Пайвандҳои дастрасӣ

Бастани Фейсбук роҳи сайёҳонро ба Тоҷикистон низ баст


Як туристи австриягӣ дар Тоҷикистон.

Як туристи австриягӣ дар Тоҷикистон.

Баста шудани шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва торнамоҳои дигар ба рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон латма задааст.

Сомонаи «Tourism-review.com» рӯзи 10-уми декабр матлаберо ба чоп расонид, ки дар он омилҳои рушд накардани бахши туризм ва сайёҳат дар ин кишвар таҳлил шудаанд.

Ба навиштаи ин торнамо, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бахши рушдкардаи сайёҳӣ надошт ва ба ҳайси як кишвари дур аз бандарҳо аз захоири табиии зиёд низ бархӯрдор нест. Аммо зебоиҳои кӯҳҳои Помир ва баъзе аз имкониятҳои дигар, ба навиштаи ин манбаъ, метавонад ҷаҳонгардонро ба Тоҷикистон ҷалб кунад.

Сомона менависад, бо вуҷуди имкониятҳои рушднакарда дар ин бахш, қатъи иртиботот, аз ҷумла маҳдуд шудани шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дар ин авохир ва дар тобистони соли равон масдуд кардани як идда аз сомонаҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон, ба соҳаи туризми ин кишвар зарба задааст.

Аммо вокунишҳо ба ин матлаби сомонаи «Tourism-review.com» дар Тоҷикистон мухталифанд. Роҳбари яке аз ширкатҳои сайёҳӣ, ки аз ифшои номаш худдорӣ намуд гуфт, воқеан ҳам маҳдуд шудани шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ба фаъолияти онҳо таъсири манфӣ гузошт. Вай афзуд, албатта таъсири худро расонид. Алалхусус ба фаъолияти тарғиботии мо таъсири бад гузошт. Ҳама норозигии худро баён мекунанд. Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин самт кореро анҷом намедиҳад, бар замми ин боз «Фейсбук» баста мешавад. Чунин вазъро танҳо дар Тоҷикистон дидан мумкин аст.

Як сайёҳи украинӣ дар роҳ ба сӯи Бадахшон.

Як сайёҳи украинӣ дар роҳ ба сӯи Бадахшон.

Ба навиштаи ин сомонаи байналмилалӣ, бо масдуд шудани «Фейсбук», аксарияти ширкатҳои хурди сайёҳӣ аз ягона дастгоҳи таблиғии ройгони худ, ки онҳоро бо ҷаҳон мепайванд, маҳрум гаштанд.

Фирдавс Турақулов, роҳбари ширкати навтаъсиси «Зарафшонтревл» гуфт, дар воқеъ аксарияти ширкатҳо сомонаи худро надоранд ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғот мебаранд. Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, барои чунин ширкатҳо маҳдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ, агарчӣ муваққатӣ ҳам бошад, аммо зарари зиёд мерасонад: «Баъзе ширкатҳои сайёҳӣ худашонро ба воситаи «Фейсбук» реклама мекунанд. Чунки барои таъсиси сомонаи худ маблағи кофӣ надоранд. Барои чунин ширкатҳо будани шабакаҳое ба мисли «Фейсбук» хеле қуллай аст. Вале ман пеш аз ба фаъолият шурӯъ намудан, аввал сайти ширкатамонро таъсис додам, то ин ки дар чунин мавридҳо азоб накашем.»

Вале дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, бастани сомонаҳо, аз ҷумла «Фейсбук» ба соҳаи туризми кишвар ҳеҷ зиён нарасонидааст. Сардори раёсати туризми ин кумита Фаррух Иззатуллоев мегӯяд, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 170 00 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси турист дидан намудаанд, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 154 ҳазорро ташкил медод. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ҷаноби Иззатуллоев, «фейсбук ягона манбаи иттилоот нест. Сайёҳон метавонанд аз сомонаҳои дигар назири «Твиттер», «Майл ру» истифода баранд. Бар замми ин айни ҳол мавсими туристӣ ҷамъбаст шудагӣ аст. Аз моҳи ноябр то авали баҳор мавсими туристӣ дар Манзараҳои зебои Тоҷикистон сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд.

Манзараҳои зебои Тоҷикистон сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд.

Тоҷикистон нест. Ҳоло баръакс шаҳрвандони кишвар ба ҷойҳои гарм сафар мекунанд. Ва ҳолати номбурда барои туризм монеагӣ шуда наметавонад. Омор худ исботи он аст.»

Аммо соҳибназарон дар ин маврид ақидаи дигар доранд. Давлат Ҳабибов, раиси Анҷумани рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон гуфт, «дар дунё тариқи интернет ё дигар ВАО паҳн намудани иттилооти бад ва ё ин ки иттилооти начандон хуб оиди Тоҷикистон, ҳатман зарари худро мерасонад. На танҳо ба соҳаи туризм, ба обрӯи тамоми мамлакат. Чи қадар озодӣ зиёд ва ё имконияти дастрасӣ ба иттилоот бештар бошад, ҳамон қадар зиёд мешавад, чӣ қадар кам бошад, ҳамон қадар сафар ҳам кам мешавад.»

Дар ҳамин ҳол, сомонаи «Tourism-review.com» омили бастани шабакаи иҷтимоии «Фейсбук»-ро ба ҳадафи пешгирӣ аз инқилобҳои мушобеҳ ба "баҳори арабӣ" маънидод мекунад. Ҳатто худи ҳамин зовияи назар низ боис мешавад, ки ҷаҳонгардон Тоҷикистонро барои саёҳат интихоб накунанд ва ба кишвари дигаре бартарӣ диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG