Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки АвруОсиёии Рушд мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон ният дорад, барои пур кардани буҷааш дар соли нав то якуним миллиард сомонӣ, баробар ба 200 миллион доллар, аз хориҷа қарз бигирад.

Бонки АвруОсиёии Рушд мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон ба хотири пур кардани қисмати даромади буҷааш дар соли 2016-ум то якуним миллиард сомонӣ, баробар ба 200 миллион доллар аз хориҷа қарз хоҳад гирифт. Дар ин бора дар гузориши нави Бонки АвруОсиёии Рушд, ки 31 декабри соли 2015 нашр шуд, таъкид шудааст. Ба иттилои ин бонк, давлати Тоҷикистон ният дорад қарзи навро ба амалисозии тарҳои иҷтимоиву иқтисодӣ сарф кунад.

Ба қавли муаллифон, ин тасмимро мақомоти Тоҷикистон дар пайи то 66 дарсад (ҷамъбасти моҳи сентябри соли 2015) коҳиш ёфтани ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик аз Русия ва уфти нархи ду маҳсулоти асосии содиротии кишвар - пахта ва алюминиюм - дар бозорҳои ҷаҳонӣ рӯи даст гирифтаанд. Вале ба навиштаи гузоришгарон, ҷалби боз 200 миллион доллар қарзи хориҷӣ аз сӯи давлат мизони бе ин ҳам баланди сатҳи қарзи хориҷиро боз ҳам бештар мекунад.

Дар аввали соли гузашта қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2,1 миллиард доллар баробар буд ва баъдан дар моҳи октябр Вазорати молияи кишвар эълон кард, ки ҳаҷми вомҳои хориҷии Тоҷикистон то 50 миллион доллар камтар шудааст. Ба таъкиди гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд, бе ҳисоби ҷалби 200 миллион доллар қарзи нав, ки Тоҷикистон мехоҳад аз хориҷа бигирад, вомҳои кишвар ба 19,5 дарсади кулли Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баробар шудаанд.

Бино ба арзёбии иқтисоддонҳои Бонки АвруОсиёии рушд, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2015 рушди 4,6 дарсадӣ доштааст. Аммо бинобар пешбинии иқтисоддонҳои ин бонк дар соли 2016 низ ММД-и Тоҷикистон рушди чашмгире нахоҳад дошт ва дар сатҳи 5 дарсад қарор хоҳад гирифт. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон то соли гузаштаи 2015 маъмулан рушди 7-8 дарсадӣ дошт.

Дар ҳоли ҳозир қарздиҳандагони аслии давлати Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд ва Бонки Осиёии Рушд ҳастанд. Қарзи Душанбе танҳо аз Пекин алакай аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст, ки ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудаанд.

Бар илова, Пекин ба Душанбе барои се соли оянда ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигар додааст, ки нисфаш барои сохтани 400 километр бахши тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин ихтисос дода хоҳад шуд. Ҳамин тавр, дар моҳи сентябри соли гузашта бонки давлатии Чин бо имзои як қарордод бо Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳифзи қурби пули сомонӣ 3,2 миллиард юан, муодили тақрибан 500 миллион доллар ёрии иқтисодӣ ҷудо кард.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Чин дар як марҳилаи хеле душвор дасти Душанберо гирифт ва дар иҷрои тарҳҳои муҳиме ҳамдастӣ кард. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали Бонки миллии Тоҷикистон ҳам дар мусоҳибаи як сол пешаш (он замон муовини вазири молия буд) гуфта буд, дар Душанбе нигарониҳо аз имкони афзоиши вобастагии кишвараш аз Чинро дарк мекунанд, вале барои рафъи оқибатҳои рукуди иқтисодии Русия ба сармоя сахт ниёз доранд. Ба гуфтаи ӯ, Душанбе марзи ниҳоияш дар рӯи экспансияи Чинро хоҳад кашид, “вале на имрӯз. Мо бояд як рискро бо риски дигар мутавозин кунем.”

Парлумони Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2015 тарҳи қонуни буҷаи соли 2016-ро тасвиб кард, ки ҳаҷмаш ба 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ мерасад ва дар муқоиса ба буҷаи соли гузашта 3 миллиард сомонӣ зиёдтар аст. Ин тасмими парлумон бо вокуниши тунди иқтисоддонҳо рӯбарӯ шуд ва онҳо то 19 дарсад афзудани ҳаҷми буҷаи давлатии соли ҷории Тоҷикистонро дар шароити бӯҳрони молиявӣ дардисарсоз хонданд.

Он замон вазири молия Абдусалом Қурбониён дар парлумон гуфт, ки Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ба ҳавзаи кишварҳои вазъи молиявиашон миёна ворид шуда ва аз ин ба баъд ба кишвар грант намедиҳанд. Ба ин хотир, гуфт ӯ, давлат ният дорад, дар соли нав 216 миллион доллар, соли 2017 271 миллион доллар ва соли 2018 104 миллион аз хориҷ қарз дарёфт кунад. Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, ин қарзҳо имтиёзнок буда аз 15 то 40 сол ба Тоҷикистон дода мешаванд ва фоизи ин қарзҳо аз 0,15 то 2 дарсади солона аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG