Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонҳо Тоҷикистонро мушкилкушои худ хондаанд


Пули "Дӯстӣ"миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар мавзеи Панҷи поёни ноҳияи Қумсангир.
Пули "Дӯстӣ"миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар мавзеи Панҷи поёни ноҳияи Қумсангир.

Тоҷикистон ягона кишваре дар Осиёи Миёни мебошад, ки мардуми афғон гуфтаанд, аз кӯмакҳояш барои бозсозӣ ва рушди Афғонистон огоҳанд.

Ин хулосаи як тадқиқоти созмони байналмилалии «Хазинаи Осиё» аст, ки 22-юми ноябр дар расонаҳо нашр шудааст.

Муаллифони назарпурсӣ ба мардуми афғон рӯйхати давлатҳои ҷаҳонро пешниҳод карда, пусидаанд, ки кадоме аз онҳо бо тарҳҳои худ дар бозсозии Афғонистон бештар нақш дорад. Як дарсади пурсидашудаҳо номи Тоҷикистонро гирифтаанд.

Дар доираи назарпурсӣ, ки 34 вилояти Афғонистонро фаро гирифтааст, ҳеҷ кадоме номи Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистонро нагирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки ширкати давлатии «Узбакистон темир йулларӣ», ягона роҳи оҳан ва муҳими стратегӣ миёни шаҳри Мазори Шариф ва Узбакистон бунёд кардааст.

Тибқи ин пурсиш, аз ҳама бештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба унвони кишвари саҳими тарҳҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон номбар гардидааст. Ҳудуди 35 дарсади пурсидашудаҳо номи Амрико ва 9 дарсад аз Олмону Ҷопон ёдоварӣ кардаанд. Ду дарсади мардуми Афғонистон кишварҳое мисли Бритониё,Чин, Эрон, Канад, Арабистони Саудӣ, Фаронса ва созмонҳои байналмилалиро номбар кардаанд, ки дар ҷараёни бозсозии вилояту навоҳии Афғонистон саҳм доштаанд.

Абдулло Аҳмадзай, намояндаи созмони «Хазинаи Осиёӣ» дар Афғонистон, гуфтааст, ки 75 дар сади пурсидашудаҳо бештар аз ноамнӣ, бекорӣ ва мизони аз ҳад беши фасоду ришва дар кишвари худ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Созмони «Хазинаи Осиёӣ» мегӯяд, дар ин пурсиш беш аз 6 ҳазор нафар, афроди ба сини балоғат расида иштирок кардаанд. Ин назарпурсӣ ҳамасола гузаронда шуда, дараҷаи ҳузур ва нақши кишварҳои ҷаҳон дар бозсозии иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистонро аз назари худи мардуми афғон муайян мекунад.
XS
SM
MD
LG