Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе нишасте баргузор шуд, ки баъзе ширкатдоронаш ба дур шудани Тоҷикистон аз мадори сиёсии Русия ва рӯ оварданаш ба самти Чин ишора карданд.

Баъзе аз ширкатдорон дар нишасте дар шаҳри Душанбе, ба дур шудани Тоҷикистон аз мадори сиёсии Русия ва рӯ оварданаш ба самти Чин ишора карданд. Ин нишаст, ки “Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони истиқлол” унвон гиртфта буд, бештар ҷамъомадеро мемонд, ки баъзе меҳмононаш ба гунае Тоҷикистонро ба ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди АвроОсиёи таҳти назари Русия таҳрик медоданд. Ин нишаст 11 сентябр бо иштирок коршиносони дохиливу хориҷӣ, намояндагони баъзе сафоратҳои кишварҳои узви Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ дар Душанбе баргузор шуд. Ба назари баъзе иштирокдорони нишаст, Тоҷикистон дар ҳоле ба абарқудрати дигари минтақавӣ -- Чин наздиктар шудааст, ки як миллион шаҳрванди бекори кишвар дар Русия ҷойи кор ёфтаанд.

Аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ то ба ҳол Қазоқистон ва Қирғизистон ба Созмони АвроОсиёи Путин ҳамроҳ шудаанд ва акнун чашм сӯи Тоҷикистон дӯхтаанд, ки ин кишвар чӣ тасмим мегирад. Тоҷикистон мегӯяд, ки мавқеъи худро дар бораи узвият ба ин созмон мушаххас накардааст, зеро таҳлилҳо бохти молии узвият дар ин ташкилотро аз бурди он бештар мебинанд. Аммо бисёри таҳлилгарон бовар дорад, ки дер ё зуд ва ё ба хубӣ ё ба гандагӣ Тоҷикистонро ба ин созмон ҳамроҳ мекунанд.

Сафири Қазоқистон, дар ҳамоиши “Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони истиқлол” гуфт, ки Тоҷикистон дар муносибат бо созмонҳои минтақавӣ, бахусус тарҳи иқтисодии “Роҳи абрешим”-и Чин ва Иттиҳодияи кишварҳои Авруосиё тавозунро риоя намекунад. Агибай Смагулов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон бо такя ба нашрияҳои давлатии Тоҷикистон гуфт, ки “матбуоти Тоҷикстон масъалаи эҳёи камарбанди иқтисоди “Роҳи абрешим”-ро нисбат ба Иттиҳодияи Авруосиё бештар бозтоб мекунанд, дар ҳоле ки ҳар ду тарҳ ба нафъи кишварҳои минтақа ва аз ҷумла Тоҷикистон мебошанд.”

Чунин мавзеъгирии сафири Қазоқистон ба вокуниши масъулони Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд, ки гуфтанд, Тоҷикистон беҳтар медонад, ки кадом тарҳ ба манфиати миллиаш созгор аст. Абдулло Раҳнамо, як масъули Маркази мутолеоти стратегии назди президенти Тоҷикистон

Абдуллоҳи Раҳнамо

Абдуллоҳи Раҳнамо

гуфт, "мебинам, ки бисёре аз коршиносон хусусан дар сатҳи матбуотӣ ҳамеша сиёсти хориҷии Тоҷикистонро зери солу мегузоранд, ки мавқеи мо дар ин ё он самт чист. Сиёсати Тоҷикистон ҳавоӣ набуда, балки як сиёсати усулманди дорои принсипҳои муайяни коркардшуда аст ва ҷойи савол надорад."

Бо вуҷуди ин иддае аз сиёсматдонон ва таҳлилгарони тоҷик устувор будани сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба чолиш кашидаанд. Абдунабӣ Сатторзода, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сиёсатшиноси тоҷик бар ин аст, ки аз ин баъд Тоҷикистон бояд барои муайян кардани сиёсати хориҷияш таъсири омилҳои берунаро кам кунад. Зеро аз нигоҳи ӯ, чунин вобастагӣ бештар метавонад натанҳо ба манфиатҳои миллӣ таъсиргузор бошад, балки эҳтимоли хатар ба истиқлоли сиёсиро ба вуҷуд меорад.“

Сатторзода бо ишора ба манофеи геополитикии кишварҳои қудратманде, ҳамчун Амрико, Чин ва Русия гуфт, ки таъсири кишварҳои дигар ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд ҳадди муайян дошта бошад ва меъёри асосии муйянкунандаи ин марз, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бошад.

Аммо Музаффар Олимов, таҳлилгари Маркази назарсанҷии “Шарқ” мегӯяд, Тоҷикистон ҳанӯз дар он сатҳе нест, ки худро муқобили кишварҳои абарқудрат қарор бидиҳад. Ҷаноби Олимов афзуд, қабл аз матраҳ кардани чунин пешниҳодҳо бояд имконоти иқтисодии Тоҷикистонро ба назар гирифт.

“Тоҷикистон дар минатқа аз кишварҳое нест, ки битавонад тамоман вобаста набошад. Масалан, аз лиҳози ҷуғрофӣ аллакай мушкилоти зиёд дорад ва то як андоза баъзе кишварҳои анкалавро ёд меорад. Мушкилотҳои амниятии минтақа ҳамчун омил ба таври мустақил ба роҳ мондани сиёсати Тоҷикистон таъсир дорад. Аз ин лиҳоз, яктарафа будан ба манфиат нест, балки аз кадом кишваре, ки ба мо кӯмак шавад ва пешниҳодҳои онҳо агар ба манфиати миллии мо созгор бошад, мо бояд аз онҳо истифода барем” - гуфт таҳлилгари Маркази "Шарқ"

Ҷаноби Олимов баръакс пешниҳод дорад, ки Тоҷикистон ҳаддалимкон аз сиёсати дарҳои боз кор бигирад ва аз кишварҳое, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои хуб доранд, сарфи назар накунад.

Музаффар Олимов

Музаффар Олимов

Зимнан, баҳсу баррасиҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон солҳо боз аз сиёсати дарҳои боз кор гирифтааст ва бо вуҷуди пасу баланд шудани шиддати муборизаҳои геополитикӣ равобити хубро бо ҳамаи давлатҳои манфиъатдор дар минтақа ба роҳ мондааст. Равише, ки онро шарики стратегии Тоҷикистон - Русия хуш надорад. Аммо сарфи назар аз мавқеъи Русия дар масоили ҷаҳон ва минтақа Тоҷикистон, на мустақилияти баъзе қаламравҳои Гурҷистонро эътироф кард ва на аз бархӯрди Русия дар қиболи Украина пуштибонӣ намуд.

Равобити дипломатии Тоҷикистон бо ҷаҳони берунӣ бо касби истиқлоли ин кишвар дар соли 1992 барқарор шуд ва ҳамакнун ин давлати хурде дар Осиё Марказӣ бо беш аз 100 кишвари дунё муносибатҳоро ба роҳ мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG