Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоев: Зелимхон барои допинг 4 сол аз бозӣ маҳрум шуд


Муҳаммадшо Абдуллоев

Муҳаммадшо Абдуллоев

Ташкилоти миллии зиддидопингии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли гузашта Зелимхон Юсупов, узви дастаи мунтахаби гуштии озоди кишвар, ба далели истифодаи допинг барои 4 сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум шудааст.

Моҷарои допинг ё истеъмоли маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъ вақтҳои охир дар расонаҳои хабарии ҷаҳон мавзӯи доғ гаштааст.

Бисёре аз варзишгарони маъруфи ҷаҳон барои истеъмоли маводе, ки онҳоро Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) ба феҳристи доруҳои мамнӯъ дохил кардааст, муҷозот шудаанд.

Муҳаммадшо Абдуллоев, раҳбари Ташкилоти миллии зиддидопингии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки соли гузашта Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ ба далели истифодаи допинг дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар Қатар Зелимхон Юсупов, узви дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистонро ба муддати чаҳор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум кардааст. Ташхиси пешоби ӯ, ки моҳи майи соли 2015, баъди қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 70 кило дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё анҷом шуд, дар бадани ин гуштигири 31-сола вуҷуди “диметилбутиламин” ном як доруи тавонбахши мамнӯъро нишон додааст.

“Бар асоси Кодекси байналмилалии зиддидопингӣ варзишгар бояд дар бораи он маълумот дошта бошад, ки кадом ҳолат вайронкунии қоидаи зиддидопингист. Вай вазифадор аст, ҳамаи принсипҳо ва қоидаҳои зиддидопингиро риоя кунад. Варзишгар набояд маводи барояш манъшударо истеъмол намояд,” - иброз дошт Муҳаммадшо Абдуллоев.

Ба гуфтаи Абдуллоев, Ташкилоти миллии зиддидопингии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии кишвар ахиран дар шаҳри Душанбе давраи омӯзиширо таҳти шиори “Мо зидди допингем” аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ доир намуд. Дар машғулиятҳои назариявӣ беш аз 100 нафар роҳбарону намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ, мураббиёну варзишгарон ва пизишкон ширкат карданд.

"Ҳадаф аз баргузории давраи бозомӯзӣ, пеш аз ҳама, такмили дониши ширкаткунандагон, ошно кардани онҳо бо Кодекси байналмилалии зиддидопингӣ ва Рӯйхати маводи мамнӯи тавонбахш барои варзишгарон буд”, - таъкид намуд Муҳаммадшо Абдуллоев.

Сӯҳбати комил бо Муҳаммадшо Абдуллоевро дар навори зер бубинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG