Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихобот, Зайд Саидов ё?.. Муҳимтарин рӯйдоди соли 2013 кадом буд?


Соли 2013 бо кадом рӯйдодҳои умдааш дар таърихи Тоҷикистон хоҳад монд. Радиои Озодӣ аз ҳамаи хонандагонаш мехоҳад, ки муҳимтарин рӯйдодҳои солро номбар кунанд.

Дар поёни ҳар як сол мардум муруре ба як соли дигари умри худ мекунанд ва бар ин меандешанд, ки оё ин сол бо кадом рӯйдодҳояш дар ёдҳо хоҳад монд.
Касе аз рӯйдодҳои муҳими зиндагии худ дар ин як сол ёд мекунад ва касе аз муҳимтарин таҳаввулоте, ки аз сари Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳон гузаштанд.
Аммо агар Тоҷикистонро бигирем, аз соли 2013 кадом рӯйдодҳояшро метавонад ҳамчун ҳодисаи муҳим ба кӯлобори ин як соли дигар аз таърихаш ҷо кунад?

Албатта, бисёриҳо аз интихоботи президентии Тоҷикистон сӯҳбат хоҳад кард ва шукр ҳам хоҳанд гуфт, ки ин маърака, ба ҳар сурат, ором сипарӣ шуд. Барои бархе то 49 соли дигар тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон шояд муҳим аст, ё тасвиб шудани созишномаҳои муҳоҷират ва фурӯши бидуни боҷи гумрукии маводи сӯхти Русия ба Тоҷикистон. Ҳарчанд қарордоди аввал ба ҷуз аз то 15 рӯз боло бурдани замони ҳузури бидуни сабти номи муҳоҷирон ба ин артиши бузурги “ноноварон”-и хонаводаҳои тоҷик сабукие наовард. Ва ҳам то имрӯз шояд ягон вагони “бидуни боҷи гумрукӣ”-и маводи сӯхти Русия вориди Тоҷикистон нашудааст, ки нархи бензину дизел ҳамоно дар фалак боқӣ мемонад.

Бархе қазияи соҳибкори маъруф Зайд Саидовро, ки инак, 7 моҳ боз дар боздошт, қарор дорад, ҳодисаи муҳими сол мехонанду бархе – ҳалокати 3 нафар дар як садама бо ширкати Расули Амонуллоҳ , писари 16-солаи раиси роҳи оҳани Тоҷикистонро, ки барои ин хонаводаи пурнуфуз зоҳиран бо 120 сомонӣ ҷаримаи модари ӯ бо ҷурми “нақзи қонуни масъулияти падару модар” тамом шуд.

Нашри видеои писари раисиҷумҳури Тоҷикистон бо шарҳҳои Додоҷони Атовуллоҳ, бозгашти Бозори Собир баъди 19 соли зиндагӣ дар ғурбат ва қадрдонии ӯ дар сатҳи олӣ ва ҳатто дар Қасри Миллат, баҳси Олга Тутубалина бо зиёиён, ки ҳоло ба додгоҳ кашидааст, ҷашни 40-солагии ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ, ки иттифоқан (иттифоқан?) дар ҳамон рӯзҳо мошини визадиҳии консулхонаи воқеъ дар фурудгоҳи Душанбе аз кор монд, ва ҳамин тавр, нашри чандин видеои ҷанҷолбарангези шаҳвонӣ бо ширкати “мулло”-ҳои тоҷик низ аз дигар рӯйдодҳои муҳими ин як соли гузашта унвон мешаванд.

Барои мухлисони “Равшан”-и Кӯлоб рӯйдоди муҳими сол, албатта, унвони навбатии қаҳрамонии футболи Тоҷикистон буд, ки ин тими густох имсол ҳам ин унвонро аз дасти тими “Истиқлол”-и писари президент Рустами Эмомалӣ кашида гирифт. Зимнан ба мақоми раиси кумитаи гумрук таъйин шудани Рустами Эмомалӣ баъди пирӯзии падараш дар интихоботи президентӣ яке дигар аз рӯйдодҳои сол унвон мешавад ва бархе ин таъйинотро аломати кам-кам маълум шудани исми вориси ояндаи тахти Эмомалӣ Раҳмон мешуморанд.

Аммо шумо, хонандагони азиз, кадом рӯйдодҳои ин як соли охирро муҳимтар мешуморед? Чӣ ҳодисае буд дар ин сол, ки дар ёди шумо бештар нақш бастааст? Назари худро ҳатман дар поварақи ин матлаб ба Озодӣ бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG