Пайвандҳои дастрасӣ

Торнамои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифта, дар он аксу нашиди созмони "Ҷундуллоҳ" ва паёми "Гурӯҳи Фаллуҷаи Тунис" нашр шудааст.

Торнамо (сайт)-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ки бо нишонии maorif.tj фаъол буда, дар он тамоми аснод ва ахбори марбут ба ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон ҳифз мешуд, мавриди ҳамлаи ҳакерии гурӯҳи номаълум қарор гирифтааст.

Ин торнамо аз субҳи 14 январ боз дастрас нест ва ҳамлагарон дар саҳифаи аввали сомонаи вазорати маориф ва илм акси "Ҷундуллоҳ" ва нашиди ин созмони тундравро гузоштаанд. Дар канори аксҳо ва суруди созмони "Ҷундуллоҳ" матне ҳам интишор ёфта ва он “Паёми Гурӯҳи Фаллуҷаи Тунис ба давлат ва мардуми Русия" унвон шудааст.

Дар ин паём аз давлати Русия талаб шудааст, ки ба пуштибонӣ аз “давлати ҷиноии Башор Асад”, қатлу куштори занону кӯдакон ва тахриби мактабҳо, хонаҳо, масоҷид ва бемористонҳо хотима диҳад ва аз сокинони Русия талаб шудааст, ки ба давлати худ фишор оранд, то нерӯҳояшро аз Сурия берун бикашад.

Рӯшан нест, паёме, ки ба давлати Русия ирсол шудааст, чаро дар торнамои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пайдо шудааст? Эҳсон Хушвақтов, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, 14 январ дар сӯҳбат бо Озодӣ хабари ҳамлаи ҳакерӣ ба торнамои ин вазоратро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки онҳо ба "Babilon-M" - ширкати ироакунандаи Интернет ба ин ниҳод муроҷиат карда ва барои рафъи ин мушкил дархости ёрӣ намудаанд.

Дар оғози моҳи январи соли гузашта сомонаи сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Фаронса низ мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифта буд. Ин ҳодиса дар пайи ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Порис иттифоқ уфтод ва дар саҳифаи асосии сомона ҳамлагарон шиори “Op France Musulman Еt je Рas Charli” (Мусулмонам ман, на Шарли)-ро овехта буданд.

Ҳаракати исломии Узбакистон тақрибан ду соли пеш, баъди эълони ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” номи худро ба "Ҷундуллоҳ" иваз кард, то аз ин тариқ ҷангиёни тоҷику қирғиз, туркманҳо ва чеченҳову уйғурҳоро дар ин ташаккули худ муттаҳид созад. Вале ҳамзамон номи Ҳаракати исломии Узбакистонро чун "бренд" истифода мекунад.

Бино ба маълумоти коршиносон, ба гурӯҳи “Ҷундуллоҳ” аз Тоҷикистон ононе дохил мешаванд, ки пештар дар таркиби нерӯҳои мусаллаҳи мухолифон меҷангиданд, вале баъд аз имзои Созишномаи сулҳ бо давлати Тоҷикистон шарту шароити ин созишномаро қабул накарданд ва дубора дар Покистону Афғонистон ба нерӯҳои тундрави минтақа пайвастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG