистон — 172 (167)

154 (153). Гурҷистон— 165 (165)

156 (157). Қирғизистон — 160 (160)

158 (148). Тоҷикистон — 159 (181)

Мавқеи рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабанди нави ФИФА чунин аст: Австралия – ҷойи 61-ум, Урдун – ҷойи 92-юм, Қирғизистон – ҷойи 156-ум, Бангладеш – ҷойи 170-ум.

Бояд тазаккур дод, раддабандии ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад. Феҳристи баъдии ФИФА 3 сентябр нашр хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG