Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъсиси "Синамо" дар пасманзари бӯҳрони филмсозӣ дар Тоҷикистон


Мунира Орзубекова, мухлиси филмҳои туркист.

Мунира Орзубекова, мухлиси филмҳои туркист.

Тоҷикистон мехоҳад, бо таъсиси як телевизион вижа, ки танҳо аз пахши филму сериалҳо иборат хоҳад буд, ба бозори пуррақобат ворид шавад.

Филми туркии “Ҳикматӣ зиндагӣ” дар ин чанд моҳи ахир ба як бахши зиндагии Мунира Орзубекова табдил шудааст. Телевизиони Мунира ҳамеша рӯшан аст ва ӯ корҳои хонаашро дар пасманзари тамошои сериалҳо анҷом медиҳад. Мусодираи батакрори сериалҳои туркӣ аз дискфурӯшиҳо ва мамнӯъ шудани пахшу тарҷумаи ин филмҳо натавонист, маҳбубияти онҳоро дар байни занҳои хонанишин кам кунад.

Аммо ба назар мерасад, ки филмҳои туркиву лотинӣ ба зудӣ бо ҳарифи тозае дар бозор рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Тоҷикистон дар пайи таъсиси шабакаи ҷадидест, ки вазифааш намоиши шабонарӯзии филмҳо мешавад. Шабакаи нав "Синамо" ном дорад ва қарор аст, то чанд моҳи дигар фаъол шавад.

Қарор аст, телевизиони нав аз авоили соли 2016 ба кор шурӯъ кунад. Бинои ин телевизион ва студиёи он қариб омода аст. Роҳбараш ҳам таъйин шуд. Ҳоло масъулин бо эълони озмун беш аз 100 муттахасиси соҳаи синамо ва телевизионро барои кор ба ин шабака даъват мекунанд. Дар аввали кор, телевизион аз филмҳои қадимии мавҷуд дар бойгонӣ истифода хоҳад кард. аммо баъдан шабака ба истеҳсоли филмҳои тоҷикӣ оғоз мекунад. Масъулини соҳаи синамо, таъсиси ин шабакаро такони ҷиддие дар рушди синамоӣ миллӣ унвон мекунанд.

Толиб Раҳматуллоев, муовини раҳбари киностудияи “Тоҷикфилм” мегӯяд, “пайдоиши ин телевизион ба пешрафти соҳаи синамо ва филмофарӣ як такони ҷиддӣ мебахшад. Ӯ мегӯяд, панҷ соли пеш шароит барои филмофарӣ мушкил буд, аммо ҳоло ҳукумат ин соҳаро дастгирӣ мекунад ва феълан “Тоҷикфилм” аз шароит ва техникаи зарурӣ барои офаридани филмҳои хуб бархурдор аст.

Телевизиони вижаи “Синамо” дар ҳоле ба фаъолият оғоз мекунад, ки ба бовари муттахассисон ба як рақобати шадид рӯ ба рӯ аст. Телевизионҳои маъруфе мисли GEM TV, бо силсилафилмҳои тарҷумашудаи туркиву ҳиндӣ доираи васеи тамошобинони тоҷикро ба худ ҷалб кардаанд.

Тамошобинони тоҷик аз сифат ва мӯҳтавои ин филмҳо ситоиш мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, хеле мехостанд, ки синамои тоҷик ҳам дар ин сатҳ филм офарад ва аз тариқи телевизион ба намоиш гузаорад. Аммо бисёре аз коршиносони соҳаи синамо, ба пешрафти ин гуна иқдомҳо хушбин нестанд.

Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон.

Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон.

Сафар Ҳақдод, раҳбари Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, телевизионҳои кишвар то ин вақт чанд бор талош карданд, ки филмҳои хуб таҳия кунанд. Аммо муваффақ нашуданд ва боз ҳам рӯ оварданд ба филмҳои қадимӣ ва хориҷӣ.

Ба гуфтаи Сафар Ҳақдод, "Тоҷикфилм" иқтидори таҳияи 4 -5 филм барои экран ва 4- 5 филм барои телевизионро дорад ва иқтидори замони шӯравиро дубора пайдо накард. Сафар Ҳақдод мегӯяд, ки шабакаи нав як муддат метавонад аз хазинаи "Тоҷикфилм" истифода кунад, кунанд, вале баъд чӣ мешавад?

Кормандони соҳаи синамо ба ин таъкид мекунанд, ки шабакаи нав танҳо бо рехтани сармояи зиёд метавонад дар бозори пуррақобат муваффақ шавад. Дар акси ҳол, эҳтимол дорад, ки ин шабака ҳам ба майдони дигари тарғиби филмҳои хориҷӣ табдил ёбад. Филмҳое, ки маъмулан бидуни риояи ҳуқуқи муаллиф ва бо нархи арзон дастрас мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG