Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон пардохти молиётро осон кардааст, вале...


Агар шумо дар Тоҷикистон ширкати хурд ва ё миёнае доред, дар як сол 224 соат ва ё 28 рӯзи кории худро барои пардохти молиёт сарф мекунед, ки дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна бештар аст.

Дар кишварҳои ҳамсояи дуру наздики Тоҷикистон, соҳибкорон ба андозаи ҳампешагони тоҷикашон барои пардохти молиёт вақт талаф намекардаанд. Дар Қазоқистон барои як тоҷир 188 соат лозим мешавад, то тамоми молиёти давлатро бипардозад, дар Узбакистону Қирғизистон мутаносибан 205 ва 210 соати як соҳибкор барои пур кардани санадҳо ва пардохти молиёт сарф мешудааст.

Омору муқоисаи мазкур аз як гузориши Бонки Ҷаҳонӣ аст, ки чанде пеш ҳамроҳ бо ширкати муҳосиботии Прайс Вотерҳаус Куппер нашр кардааст. Ҷоанна Наср, яке аз муаллифони ин гузориш дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: “Бар асоси иттилооти тозатарини мо, дар Тоҷикистон дар як сол барои пур кардани санадҳо ва пардохти се молиёти аслӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши изофа, молиёт аз даромади ширкат ва молиёти иҷтимоӣ, дар маҷмӯъ 224 соат лозим мешавад.”

Осонтар кардани пардохти андоз ва камтар кардани саргардонии соҳибкорон аз роҳҳои хуби рушди соҳибкорӣ дар ҳар кишвар аст ва Тоҷикистон ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ дар ин самт дар соли 2013 ба ҳадде пешрафт кардааст. Шумо масалан, метавонед, дар ба дари раёсату шӯъбаи андоз дар шаҳру ноҳияҳо нагардеду дар утоқҳои танг навбат наистед, балки дар хона нишаста ва аз тариқи вебсайти Кумитаи андоз ҳисоботро бифристеду посухашро интизор шавед. (Албатта агар интернет дошта бошед ва ҳангоми ирсоли санад нерӯи барқ хомӯш нашавад.)

Як муҳосиби тоҷик, ки дар ширкати хусусӣ кор мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ тайи чанд соли ахир пешниҳоди эъломия ва пардохти молиёт осонтар шудааст ва Кумитаи андоз моҳи сентябр масъалаи қабули ҳисоботҳо аз тариқи почтаи электрониро баррасӣ карда ва гуфтааст, ки бояд ба зудӣ ҳамаи ширкатҳо аз ҳамин роҳ кор кунанд: “То якуми декабр ҳамаи корхонаҳо бояд аз тариқи почтаи электронӣ ҳисобҳояшонро супоранд ва дигар ба раёсати андоз намераванд. Ба шумо калид медиҳанд, ба сайти кумитаи андоз ворид мешавӣ, ҳисоботро месупорӣ онҳо аз он тараф як нусхаро мӯҳр зада ва “андоз супурда шуд” гуфта ба шумо мефиристанд.”

Ба қавли мусоҳибам, ин беҳтарин роҳи супурдани ҳисоботу молиёт аст, зеро “ба чанги кормандони андоз” намеафтӣ ва аз тамаъҷӯӣву талаби ришва халос мешавӣ. Дар воқеъ Ҷоанна Наср ҳам гуфт, ки пешниҳоди эъломияи электронии пардохти молиёт, имкони ришваситониро камтар мекунад. Кумитаи андози Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки рӯзи 5 декабр семинар-машварате барои андозсупорандагон дар мавзӯъи “Утоқи шахсии андозсупоранда ва пешниҳоди эъломияи электронӣ" баргузор мекунад.

Вале бо вуҷуди ин Тоҷикистон аз назари осону камхарҷ кардани пардохти молиёт дар байни 189 кишвар дар мақоми 178 қарор дорад, ки 11 зина болотар аз охирин кишвар дар феҳраст аст. Ҳарчанд Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон харҷи кору расмиёт барои пардохти молиёт ва ҳам молиёт аз даромади ширкатҳоро кам кардааст, аммо андоз аз замин ва нақлиётро боло бурдааст.

Ҳамчунин ба як ширкат дар як сол лозим мешавад, ки 69 пардохти молиёт анҷом диҳад ва дар маҷмӯъ молиёте ки давлат мегирад, 86 дарсад аз даромади як ширкатро ташкил медиҳад, ки бисёр зиёд аст. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, гузориши махсус дар бораи расмиёту осон кардани пардохти молиёт барои он таҳия кардааст, то абзоре ба ҳукуматҳо бидиҳад, ки бо муқоиса кори соҳибкорон бахусус соҳибкорони хурду миёнаро осон карда ва бигузоранд, ки онҳо вақти худро барои рушду афзоиши тавлидот сарф кунанд, на расмиёти давлатӣ, ки бе ин ҳам зиёд аст.
XS
SM
MD
LG