Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкаткунандагони як ҳамоиши байнулмилалӣ дар Душанбе ба ислоҳоти фаврии таркиби хӯроки аҳолӣ дар Тоҷикистон даъват карданд.

Даъват ба ислоҳи таркиби хӯрок ва намудҳои он дар ҳамоиши байнулмилалӣ дар Душанбе мисли бонги изтироб садо дод. Гуфта шуд, хӯроки аҳолӣ дар Тоҷикистон на танҳо ба одамон тавони пирӯзӣ ба бемориҳои гуногунро намедиҳад, балки худи ин ғизо дар таркибаш маҳсулоте дорад, ки сабаби бемориҳо мегардад.

7 апрел дар ин ҳамоиш ба муносибати рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ дар Душанбе Виорел Гутсу -- намояндаи Барномаи озуқавории Созмони Милал дар Тоҷикистон гуфт, ба таври фаврӣ гузарондани ислоҳот дар бахши бехатарии ғизо барои Тоҷикистон як амри ҳатмӣ ва ногузир аст. Ин дар ҳолест, ки масъулони Маркази ҷумҳуриявии ғизо мегӯянд, бар пояи як пажӯҳиш рӯшан шудааст, дастархони аҳолии Тоҷикистон номгӯи ками маҳсулоти озуқаро дар бар мегирад.

Ҳотамбек Хайров, раҳбари Маркази ҷумҳуриявии ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳамасола бо барномаҳои мушаххасе дар манотиқи гуногуни кишвар дар робита ба беҳдошти ғизо пажӯҳиш ва ё тадқиқоти илмӣ анҷом медиҳанд.

Ҳотамбек Хайров

Ҳотамбек Хайров

Ба қавли раиси Маркази ҷумҳуриявии ғизо дар Тоҷикистон, ғизои ҳам қишри доро ва ҳам нодори тоҷик камбуд дорад. “Дар оилаҳои сарватманд низ бемории қанд ва фишорбаландӣ зиёд дида мешавад, ки ин нишондиҳандаи хӯроки носолим аст,”-гуфт ӯ.

Малоҳат Тоштемирова, зани 32-солаи тоҷик, ки соҳиби 3 фарзанд ва фарзанди 4-умашро интизор аст, дар сӯҳбат ба мо гуфт, азбаски имкони ҳамеша истеъмол кардани ғизои хубро надорад, гирифтории бемории камхунӣ шудааст. Малоҳат худ дар ҷое кор намекунад ва шавҳараш дар яке аз ошхонаҳои Душанбе ошпаз аст.

Малоҳат меафзояд, сабзавоту мева хеле гаронанд ва ба ин далел онҳо на ҳамеша имкон доранд, ки меваю сабзавот ва ё гӯшт харидорӣ кунанд: “Субҳ маъмулан барои кӯдаконам каша омода мекунам ё ордбирён. Баъзан-баъзан тухму ҳасиб мепазам. Нисфирӯзӣ азбаски шавҳарам дар кор асту кӯдакон дар боғча, чизе омода намекунам.”

Нисо Одилова, сокини дигари Душанбе ба фарқ аз Малоҳат мегӯяд, ҳар чизе фарзандонаш хоҳанд, ҳамонро омода мекунад. Хонум Одилова афзуд, барои субҳона ордбирён ва тухм мепазад: “Барои ғизои шом гоҳо палав омода мекунам. Ману шавҳарам, ки бемор ҳастем, бештар ғизои обдор мехӯрем, аммо писаронам хӯрокҳои сахтро дӯст медоранд.” Ба қавли Нисо Одилова, имкони харидани меваву сабзавотро дошта, сабати истеъмолияш хуб аст.

Тавре гуфта мешавад, ҳамасола ҳудуди 2 миллион сокини сайёра, хусусан кӯдакон аз хӯрдани ғизои носолим мефавтанд. Дар Тоҷикистон ба иллати таъмин набудани бехатарии ғизо бемориҳои камхунӣ, фишорбаландӣ, диабети қанд ва ҷоғар бештар шудааст. Ҳамчунин 7 дарсади кӯдакони то 5-сола аз бемориҳои музмини шадид азият кашида, 21 дарсади дигар ба рушди нокифояти бадан рӯбарӯянд.

Дар баҳси таркиби хӯроки аҳолии Тоҷикистон намояндагони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Созмони ҷаҳонии бедҳошт, Барномаи хӯроквории Созмони Милал ширкат карданд.

Пурсиш аз сокинон: ба саломатии худ аҳамият медиҳед?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG