Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон Қирғизистонро гунаҳкори муноқиша хонд


Дар қисматҳое аз марзи Суғду Ботканд ҷанҷол гоҳ гоҳ такрор мешавад.

Дар қисматҳое аз марзи Суғду Ботканд ҷанҷол гоҳ гоҳ такрор мешавад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, низоъ байни марзбонони тоҷику қирғиз ба айби мақомоти кишвари ҳамсоя сар задааст, на баръакс.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, муноқиша дар марз бо Қирғизистон бо гуноҳи марзбонони кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ пайвастааст ва ин гуна рафтор мояи нигаронии ҷиддист. Дар баёнияи катбие, ки шоми шанбе дар торнамои вазорати умури хориҷӣ нашр шуд, омадааст, ки “намоиши зӯр ва истифода аз он роҳи ҳалли масоили умда нест” ва чунин амалкарди тарафи Қирғизистон “баръакс сабаби эҷоди халал дар равобити дустона ва бародаронаи ду миллату ду кишвар” мешавад.

Рӯзи шанбе бар асари муноқиша байни марзбонони тоҷику қирғиз дар наздикии рустои Хоҷа Аъло дар ноҳияи Исфара 8 нафар, аз ҷумла ду марзбони тоҷик, 5 ҳамтои қирғизи онҳо ва як маъмури милисаи Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд. Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, иддаоҳои мақомоти Қирғизистон рад мешавад, ки гуфтаанд, муноқиша бо айби марзбонони тоҷик сар зад, ки то ба дохили қаламрави онҳо рафта ва бо сарҳадбонони Қирғизистон даъво кардаанд.

Аз ин пеш Адибек Набиев, сардори бахши дифоъу амният дар ҳукумати вилояти Бодканди Қирғизистон гуфт: “Вақте бетартибиҳо шурӯъ шуд, мо нерӯҳои изофиро ба маҳалли ҳодиса фиристодем. Вазъ ҳоло ором аст ва марзбонон гуфтугӯ мекунанд. Сарҳадбонони тоҷик то ба назди обанбор омада буданд, баҳс дар ин ҷо боло гирифт ва сардори нерӯҳои махсус аз тарафи Тоҷикистон ба шиками сардори отряди мо тир андохт.”

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки бар хилофи тавофуқи Кумиссиёни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар аз рӯзи 7 январ, ки бояд корҳо барои бунёди роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдик қатъ шавад, рӯзи 11 январ мақомоти Қирғизистон бо ҳимояти сарбозон хостанд, бунёди роҳеро, ки қисме аз он хоки Тоҷикистон мегузарад, идома бидиҳанд. Марзбонони тоҷик баъди мушоҳидаи нақзи сарҳади Тоҷикистон аз коргарону нерӯҳои низомии ҳамсоякишвар хостаанд, то корҳоро қатъ кунанд, аммо ба гуфтаи вазорат, дар посух ба ин даъват, гурӯҳи 20 нафарии марзбонони қирғиз аввал ҳамтоёни тоҷики худро дашном дода, сипас бе ҳеҷ огаҳӣ ба сӯи онҳо тир андохта ду нафарашонро маҷрӯҳ кардаанд.

Ба гуфтаи вазорати умури хориҷӣ, марзбонони тоҷик маҷбур шуданд барои ҳифзи ҷони худ оташи ҷавоби кушоянд. Дар идомаи баёния омадааст, ки соати 12:20 гурӯҳе аз марзбонии Қирғизистон дар ҳудуди ҷамоати Овчи-Қалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ наздик омада ва аз сарҳадбонони тоҷик хостаанд, ки посгоҳи марзиашонро бардоранд. Ҳадаф аз ин дархост, оғози сохтмони роҳи мошингарди Кулунду-Мақсад будааст, ки Қирғизистон мехоҳад бисозад. Муноқиша дар марз ду рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки намояндагони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, барои ҷилавгирӣ аз муноқишаҳои эҳтимолӣ дар ин қисмати ҷанҷолии марз гурӯҳҳои муштараки гаштзанӣ фаъолият кунанд.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҚАЗИЯРО БАРРАСӢ КАРДААСТ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон муноқиша дар марзро бо Давронҷон Зоҳидов, раиси шаҳри Исфара баррасӣ карда ва гуфтааст, ки ҳамаи сохторҳои марбута барои ҳалли ин масъала сафарбар шудаанд. Муртазо Эгамов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким дар кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Давронҷон Зоҳидов ва Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд зимни мулоқот бо сокинони деҳаи Чоркӯҳ дар мавзеъи Лаби дарё, онҳоро ба оромӣ ва хештандорӣ даъват кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, Ҷумъабой Сангинов дар мулоқот гуфтааст, ки Тоҷикистон “як сантиметр марзи худро ба касе намедиҳад ва аз манфиатҳои милливу ватан гузашт намекунад.”

Муртазо Эгамов гуфт, ки раҳбарони ноҳия ва вилоят аз мардум хостаанд, ки ба “дасиса дода нашаванд” ва оромиву суботро дар минтақа нигаҳ доранд. Ба қавли ӯ, гузоришҳо дар бораи онки сокинони Чоркӯҳ аз тарс хонаҳояшонро тарк мекунанд, асосе надорад, вале баъзе аз сокинон, бахусус хонаводаҳое, ки наздик ба маҳалли тирандозӣ зиндагӣ мекарданд, барои эҳтиёт ба дохили русто рафтаанд.

ВАЗЪ ДАР МАҲАЛ ОРОМ ШУД

Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло мегӯянд, ки бегоҳи 11-уми январ вазъ дар маҳали низоъ вазъ зоҳиран орому роҳи Исфара - Ворух низ боз аст. Собир Сафаров, сокини ин деҳа ба Озодӣ гуфт, бегоҳӣ раис ва додситони ноҳияи Исфара барои аз назар гузаронидан ба маҳали ҳодиса рафтанд ва бо сокинон сӯҳбат карда, онҳоро ба оромиву хештандорӣ даъват карданд.

Як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло, ки дар канори ин маҳал дар замони даргирӣ байни сарҳадбонҳои тоҷику қирғиз ҳузур доштааст ва худро Насим Соҳибов муаррифӣ кард, ба "Озодӣ" гуфт, даргирӣ байни сарҳадбонҳои тоҷику қирғиз замоне сар зад, ки марзбонҳои тоҷик аз посгоҳи нав гузоштани қирғизҳо дар канори деҳаи Хоҷаи Аъло, наздик ба мавзее, ки қирғизҳо бидуни иҷозаи Тоҷикистон қисман аз қаламрави ин кишвар роҳи алтернативӣ месозанд, эътироз карданд. Дар посух марзбонҳои қирғиз носазо гуфта, ба таври ногаҳонӣ сӯи марзбонҳои тоҷик аз аслиҳаи худ оташ кушоданд. Баъд аз он сарҳадбонҳои тоҷик низ ба хотири дифои худ даст ба аслиҳа бурданд.

Манотиқи марзии Суғд бо вилояти Ботканди Қирғизистон, ки ҳанӯз аломатгузорӣ нашудаанд, аз минтақаҳои ҳассос ва ҷанҷолбарангези байни Тоҷикистону Қирғизистон арзёбӣ мешавад. Ҳарчанд сокинони ду тараф дар инҷо борҳо барои обу замину чарогоҳ ҷанҷол кардаанд, вале тайи солҳои ахир чунин муноқишаи ҷиддӣ байни марзбонони ду кишвар мушоҳида нашуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG