Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯз ба рӯз: Муруре ба рӯйдодҳои муҳими соли 2013. Ҷилди 2. Май - август (11 ВИДЕО)


Соли 2013 бо як силсила таҳаввулоти муҳимаш моли таърих мешавад. Дар поёни сол муҳимтарин рӯйдодҳои солро рӯзбарӯз бароятон ёдовар мешавем. дар қисми дуюми солнома рӯйдодҳои моҳҳои май - августро пайгирӣ кардаем.

Май: Боздошти Зайд Саидов ва таҳрими “Контбонк”

1 май. Вазорати молияи Амрико Kont Investment Bank, як бонки марбут ба соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷониро таҳти таҳримҳояш қарор дод. Ин бонк дар Душанбе низ амал мекунад.

2 май. Фирдавс Чолов, бародари фармондеҳи маъруфи даврони ҷанг Қурбон Чоловро бо ҷурми қочоқ ва дуздӣ дар Кӯлоб дастгир шуд.

4 май. Мақомоти Тоҷикистон пахши барномаҳои радиои русии “Звезда”-ро, ки тавассути таҷҳизоти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тақвият меёфт, манъ кардаанд.

5 май. Дар интихоботи миёндавраии парлумонӣ дар ҳавзаи Восеъ номзади ҳизби аграрӣ Зайниддин Сафаров бо 73,2 фоиз баранда эълон шуд. Ттибқи натиҷаҳои расмӣ, хабарнигори маъруф Раҷаби Мирзо ҳамагӣ 7,9 дарсад раъй гирифтааст.

Муҳаббат Бердиева

Муҳаббат Бердиева

6 май. Ҳангоми “облава” дар бозори ноҳияи Восеъ деги чалпак чаппа шуд, ки бар асари он 18 фоизи сару рӯи Муҳаббат Бердиева, саробони ягонаи 4 фарзанд, сӯхт. Ин ҳодиса мавзӯъи қонунмандии шеваҳои иҷбории ҷалби ҷавонон ба хидмати низомиро доғтар кард.

10 май. Зайд Саидов расман ба пулиси Душанбе шикоят кард, ки баъди эълони азмаш ба таъсиси ҳизб паёмаки таҳдидомез гирифтааст.

10 май. Хобгоҳи мактаб-интернати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ба коми оташ рафт. Мақомот моҳе баъд эълон карданд, ки хобгоҳро барқасд оташ задаанд.

Димон Ашӯров

Димон Ашӯров

10 май. Додгоҳи олӣ раҳбари собиқи созмони ҲНИТ дар Бадахшон Шерик Карамхудоевро ба 14 сол ва Димон Ашӯровро ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Онҳо ба даст доштан дар нооромиҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ айбдор дониста шуданд.

11 май. Баъди ба сафари Фаронса рафтани Зайд Саидов, бо ҷустуҷӯи манзилҳои ӯ додситонии Душанбе ва Ожонси зидди фасод эълон карданд, ки алайҳи ин соҳибкор бо иттиҳоми бисёрзанӣ ва изофанависӣ дар бунёди “Душанбе-Плаза” – баландтарин бинои пойтахт парвандаҳои алоҳида боз кардаанд. Зайд Саидов аз Порис ин иттиҳомотро сиёсӣ номида, рад кард.

12 май. “Гурӯҳи 24”-и Умаралӣ Қувватов бо пахши як изҳорот аз Эмомалӣ Раҳмон хост, ки номзадиашро дар интихоботи моҳи ноябр нагузорад.

Душанбе-Плаза

Душанбе-Плаза

13 май. Шӯрои ҳамоҳангсози иттиҳодияҳои соҳибкорони Тоҷикистонро, ки Зайд Саидов раҳбариаш мекард, дар як ҷаласаи изтирорӣ барҳам доданд.

14 май. Дар Душанбе нахустин Нақшаи миллии ҳуқуқи башари Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

14 май. Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар дод, ки Музаффар Мамадназаров, муовини президенти Академияи улумро бо иттиҳоми азхудкунии маблағ боздошт кардааст.

15 май. Дар боздоштгоҳи Душанбе мурофиаи як маъмури собиқи зиндон, ки ба даст доштан дар марги Ҳамза Икромзода айбдор мешавад, оғоз ёфт. Марги Икромзода дар соли 2012мавҷи интиқоду маҳкумиятҳо дар ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистонро дар пай дошт.

16 май. Шаҳрдории Душанбе ба саҳҳомони ширкати “Мовароуннаҳр” барои баргузории гирдиҳамоии эътирозӣ иҷозат надод.

Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпинг дар Пекин

Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Чин Сӣ Ҷинпинг дар Пекин

17 май. Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари панҷрӯза ба Таиланду Чин рафт. Ӯ дар Чин ваъдаи беш аз 300 миллион доллар қарзи дигари Пекин ба иқтисоди Тоҷикистонро ба даст овард.

19 май. Зайд Саидов баъди бозгашташ аз Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.

19 май. Як донишҷӯи тоҷик бо иттиҳоми сангпартоӣ ба сафорати Бразилия дар Маскав дастгир шуд. Маълум шуд, ки Абдуллоҳ Бобозода аз нигоҳи равонӣ мариз будааст.

20 май. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба дунболи лағви дахлнопазирии Зайд Саидов аз сӯи маҷлиси шаҳри Душанбе ҳукми ҳабси ӯроро содир кард. Ду рӯз баъд ин ҳукми ҳабс то 2 моҳ тамдид шуд. Ожонси зиддифасод гуфт, вазири собиқи саноат ба ситондани 100 000 доллар ришва аз мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара Низомхон Ҷӯраев низ айбдор мешавад.

21 май. Вазорати адлия бо ирсоли як номаи расмӣ аз ҳизби наҳзати исломӣ хост, ки Академияи исломиашро бубандад.

22 май. Маҳмурод Одинаев, раҳбари Эътилофи зидди шиканҷа дар зиндонҳо эълон крад, ки онҳо қасд доранд, дар авоили июн аз Ҳисор то Душанбе бо шиори “Нест бод шиканҷа!” раҳпаймоӣ кунанд. Одинаевро рӯзи 29 май ба Кумитаи амният даъват карданд.

Дидори Зариф Ализода бо Зайд Саидов дар боздошт

Дидори Зариф Ализода бо Зайд Саидов дар боздошт

22 май. Иван Шимонович, ёвари дабири кулли СММ аз маҳбаси Душанбе боздид карда, бо мақомоти Тоҷикистон вазъи ҳуқуқи башар, аз ҷумла қазияи Зайд Саидовро баҳс кардааст. Ба дунбол омбудсмен Зариф Ализода аз Зайд Саидов дар Ожонси зиддифасод аёдат кард.

23 май. Business Insider, марказаш дар Ню Йорк “Tajik Air”-ро дар байни 20 ширкати ҳавопаймоии бадтарин дунё дар зинаи 9-ум гузошт. “Tajik Air” гуфт, бо ин арзёбӣ розӣ нест.

24 май. Ҳавопаймои “Боинг-737-400”-и ширкати “Tajik Air”,ки бо 100 мусофир аз Хуҷанд ба Маскав парвоз мекард, ба суратии изтирорӣ дар фурудго ҳи Хуҷанд нишаст.

25 май. Дастрасӣ ба YouTube дар Тоҷикистон дигарбора барқарор шуд.

Бозор Собир баъди бозгашт

Бозор Собир баъди бозгашт

27 май. Шоири маъруфи тоҷик Бозори Собир баъди 19 соли зиндагӣ дар Амрико бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон баргашт.

28 май. Хабарнигори “Азия Плюс” Рамзия Мирзобекова барои “сӯҳбат” ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ даъват шуд.

28 май. Дар як амалиёти пулиси Русия дар шаҳри Маскав 952 муҳоҷири хориҷӣ, аксар тоҷикон, боздошт шуданд.


28 май. Ҳавопаймои Русия 6 узви хонаводаи шаҳрванди Тоҷикистон Тӯйчӣ Раҳимовро аз Сурия ба Маскав оварданд. Ин оила рӯзе баъд ба Душанбе баргашт.

28 май. Телевизиони минтақавии К+ аз моҳвораи Hotbird ғайб зад. Ин шабака Душанберо айбдор кард, ки амдан мавҷҳояшро мезанад. Мақомоти тоҷик инро рад карданд.

28 май. Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек дар ҳошияи нишасти сарони СНГ бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард.

29 май. Маҳмуд Исмоилов – зиндонбон ва гумонбари асосӣ дар марги маҳбуси зиндони якуми Душанбе Ҳамза Икромзода ба 5,5 соли ҳабс маҳкум шуд.

30 май. Президент Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро шахсан дар Қасри Миллат пазироӣ кард ва ҳукумат барои шоир дар Душанбе манзили чорҳуҷраӣ дод.



Июн: Қатли 5 узви як хонавода ва боғи миллӣ – дар феҳрасти ЮНЕСКО

1 июн. Роҳи Ворух баъди таниши навбатӣ, ки бар сари талоши ҷониби Қирғизистон барои шурӯъи сохтмони роҳи Оқсой бархост, дигарбора боз шуд.

1 июн. Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо амри Бонки миллӣ ҳисобу китоб бо муштариёни худро ба пули сомонӣ гузаронданд.

2 июн. Силоҳбадастон 5 узви як хонаводаи тилофурӯшон дар шаҳраки Ғафуров, бо шумули 3 фарзанди ноболиғи ин хонаводаро ба қатл расонданд. Барои ифшои ин ҷиноят 30 000 доллар муқаррар шуд, вале қотилонро ҳанӯз пайдо накардаанд.

Ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон

Ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон

3 июн. Дар як даргирӣ дар минтақаи Даштиарчии вилояти Қундуз, дар наздикии марзи Тоҷикистон, 22 ҷангии Толибон кушта шуданд.

3 июн. Дар Маскав стилисти маъруф Дмитрий Любашенко кушта шуд. Дар қатли ӯ шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Мӯҳсин Раҳимовро айбдор мекунанд.


5 июн. Дар канори шаҳри Атамуроди Туркманистон расми ифтитоҳи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон –Афғонистон – Тоҷикистон оғоз ёфт.

5 июн. Намоишгоҳи «Интерлегпром» дар Душанбе бидуни маҳсулоти ширкатҳои Эрон боз шуд. Вагонҳои Эрон дар марзи Узбакистон дармонданд.

6 июн. Мақомоти Хуҷанд калисои “Файз”-ро бастанд. Ин калисоро як сокини маҳаллӣ дар манзилаш дар маҳаллаи 32 бидуни сабти ном ташкил карда буд.

6 июн. Бонки Осиёии Рушд бино ба далоили амниятӣ аз ширкат дар тарҳи CASA-1000 даст кашид. Ин тарҳи якмиллиарддолларӣ сохтани хаттҳои интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон то Афғонистону Покистонро дар назар дошт.

Тарҳи терминали нави фурудгоҳ

Тарҳи терминали нави фурудгоҳ

7 июн. Тарҳи терминали нави фурудгоҳи Душанбе муаррифӣ шуд. Ин терминал бояд соли 2014 бо 19 миллион евро саҳми Фаронса ва 20 миллион евро саҳми худи фурудгоҳ сохта шавад.

9 июн. Намояндаи “Coca-Cola” гуфт, ки ин ширкат мехоҳад дар Тоҷикистон як корхонаи бузурги тавлиди нӯшоба бисозад, вале пешниҳоди дар Данғара сохтани ин корхонаро напазируфтааст.

10 июн. Дар пайи як занозанӣ байни сокинони маҳаллӣ ва розсозони чинӣ дар Панҷакент 8 шаҳрванди Чин боздошт шуд.

10 июн. Дабири кулли Интерпол Роналд Нобл аз Душанбе боздид кард.

10 июн. Пулиси ноҳияи Рӯдакӣ ба таҳқиқи навори алоқаи ҷинсии як рӯҳонии маҳаллӣ шурӯъ кард. Ин навор баъди дуздӣ шудани телефони рӯҳонӣ паҳн шуда, сарусадои зиёд барпо кард.

11 июн. Моҷарои нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни рустои Сурхи Исфара ва Самарқандаки Бодканд боиси масдуд шудани роҳи Чоркӯҳ - Шӯроб гардид.

14 июн. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ талаб кард, ки то 17 июн аз шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев узр хоста, ҳукми додгоҳро иҷро кунад. Кабирӣ аз иҷрои ин тақозо даст кашид.

14 июн. Пулиси Тоҷикистон аз кашфи мадрасаҳои ғайриқонунии марбут ба Шайх Мансур Маҳмудов ва Абдусалом Раҷабов дар Ҳисору Шаҳринав хабар дод.


15 июн. Раҳбарони 10 созмони эҷодӣ эълон карданд, ки аз Олга Тутубалина, хабарнигори «Азия плюс», ки зиёиёни тоҷикро дар як матлабаш “наҷосат” тавсиф кард, ба додгоҳ шикоят мебаранд.

15 июн. Марзбонони узбак 5 чӯпон аз рустои Моғиёни Панҷакентро бо беш аз 1000 сар гову гӯсфандашон боздошт карда, ба Узбакистон бурданд.

16 июн. Наҷмиддин Толибов ба ҷои Маҳмадчон Ҳабибуллоев сармураббии дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» таъйин шуд.

18 июн. Дар Душанбе як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми бо фиреб аз худ кардани пули қариб 30 шаҳрванди Нигерия боздошт шуд.

Ширинмоҳ Зокирова

Ширинмоҳ Зокирова

19 июн. Ширинмоҳ Зокирова ва Қурбон Зарипов - ду роҳбалади қатори Маскав-Душанбе, ки аз 26 май дар Узбакистон дар боздошт қарор доштанд, рӯзи 19 июн ба Тоҷикистон баргаштанд.

21 июн. ЮНЕСКО Боғи миллии Тоҷикистонро ба феҳрасти мероси ҷаҳониаш ворид кард.

21 июн. Рустам Хоҷаев сармураббии тими футболи “Хайр”-и Ваҳдат таъйин шуд.

22 июн. Ситораи маъруфи футболи тоҷик Валерий Турсунов аз мақоми ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон истеъфо дод.

22 июн. Қирғизистон коргарони ширкати “Суғд петролеум”-ро пеш карда, чоҳҳои нафту газ дар минтақаи баҳсии Катта-Тузро аз Тоҷикистон пас гирифт. Ин чоҳҳо ҳаррӯз то 5 тона нафту то 15 атмосфера газ медод.

23 июн. Аз як шаҳраки муҳоҷирон дар минтақаи “Новая Москва” 258 муҳоҷир, аксар тоҷикон дастгир шуданд.

24 июн. Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин, ки соли 2009 бо ҷурми пайравӣ ба салафия ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, пеш аз мӯҳлат озод шуд.


24 июн. Хабарнигор Муҳаммадюсуф Исмоилов дар Ашт ин дафъа бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт шуд. Исмоилов дар соли 2011 баъди 11 моҳи ҳабс бо ҳимояти созмонҳои маҳалливу байналмилалии ҳомии озодии матбуот озод шуда буд.

25 июн. Дар Душанбе китоби «Чанд ҳаёти сӯзондашуда, ҷонҳои рабудашуда» дар бораи қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
27 июн. Тарафҳои сулҳи Тоҷикистон солгарди сулҳро имсол ҳам ҷудо аз ҳам ҷашн гирифтанд.

29 июн. Аз рӯди Сир дар Хуҷанд ҷасади Ҷаннат Усмоноваро пайдо карданд. Ин м удири 64-солаи кафедраи абон ва адабиёти руси коллеҷи омӯзгории баъд аз бозпурсиаш дар Ожонси зиддифасод бо гумони гирифтани 250 доллар пора худкушӣ кардааст.

Июл: Бозгашти Мӯҳсин ва бори аввал узр хостани як ҷангсолори тоҷик

2 июл. Ситораи маъруфи футболи тоҷик Мӯҳсин Муҳаммадиев ба Душанбе баргашт ва сармураббии тими миллӣ таъйин шуд. Ситораи дигари дастаи дар аҳди Шӯравӣ овозадори “Помир” Олег Ширинбеков сармураббии “Истиқлол”-и Душанбе шуд.


2 июл. Додситонии низомии Қӯрғонтеппа аз ошкор шудани дастикам 23 мавриди ба артиш фиристодани хонандагони мактабҳои миёна дар ноҳияи Шаҳритӯс хабар дод.

3 июл. Афви Байналмилал дар гузоришаш гуфт, шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон як амри фарогир боқӣ мемонад.

Мулло Абдураҳим

Мулло Абдураҳим

4 июл. Мулло Абдураҳим Каримов, фармондеҳи собиқи мухолифин дар мулоқоти президент бо рӯҳониён барои аъмолаш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Эмомалӣ Раҳмон узр хост.

4 июл. Амонулло Саъдуллоев - додарарӯси президенти Тоҷикистон ва бародари раиси “Ориёнбонк Ҳасани Асадуллоҳзода - раҳбари корхонаи “Тоҷикэнергосбит” таъйин шуд. Ин корхона ҷамъоварии пулит барқро ба ӯҳда мегирад.

5 июл. Бунёди ҷамъиятии «Интернет» гузориш дод, ки дар 3 соли охир шумори корбарони Интернет дар Тоҷикистон 2 маротиба афзуда, ба 4 миллион нафар расидааст.

7 июл. Дар ҳошияи як ҳамоиш дар Маскав як гурӯҳи ҷавонони тоҷик футболкаҳо бо акси Зайд Саидовро пӯшида, озодии ӯро талаб карданд.

8 июл. Пажӯҳиши созмони “Хома” нишон дод, ки 68 дарсад тамошои телевизионҳои моҳвораиро бар телевизионҳои маҳаллӣ бартарӣ медиҳанд.

9 июл. Кумитаи дин гуфт, дар набардҳои чанд соли охир дар Афғонистону Покистон 11 шаҳрванди тоҷик ва дар ҷанги Сурия 3 тоҷики дигар ҷон бохтаанд.

10 июл. Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар Женева гузориши давлати Тоҷикистонро баррасӣ кард. Дар ин нишаст аз ҳайъати Душанбе дар бораи ҳаводиси Хоруғ, манъи фаъолияти “Ампаро”, боздошти Зайд Саидов ва масоили дигар суол карданд.


10 июл. Марзбонони узбак як мӯйсафеди 74-сола ва 4 навраси сокини ҷамоати Фароби Панҷакентро ҳангоми алафдаравӣ боздошт карда, ба Узбакистон бурданд.

11 июл. Сафорати Русия дар Душанбе гуфт, сертификатҳои дониши забони русиро, ки Донишгоҳи славянӣ медод, дигар намепазирад.

12 июл. Кумитаи дини вилояти суғд аз манъи фаъолияти 5 мадраса хабар дод.

12 июл. Аслӣ Назаров ба ҷои Абдулло Ёров раиси ширкати “Барқи Тоҷик” таъйин шуд.

Комроншоҳи Устопириён

Комроншоҳи Устопириён

14 июл. Комроншоҳи Устопириён дар Универсиадаи Қазон дар сабқати гуштии самбо медали нуқра гирифт.

15 июл. Мақомоти Русия раҳбари ҷунбиши “Ватандор” Додоҷони Атовуллоҳро баъди 4 соати боздошт аз фурудгоҳи Шереметево-2 ба Аврупо пас фиристоданд.

15 июл. Даҳҳо коргари маҳалии сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар ба сабаби пардохт нашудани маоши семоҳаашон корпартоӣ карданд.

16 июл. Мақомот и беҳдоштии Суғд аз марги як сокини рустои Саратоғи ноҳияи Айнӣ ба иллати печидан ба бемории сӯхтанӣ(сибирская язва) хабар доданд.

16 июл. Зайд Саидов дар як номаи саркушодаи иборат аз 4 саҳифа аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хост, ба қазияи ӯ дахолат ва ӯро озод кунад.

17 июл. Ҳукумати Данғара гуфт, сохтмони фурудгоҳи байналмилалии Данғара бинобар камбуди маблағ қатъ шудааст.

17 июл. Рассоми шинохта Бек Наимов дар Душанбе зери чархи мошин ҳалок шуд. Ӯ 71 сол дошт.

18 июл. Додситонии кулли Тоҷикистон фаъолияти ширкати «7 бурҷ»-ро манъ карда, ҳисобҳояшро баст. Мақомот мегӯянд, ин “пирамидаи молӣ” муомилоташро ғайриқонунӣ бо доллар ба роҳ монда буд.

18 июл. Эмомалӣ Раҳмон ба гунаи Ҳорунаррашид субҳи барвақт худ савори мошин шуда, бидуни кортежу муҳофизон кӯчаҳои пойтахт ва 4 ноҳияи водии Ҳисорро “инспексия” кард.

18 июл. Ду сокини Ашт бо ҷурми узвият дар созмони ҷангии Ҷундуллоҳ ба 20 ва 15 соли зиндон маҳкум шуданд.

19 июл. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ замони ҳабси Зайд Саидовро то 2 моҳи дигар тамдид кард. Ожонси зиддифасод алайҳи соҳибкор иттиҳоми нави “таҷовуз ба номус”-ро эълон кард.

20 июл. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Амриддин Табаров, раҳбари гурӯҳи ҷангии Ансоруллоҳро таҳти пайгарди Интерпол қарор додааст.

20 июл. Узбакистон 5 чӯпон аз рустои Моғиёни Панҷакентро озод кард, вале беш аз 1000 сар гову гӯсфанди онҳоро пас надод.'

22 июл. Вазорати хориҷа баъди 3 моҳ ба 2 хабарнигори “Садои Хуросон” иҷозаи фаъолият дод.

22 июл. 7 сокини ноҳияи Темурмаликро бо ҷурми ширкати фарзандонашон дар намози таровеҳ аз 300 то 500 сомонӣ ҷарима бастаанд.

23 июл. Вазорати обу обёрии Тоҷикистон гуфт, танҳо 57 дарсади мардуми ин кишвар бо оби поки ошомиданӣ таъминанд.

23 июл. Вазорати адлия гуфт, дар нооромиҳои як сол пеши Хоруғ аз ду тараф 41 кас кушта шуд.

23 июл. Дар моҳвораи Hotbird пахши озмоишии барномаҳои телевизиони “Сафо” аз Маскав шурӯъ шуд. Ин телевизион аз арафаи иди Рамазон ба пахши барномаҳои комил бо забонҳои русиву тоҷикӣ шурӯъ кард, вале кораш аз моҳи ноябр ба далоили зоҳиран молӣ қатъ шудааст.

24 июл. Кумитаи андоз ширкатҳои марбут ба Зайд Саидовро ба напардохтани молиёт ба маблағи 15,8 миллион сомонӣ айбдор кард.

27 июл. Аҳзоби мухолиф ба баҳси пешбарии номзади ягона ба интихоботи президентии моҳи ноябр шурӯъ карданд. Ба ин манзур, Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ(ИНИТ) таъсис ёфт.

28 июл. Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон аз 41 дараҷа дар Бадахшон то 46 дараҷа дар Хатлон баланд рафт. Гармои шадид то авоили моҳи август идома кард.


29 июл. Пулиси Маскав дар посух ба латтукӯби як афсараш аз бозорҳои Маскав қариб 2000 муҳоҷирро дастгир кард.

30 июл. Ожонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, аз соли 1994 дар кишвар 99 тоннаву 208 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст.


Август: Ҷустуҷӯи номзади ягона ва кабӯтарҳо

1 август. Раҳбарони Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав вохӯрданд. Раҳмон ваъда дод, ки қарордоди пойгоҳи 201 базудӣ тасвиб мешавад.

2 август. Ҳотам Файзуллоев - шаҳрванди Тоҷикистон “Баргузидаи моҳи августи барномаҳои табодули фориғуттаҳсилин”-и Амрико эълон шуд.


2 август. Саидаъзам Атоев- имом-хатиби як масҷиди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷурми ақди никоҳи духтари ноболиғ ба як соли корҳои ислоҳӣ маҳкум шуд.

3 август. Игор Лякин-Фролов ба ҷои Юрий Попов сафири Русия дар Тоҷикистон таъйин шуд.

4 август. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи футболи «Ҷоми Дӯстӣ-2013» дастаи мизбон - Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 7:2 шикаст дод.

Мӯҳсин Умарзода

Мӯҳсин Умарзода

4 август. Муовини собиқи сардабири “Овози тоҷик” Мӯҳсин Умарзода дар синни 83 дар Тошканд даргузашт. Умарзода муаллифи мақолаи пурсарусадои “Маънои тоҷик” аст, ки ҳанӯз дар солҳои 80 чоп шуда буд.

4 август. “Барқи Тоҷик” эътироф кард, ки аз нирӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 қариб 100 миллион доллар қарздор шудааст.

6 август. Кумитаи радио ва телевизион расман аз нашри раддияи ҲНИТ ба барномае, ки алайҳи ин ҳизби мухолиф нашр шуд, даст кашид . ҲНИТ гуфт, алайҳаш маъракаи густардае идома дорад.

Сӯхтор дар бозори Хоруғ

Сӯхтор дар бозори Хоруғ

6 август. Бозори «20-солагии истиқлол»-и шаҳри Хоруғ ба коми оташ рафт. Зиёни ин сӯхторро 600 ҳазор сомонӣ баровард карданд.

6 август. Олмон ба шаҳрвандони худ дар Тоҷикистон тавсия дод, ки ба далоили амниятӣ ба марзи Афғонистон наздик нашаванд.

7 август. Дар як амалиёти пулиси Маскав дар бозори “Садовод” садҳо хориҷӣ, ки бахши аъзамаш муҳоҷирони тоҷиканд, боздошт шуданд. Онро 9 август раҳо карданд.

8 август. Тоҷикистон аз иди Рамазон таҷлил кард. Имсол низ арафаи ин ид парвози нархҳоро ҳамроҳ дошт.

8 август. ТВ “Сафо” нахустин ахбори тоҷикиву русиашро аз Маскав пахш кард.

10 август. Нишасти дувуми ИНИТ барои интихоботи номзади ягона низ бенатиҷа анҷом ёфт.

12 август. Додгоҳи олӣ вакили собиқи парлумон Саидвалӣ Узбековро “бо сабаби гузаштани муҳлати ҷавобгарӣ” аз боздошт раҳо кард. Узбеков, ки ба қочоқи сангҳои қиматбаҳо айбдор мешуд, 15 сол боз дар хориҷ дар ҳоли фирор ба сар мебурд.

13 август. Вазорати фарҳанг ҳафтаномаи «Наҷот»-ро барои нашри “маълумоти носаҳеҳ” дар як матлабаш дар бораи солгарди ҳодисаҳои Хоруғ огоҳӣ дод

13 август. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз сафар ба Абхозистон ҳушдор дод. Муҳоҷирони тоҷик имсол 3 навбат дар ин ҷумҳурии худхонда дармонданд.

14 август. Тим миллии Тоҷикистон футболбозони Ҳиндро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

15 август. ИНИТ барномаи ислоҳоташро муаррифӣ кард, ки аз ҷумла таъсиси парлумони якмаҷлисӣ бо 150 вакил ва то 4 сол пойин овардани давраҳои президентиро дар назар дорад.

15 август. Пулиси Русия дар бозори шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав 1800 муҳоҷирро дастгир кард, ки дар байни онҳо муҳоҷирони тоҷик низ буданд.

15 август. Зиёиёни тоҷик алайҳи хабарнигори “Азия Плюс” Олга Тутубалина ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурданд.

15 август. Як ҳайъати ҲНИТ ҳангоми ъбозгашт аз Рӯшон ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Саодатшо Адолатов, муовини раиси ҲНИТ дар Бадахшон дар ин ҳамла захмӣ шуд.

15 август. “Агроинвестбонк” Шӯрои нозиронашро пурра дигар кард. Ин бонк дар вазъи мушкиле қарор дошта, дар соли 2013 аз ҳукумат 200 миллион сомонӣ кумаки молӣ гирифт.

Саодатшо Адолатов

Саодатшо Адолатов

17 август. Саодатшо Адолатов ба ҷои Муслима Броимшоева раҳбари созмони ҲНИТ дар вилояти Бадахшон интихоб шуд. Розия Имомназарова, духтари фармондеҳи собиқ Имомназар Имомназаров, ба ҷои Шерик Карамхудоев раиси шӯъбаи хоруғии ҲНИТ интихоб шуд, вале баъди чанд рӯз таҳти фишор аз ин симат канор рафт. Имомназаров моҳи августи соли 2012 кушта шуда, Карамхудоев бо ҷурми даст доштан дар нооромиҳои Хоруғ ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст.

17 август. Дар як садама дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд 8 нафар ҳалок шуданд.

19 август. Додгоҳи Фирдавсӣ ба баррасии баҳси зиёиён бо Олга Тутубалина оғоз кард.

20 август. Дар Душанбе анҷумани дурӯзаи байналмилалӣ дар бораи ҳамкориҳо барои баҳбардорӣ аз захираҳои об оғоз ба кор кард.


20 август. Афроди ношинос дар Чоркӯҳ Абдуқаҳҳор Ҳаллоқов ва 3 узви дигари хонаводаашро куштанд. Қотилонро ҳанӯз пайдо накардаанд.


Додоҷони Атовуллоҳ

Додоҷони Атовуллоҳ

20 август. Раҳбари ҷунбиши “Ватандор” Додоҷони Атовуллоҳ дар фурудгоҳи Тифлис боздошт шуд. Ӯро баъди чанд соати боздошт ба Олмон пас фиристоданд.

21 август. ТВ “Сафо” аз эфир ғайб зад. Масъулонаш иддао карданд, ки мавҷи ин шабака дар моҳвораи Hotbird-ро барқасд аз Душанбе мезананд. “Тоҷиктелерадиоком” ин даъворо рад кард.

23 август. Як гурӯҳи шаҳрвандони тоҷик тоҷирони чиноии бозори Люблиноро ғорат карданд, вале ҳангоми фирор 16 миллион рубл пули рабудаашонро дар мошин “фаромӯш” карданд. Матбуоти Русия баъди боздошти ин гурӯҳ ин моҷароро “бемаънитарин ғорат” унвон кард.

24 август. Консепсияи пешазинтихоботии ИНИТ имзо шуд.

24 август. Youtube, ки аз се моҳ ба ин тараф аз тариқи бархе аз ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетӣ дар Тоҷикистон имконнопазир шуда буд, дубора фаъол шуд.

25 август. Академик Ҳамид Мансуров дар синни 88 аз дунё гузашт. Маъруфтарин табаби дардҳои меъдаи Тоҷикистон ро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд.


26 август. Youtube дар Тоҷикистон баъди 3 моҳ дубора дастрас шуд.

27 август. Гурӯҳе аз ҷонибдорони Зайд Саидов бо ташкили як флеш-моб ва сар додани кабӯтарҳо аз боми маркази тиҷоратии “Пойтахт” хостори озодии ӯ шуданд.

27 август. Дар Душанбе расми гушоиши нахустин мактаби ронандагии “АвтоСантал” дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон доир шуд.

28 август. Фармондеҳи артиши Покистон генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ бо як сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон омад

29 август. Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи Зайд Саидовро ба Додгоҳи олӣ фиристод.

29 август. Дар Ёвон корхонаи сементи ширкати чиноии Ҳауксин Ғаюр семент" ба кор сар кард.

29 август. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 6 ширкаткунандаи флеш-моб бо талаби озодии Зайд Саидов, бо шумули Маҳмудҷон Қосимов, муовини раиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав, чор писари Зайд Саидов – Хайрулло, Хусрав ва Хуршед Саидовҳо, Муҳаммадиқболи Зайд ва домоди онҳо Парвиз Хоҷаевро ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.


30 август. Дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қарор шуд, ки интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр доир карда шавад.

31 август. КМИРТ барои сабти номи ҳар номзад имзои 210 000 нафарро меъёр кард ва гуфт, имзоҳо бояд фақат аз дохили Тоҷикистон ҷамъоварӣ шаванд, на дар хориҷ.
XS
SM
MD
LG