Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт зиндонӣ бо имзои президент Карзай қатл шуданд


Ҳашт тан аз зиндониёни маҳкум ба марг дар Афғонистон, эъдом шудаанд.

Раҳматуллоҳ Назарӣ, муовини Додситони кулли Афғонистон дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии "Озодӣ" гуфт, ин зиндониҳо ҷурмҳои вазнин, мисли куштор ва таҷовузи ҷинсиро содир кардаанд.

Ба гуфтаи муовини Додситони кулли Афғонистон, дархости бознигарии парвандаи ин зиндониён пештар аз сӯи Додгоҳи олии кишвар рад шуд ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон низ ҳукми ин афродро имзо карда буд.

Тибқи гузоришҳо, пас аз суқути режими Толибон дар авохири соли 2001, ҳукми қатл дар Афғонистон ба таври бесобиқа татбиқ шудааст. Ба гуфтаи огоҳони умури афғон, муҷозот нашудани ҷинояткорон, боиси афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар ин кишвар шудааст.

Тибқи қавонини Афғонистон, агар як гунаҳкор аз сӯи додгоҳҳои сегона дар ин кишвар ба қатл маҳкум шавад, то замони имзои раиси ҷумҳури ин кишвар, ҳукми эъдомаш анҷом намешавад. Гуфта мешавад, ки раиси ҷумҳур Карзай ба осонӣ ба ҳукми эъдомро имзо намегузорад.

Созмонҳои ҳуқуқи башар низоми адлия ва қазоии Афғонистонро олуда ба фасод медонанд ва мегӯянд, ки эътирофи гуноҳи зиндониён ғолибан зери фишор ё шиканҷа гирифта мешавад. Аммо Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, ки қатли ҳашт тан аз гунаҳкорон пас аз баррасиҳои тулонии додгоҳӣ сурат гирифтааст.

Аммо созмони Афви байналмилал бо пахши як изҳорот аз раиси ҷумҳури Афғонистон даъват кардааст, ки татбиқи ҳукми қатлро дар кишвар қатъ кунад.
XS
SM
MD
LG