Пайвандҳои дастрасӣ

Cармураббии “Локомотив”: Ватани ман Тоҷикистон аст ва хеле дӯсташ дорам


Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко сармураббии “Локомотив”-и Маскав таъин шуд. Ӯ севумин намояндаи футболи тоҷик аст, ки сармурабии ин тими маъруфи футболи Русия мешавад.

Президенти тими футболи “Локомотив”-и Маскав Олга Смородская рӯзи 3 июн эълон кард, ки Игор Черевченко, ки то ҳол иҷрокунандаи вазифаи сармураббии ин тим буд, расман сармураббӣ таъин мешавад. Олга Смородская гуфт, “метавонам расман изҳор кунам, ки сармураббии нави “Локомотив” Игор Черевченко мешавад. Мо ба зудӣ бо ӯ қарордод имзо мекунем ва ӯ дастаро барои мавсими оянда омода хоҳад кард.”

Игор Черевченкои 40-сола дар ҳоле сармураббии “Локомотив” интихоб шуд, ки ӯ дар рухсатист ва бо сафаре дар зодгоҳаш – Тоҷикистон – қарор доштааст. Сухангӯи даста Олег Бодров гуфтааст, ҳадафи сафари Черевченко ба Тоҷикистон ширкат дар омода кардани як мусобиқаи анъанавӣ байни дастаҳои футболи кӯдакон аст ва баъди бозгашташ ба Маскав “Локомотив” бо вай қарордоди расмӣ имзо мекунад.

Дар бошгоҳи тими миллии Тоҷикистон дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор рӯзи 3 июн ба Озодӣ гуфтанд, ки Игор Черевченко рӯзи 31 май барои баргузории мусобиқае ба хотири падараш Геннадий Черевченко, футболбози маъруф ва капитани дастаи “Помир”-и Душанбе омада буд ва ин мусобақа аллакай ҷамъбаст шудааст ва Черевченко рӯзи 4 июн ба Маскав бармегардад.

Фаридун Солиев, сухангӯи Федеросиюни футболи Тоҷикистон гуфт, ӯ аз инки як дастпарвари футболи тоҷик ба ин мақом расидааст, хеле хушнуд аст: "Рӯзи 3 июн дар майдони сунъии варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи мини-футбол байни дастаҳои кӯдакон бахшида ба хотираи падари ӯ Геннадий Черевченко бо пирӯзии дастаи "Авиатор" анҷом ёфт. Игор Черевченко ба ҳамин хотир чанд рӯз боз дар инҷо буд ва бо худ тӯҳфаҳои зиёд овард. Аз ҷумла ӯ ба бозигарони беҳтарини мусобиқа футболкаҳо бо имзои футболбозони "Локомотив"-ро тақдим кард."

Фаридун Солиев аз як паҳлуи дигари инсонӣ дар рафтори Игор Черевченко ҳам ситоиш кард: "Игор Черевченко ба Тоҷикистон алоқаи хоса дорад. Ҳар сол меояд ва мазори бобою бибӣ ва наздикони дигараш дар Қумсангирро ҳатман зиёрат мекунад."

Игор Черевченко 21 августи соли 1974 дар ноҳияи Қумсангир ба дунё омада, баъди ба "Помир" даъват шудани падараш аз дастаи ноҳиявӣ дар Душанбе ба камол расидааст. Игор Черевченко мисли падараш дар хатти ҳимоят бозӣ мекард ва собиқаи футболбозиашро соли 1992 дар дастаи “Помир”-и Душанбе оғоз кардааст.

Игор Черевченко то соли 1994 дар “Помир” бозӣ кард ва ду сол – солҳои 1993 -1994 узви тими миллии Тоҷикистон буд. Баъди кӯчидан ба Русия муддате дар лигаи дуюм дар ҳайъати “Индустрия”-и Обнинск бозӣ кард, вале ҳунарнамоии хубаш дар хатти дифоъ ӯро хеле зуд ба лигаи олӣ буд. Черевченко аз соли 1996 то 2001 ӯ дар ҳайати “Локомотив”-и Маскав ва баъдан дар “Торпедо”-и Маскав ва “Алания”-и Владикавказ бозӣ кард. Ӯ баъди анҷоми бозӣ аз соли 2008 ба ҳайси мураббӣ дар “Локомотив” кор мекунад.

Дар соли 2014 Игор Черевченко як муддат иҷрокунандаи вазифаи сармураббии ин даста буд, вале раҳбарияти “Локомотив” дар ниҳоят бо мураббии серб Миодраг Божович қарордод баст. Божович дар моҳи апрели соли 2015, дар пайи чанд нокомии пуштиҳами даста истеъфо дод ва Черевченко бори дуюм иҷрокунандаи вазифа шуд.

“Локомотив” таҳти раҳбарии ӯ инбор ба комёбиҳое ноил шуд ва аз ҷумла моҳи май Ҷоми футболи Русияро ба даст овард. Шореҳони футбол мегӯянд, ҳамин комёбӣ ва ҳам муносибати хуби ӯ бо бозигарони “Локомотив” сабаб шуд, ки соҳибони даста ин бор ҳам аз берун сармураббӣ наҷӯянд. Ба қавле, “ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем.”

Матбуоти Русия менависад, Черевченко дар мубориза барои мақоми раҳбарии “Локомотив” бар рақибони пурқуввате, чун сармураббии собиқи “Спартак”-и Маскав Валерий Карпин, баранда шудааст.

Черевченко аллакай сеюмин намояндаи футболи тоҷик аст, ки ба мақоми сармураббии тими “Локомотив”-и Маскав менишинад. 21 сол - дар фосилаи байни солҳои 1986-2010 бо ду фосила дар байн - бар ин

Рашид Раҳимов, дастпарварди дигари футболи тоҷик чанд сол сармураббии "Локомотив" буд.

Рашид Раҳимов, дастпарварди дигари футболи тоҷик чанд сол сармураббии "Локомотив" буд.

даста сармураббии собиқи “Помир” Юрий Семин раҳбарӣ мекард ва он давраи даврони тилоии “Локомотив” гуфта мешавад. Тайи ду сол – дар солҳои 2008-2009- вазифаи сармураббигии “Локомотив”-ро дастпарвари дигари “Помир”-и Душанбе Рашид Раҳимов бар ӯҳда дошт.

Бо вуҷуди гузаштани ду даҳсола аз кӯчидани Черевченко аз Тоҷикистон ӯ муҳаббаташ ба зодгоҳи худро гум накардааст ва мегӯяд, ҳатто забони тоҷикиро низ ҳанӯз фаромӯш накардааст.

Ӯ моҳе пеш дар мусоҳиба бо “Спорт-Экспресс”, як рӯзномаи варзишии чопи Маскав гуфт, танҳо ҷанги шаҳрвандӣ боис шуд, киӯву хонаводааш тарки зодгоҳ кунанд. Дар посух ба ин суол, ки оё Тоҷикистонро Ватани худ мешуморад, Черевчеко гуфт: “Албатта. Ман охир дар ҳамонҷо ба дунё омадам. Ман ба ҳар сурат Тоҷикистонро дӯст медорам. Аз рӯи табиаташ ин мисли як Швейтсария дар қораи Осиёст. Ҳам кӯҳ дорад, ҳам дарёву чаман, Хеле зебост. Агар Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ намепошид, ман барои зиндагӣ дар ҳамон ҷо мемондам.”

Игор Черевченко дар ин мусоҳиба ҳамчунин гуфтааст, дар мактаб забони тоҷикиро омӯхта буд “ва вақте онҷо зиндагӣ мекардам, мефаҳмидам. Ҳоло кам-кам фаромӯш мекунам. Забондонӣ чизи хуб аст. Ёд дорам, дар Ҷоми Осиё дар Теҳрон бозӣ мекардем. Бо як дӯстам бозор рафтам. Ӯ кабудчашму симояш комилан аврупоӣ буд ва ба тоҷик ё эронӣ шабоҳат надошт. Вақте дӯстам ба форсӣ сӯҳбат кардем, фурӯшандаҳо даҳонашон воз монд ва нархашонро барои мо хеле арзон карданд.”

Тибқи қоидаҳои ФИФА, бозигаре ки дар ҳайати тими миллии як кишвар бозӣ кардааст, дигар ҳаққи бозӣ дар тими кишвари дигарро надорад.

Черевченко гуфтааст, ду сол бозиаш дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон боис шуд, ки бо вуҷуди даъвати ҳам сармураббиёни вақти тими миллии Русия Анатолий Бишоветс ва ҳам Борис Игнатев ба тими Русия роҳ наёфт. Аммо ӯ гуфтааст, ҳарчанд хеле мехост дар тими миллии Русия бозӣ кунад, боз ҳам аз ҳунарнамоияш дар тими миллии Тоҷикистон чандон пушаймон нест: “Ман аз номи кишвари азизам бозӣ кардам. Ва ин дар ҳар сурат кори хуб аст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG