Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯзи раъйпурсии 22 майи соли ҷорӣ сокинон ба як савол - "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунед?" - посух хоҳанд дод.

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шакли блюттени раъйпурсии 22 майи соли ҷориро тасдиқ кардааст, ки бар асоси он аз сокинон фақат як савол – "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунед?" – пурсида хоҳад шуд. Абдуманнон Додозода, роҳбари дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот рӯзи 12 апрел ба Озодӣ гуфт, ки сокинон дар ҷавоб ба ин савол ҳамагӣ ду роҳи интихоб доранд - "ҳа" ё "не".

Ӯ афзуд, "аммо дар паси он як эзоҳи хурд навишта шудааст, ки тартиби овоздиҳиро ба сокинон мефаҳмонад. Дар он ҷо хитоб ба овоздиҳандагон навишта шудааст, ки агар тарафдори тағйирот ба Қонуни асосӣ ҳастанд, "ҳа"-ро ишора кунанд, вагарна "не"-ро."

Ба қавли Додозода, дар сурате ки сокинон ҳарду варианти ҷавобро хат бизананд ва ё ҳеч кадомеро ишора накунанд, блюттен беэътибор дониста шуда, ин раъйи онҳо ҳисоб нахоҳад шуд.

Мақомоти Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар маҷмуъ барои ислоҳи Қонуни асосӣ (Конститусия) 40 тағйиру илова пешниҳод шудааст. Дар посух ба ин суол, ки оё сокинон аз куҷо хоҳанд донист, ин тағийрот аз чӣ иборат аст? Абдуманнон Додозода гуфт: "Тарҳи иловаҳо ба Қонуни асосӣ моҳи март дар ҳамаи нашрияҳои давлатӣ ва мустақил чоп шуда, алакай ба дасти сокинон расидааст. гузашта аз ин, бандҳои муҳими тағйирот дар сӯҳбат бо сокинон дар маҳалҳо ва тавассути барномаҳои телевизионӣ фаҳмонда мешавад. То замони раъйпурсӣ ҳамаи мардум аз ин ислоҳҳо хабардор шуда, ва дар рӯзи овоздиҳӣ фақат ба ҳамон як суол посух хоҳанд гуфт."

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, 22 майи соли ҷориро рӯзи баргузории раъйпурсӣ ба хотири ислоҳи Қонуни асосӣ эълон кардааст. Ин тарҳи ислоҳот пеш аз он ки ба дасти мардум бирасад, ба Додгоҳи конститутсионӣ рафта ва рӯзи раъйпурсӣ низ бо ризояти ин ниҳод тасдиқ шудааст.

Ин тарҳи тағйиру иловаҳо бештар аз тағйири калима ва ибораҳо иборат аст. Вале коршиносон мегӯянд, ки асоси ин тағйирот ду нуктаи он аст, ки аввалӣ синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистонро аз 35 то 30 поин оварда, дувумӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ҳақ хоҳад дод, бидуни маҳдудият дар интихоботҳои ояндаи президентӣ номзад бишавад.

Бар асоси Қонуни асосӣ, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Вале дар тарҳи нави ислоҳот ба Қонуни асосӣ ба моддаи 65-ум ин банд илова шудааст, ки ин маҳдудият "ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад."

Инчунин, дар тарҳи пешниҳодӣ барои ислоҳи Сарқонуни Тоҷикистон синни номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, Маҷлиси Миллӣ ва суди конститутсионӣ аз 30-солагӣ муқаррар гардида, таъсиси ҳизбҳои характери динидошта манъ гардидааст.

Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG