Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши "таърихӣ" барои мубориза бо тағйироти иқлим


Кишварҳои дунё барои нахустин бор дар таърих барои мубориза бо тағйироти иқлим, ба созиш расиданд. Ин тавофуқ рӯзи 12 декабр дар Порис ба даст омад.

Наздик ба 200 кишвари дунён барои нахустин бор дар таърих барои мубориза бо тағйироти иқлимӣ, ба созиш расиданд. Ин созиши таърихӣ рӯзи шанбеи 12 декабр ва пас аз ҳудуди ду ҳафта музокироти сахт дар Порис -- пойтахти Фаронса ба даст омад. Бар пояи ин тавофуқ, ҳамаи кишварҳо муваззаф шуданд, ки тавлиди газҳои гулхонаиро коҳиш диҳанд. Ҳамчунин мизони афзоиши гармии замин то соли 2100 бояд зери ду дараҷа боқӣ бимонад.

Пас аз он ки Лорен Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса ва раиси нишаст дастёбӣ ба ин тавофуқро эълон кард, ҳайати ҳозир ва сарони кишварҳои ҷаҳон ҳамдигарро дар оғӯш гирифтанд ва аз шодиву хурсандӣ фарёд заданд. Ин конфронс бояд 11 декабр ба поён мерасид, вале ҳайатҳои музокира онро як рӯзи дигар тамдид карданд ва тамоми шаб ба таҳияи пешнависи мувофиқатнома машғул буданд.

Вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керри дар вокунш ба ин тавофуқ гуфтааст, ки "ин як пирӯзӣ барои тамоми замин ва наслҳои оянда аст." Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико низ дар "Твиттер"-и худ аз тавофуқи Порис ба унвони ҳодисаи бузург ном бурд. Давид Камерун, нахуствазири Бритониё низ гуфтааст, ки тавофуқи Порис "қадаме баланд барои ояндаи замин" аст.

Афзоиш наёфтани рушди гармии ҳавои кураи замин, яке аз хостаҳои асосии кишварҳое буд, ки ба хатари афзоиши сатҳи обҳои ҷаҳон рӯбарӯ мебошанд. Кишварҳои ҷаҳон ҳамчунин ваъда супурданд, ки байни солҳои байни солҳои 2010-2050 мизони партоби газҳои гулхонаиро, ки ба фаъолияти инсонҳо вобаста аст, коҳиш бидиҳанд. Аз назари илмӣ, расидан ба ин ҳадаф ба ин маънӣ аст, ки кишварҳои мухталиф бояд партоби газҳои гулхонаиро, ки бештар бар асари сухтани нафт, газ ва ангиштсанг аст, дар нимаи дувуми қарни 21 мутаваққиф кунанд.

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ, низ ки дар нишасти Порис ҳузур дошт, гуфт, "таърих ин рӯзро ёд хоҳад кард."

Намояндагони тақрибан 195 кишвар дар музокироти Порис ширкат ҷустанд. Протоколи Киото дар бораи иқлим соли 1997 аз тарафи кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ба имзо расид, вале он ҳеҷ гоҳ дар СММ ба тасвиб нарасида буд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар суханронӣ дар оғози конфаронси муҳитизистии Порис шоми 30 ноябр гуфт, ки обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфта буд, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст.

XS
SM
MD
LG