Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон барои тасарруфи Кундуз ноком шуд


Ҳамлаи ҳамоҳангшудаи Толибон ба ҳадафи тасарруфи шаҳри муҳим ва стратегии Кундуз дар шимоли Афғонистон, ноком шудааст.

Тибқи иттилои мақомоти маҳаллии вилояти Кундуз, Толибон рӯзи ҷумъа ҳамлаи густурдаеро ба маркази шаш вулусволӣ ва маркази ин вилояти созмондеҳӣ карданд, вале ба шикаст рӯбарӯ шуданд.

Асадулло Умархел, волии Кундуз ба расонаҳо гуфт, ки Толибон ба маркази шаш вулусволӣ ва маркази вилояти Кундуз аз чанд тараф ҳамла карданд, вале дар натиҷаи муқовимати нерӯҳои амниятӣ, ба шикаст рӯбарӯ шуданд. Вай гуфт, ки дар ин ҳамлаи Толибон мардум ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ шуданд ва низоми зиндагӣ дар шаҳр ба ҳам хурдааст.

Дар ҳамин ҳол генерал Муҳаммадқасим Ҷангалбоғ, фармондеҳи амнияти вилояти Кундуз ба хабарнигорон гуфт, ки амалиёти Толибон ба зарари худи онҳо тамом шуд, чун дар ин амалиётт чиҳил тан аз онҳо кушта шуд ва даҳҳо тани дигарашон захм бардоштанд. Вай афзуд, ки ҳадафи Толибон ин буд, ки вилояти Кундузро дубора тасарруф намоянд, аммо нерӯҳои давлатӣ дар баробари онҳо муқовимат карданд ва барномаҳои душманро хусно намуданд."

Ин ҳамла сокинони ин шаҳрро, ки аз як сол ба ин тараф дар нооромӣ ба сар мебарад, нигарон кардааст. Як тан аз сокинони ин шаҳр бо номи Аҳмадуллоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ду рӯз ба ин тараф даргириҳои шадид дар вилояти Кундуз ҷараён дорад ва мардум хеле нигарон ҳастанд, ки Кундуз дигарбора суқут мекунад.

Як сокини дигар бо номи Шукрулло гуфт, ки аз ду рӯз ба ин тараф дар ноҳияҳо ва атрофи шаҳри Кундуз даргириҳои сахт идома дорад ва Кундуз дар ҳолати муҳосира ба сар мебарад ва агар ба зудтарин фурсат ба ин вилоят нерӯ фиристода нашавад, мумкин аст Кундуз ба дасти Толибон биафтад. Ин сокинон мегӯянд, ки агар вазъияти ба ҳамин сон идома кунад, эҳтимоли такрори ҳодисаҳои авохири сентябри соли гузашта, вуҷуд дорад.

Даргириҳои шадид ҳамакнун миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дар шаш ноҳияи ин вилоят ва дар атрофи шаҳри Кундуз дар фосилаи ду километрии идома дорад ва садои тирандозӣ аз силоҳҳои сабук ва сангин дар дохили шаҳр ба гӯш мерасад.

Масъулони бемористони Кундуз мегӯянд, ки бар асари даргириҳои рӯзи гузашта беш аз 90 кушта ва захмӣ ба ин бемористон интиқол дода шуданд, ки аксари онҳо ғайринизомиён мебошанд. Муҳаммаднаъим Мангал, раиси ин бемористон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар миёни кушташудагон ду кӯдак низ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибони Афғонистон муаррифӣ мекунад, гуфтааст, ки дар ин амалиёт Толибон постгоҳҳои нерӯҳои давлатиро дар шоҳроҳи Кундуз-Тахор тасарруф кардаанд ва ҳамчунин ба нерӯҳои давлатӣ талафот ворид шудааст. Масъулони маҳаллии ин вилоят баста шудани шоҳроҳи Кундуз-Тахорро таъйид мекунанд, вале дар мавриди тасарруфи постгоҳҳои амниятӣ, ҷузъиёте ироа накарданд.

Давоми ҳафт моҳи ахир барои бори дувум аст, ки Толибон ба ҳадафи тасарруфи Кундуз, амалиёти густурдаеро роҳандозӣ мекунанд. Ҷангиёни Толибон рӯзи 28 сентябри соли гузашта маркази маъмурии вилояти Қундузро тасарруф карданд. Ба нирӯҳои давлатӣ танҳо баъди 3 рӯз ва бо ҷалби нирӯҳои ҳавоии НАТО муяссар шуд, то ин шаҳри муҳимро дубора ба даст биоранд. Дар ҷангҳои Қундуз ҳудуди 200 нафар аз нирӯҳои артишу пулис ва мардуми осоишта кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG