Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тоҷикистон аз дурбини Николас Виллауме


Дар осорхонаи милии Тоҷикистон намоиши аксҳои аккоси фаронсавӣ Николас Виллауме, раҳбари созмони ғайридавлатии Conversations du Monde идома дорад.

Ин нахустин намоишгоҳи Николас Виллауме дар кишварҳои Осиёи марказӣ аст, ки то 15 октябр идома хоҳад кард. Дар ин намоишгоҳ бештар аз 100 акс ва наворҳои видеоӣ аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.

Дар намоишгоҳи мазкур аксҳо аз вобастагии инсону табиат ва натиҷаи ин муносибат қисса мекунанд. Бар изофаи акси табиати манотиқи мухталифи Тоҷикистон чеҳра ва шуғли мардуми он минтақаҳо низ ба намоиш омадааст.

Ҷаноби Виллауме барои таҳия ва созмон додани маводи намоишгоҳи «Боғи умед» се сол заҳмат кашида ва се дафъа ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ дар ин сафарҳо ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон ҳудуди 50 ҳазор доллар харҷ кардааст.

Масъулони Осорхонаи миллии Тоҷикистон мегуянд, намоиши аксҳои Николас Виллаумеро ибтидо дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон баргузор кунанд. Ҳамчунин худи Виллауме тасмим дорад, намоиши аксҳои тоҷикиситонии худро дар Русия ва кишварҳои дигари Аврупо доир кунад.

Ҳамоиши "Боғи умед"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00
XS
SM
MD
LG