Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасади минаҷӯёни тоҷик пайдо нашудааст


Мошини гурӯҳи минаҷӯён дар ҳамин рӯдхонаи амиқ афтода, ғарқ шудааст.

Мошини гурӯҳи минаҷӯён дар ҳамин рӯдхонаи амиқ афтода, ғарқ шудааст.

Бо гузашти бештар аз якуним моҳ аз марги гурӯҳи панҷнафарии минаҷӯён дар Тоҷикистон, ҷасади 2 нафари онҳоро то кунун пайдо накардаанд.

Динмуҳаммад Абдулғаффор, мудири барномаҳои Фонди швейтсарии минаҳо дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди ҷустӯҷӯҳои пайваста, талоши кормандони созмон ва маъмурони наҷот натиҷае надодааст. «Ҷасади як минаҷӯ Гулмурод Чориевро, як моҳ пештар 300 ё 400 метр дуртар аз маҳалли ҳодиса пайдо карданд, вале то ҳол аз ҷасадҳои ду корманди дигари мо ва мошинашон нишоне нест.» - гуфт ӯ

Дар садамаи фалокатбори мошини кормандони дафтари Фонди швейтсарии поккории минаҳо дар Душанбе, ду нафари онҳо дар ҷойи ҳодиса ҷон доданд ва се минаҷӯ дар рӯдхонаи Панҷ ғарқ шуданд. Динмуҳаммад Абдулғаффор афзуд, тамоми мардуми минтақа ва рустоҳои наздик ба рӯдхонаро огаҳ кардаанд, ки дар сурати пайдо кардани ҷасадҳо ба созмон хабар диҳанд. «Ҷӯстӯҷӯи ҷасади кормандони мо Абдурозиқ Қурбонов ва Илҳомҷон Сафаров, идома дорад ва кормандони худамон ҳам рафта дар соҳилҳои рӯдхона мебинанд, то нишоне аз онҳоро пайдо кунанд.»

Динмуҳаммад Абдулғаффор минаҷӯёни бенишоншудаи тоҷикро аз мутахассисони варзидае номид, ки дар пайдо ва хунсо кардани садҳо минаву поккории ҳазорон метри мураббаъ майдонҳои маргбор дар Тоҷикистон саҳм доштаанд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда низ гуфтанд, маъмурони кумита ҷасади Гулмурод Ҷӯраев, сокини ноҳияи Рӯдакиро як моҳ пеш аз соҳили рӯдхонаи Панҷ пайдо карда ва ба наздиконашон баргардонданд. Умеда Юсупова, сухангӯи кумита рӯзи 17-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди гузашти муддати тӯлонӣ аз фалокат дар Дарвоз, маъмурони наҷот корҳои ҷустуҷӯиро хотима надодаанд.

«Бар асоси қоидаву қонунҳое, ки дар кумитаи ҳолатҳои фавқуллода қабул шудааст, то он даме, ки ҷасад ёфт нашавад, корҳои кофтуковӣ ба анҷом расонида намешавад. Ин бемаҳдуд аст.» -гуфт Умеда Юсупова.

Ягона чизе, ки метавонад, пайдо кардани ҷасадҳоро мушкил кунад, ин аст, ки имкон дорад, маҷро, ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистонро ба он тарафи соҳили рӯдхонаи Панҷ ба Афғонистон бурда бошад. Вале ба гуфтаи Умеда Юсупова, ҳукумати ноҳияи Дарвоз бо муроҷиат ба мақомоти ноҳияҳои ҳаммарз хостааст, дар сурати пайдо кардани ҷасади шаҳрвандони Тоҷикистон, онҳоро хабардор кунанд.

Мошини «Тойота»-и панҷ корманди дафтари Фонди швейтсарии барчидани минаҳо ҳангоми бозгашт аз маъмурият аз Вилояти Худмухтори Бадахшон дар шоҳроҳи Хоруғ-Қалъаихум-Кӯлоб дар наздикии деҳаи Курговади Дарвоз ба мошине бархӯрда, аз баландии 35 метр ба рӯдхонаи Панҷ афтодааст.

Дар натиҷа, табиби гурӯҳ Машраф Абдураҳмонов ва ронанда Ғаффор Солиев дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд. Абдурозиқ Қурбонов, Илҳомҷон Сафаров ва Гулмурод Чориев бо мошин дар дарё ғарқ шуданд. Аз миён танҳо ду нафар зинда монданд.

Бунёди швейтсарии барчидани минаҳо аз соли 2003 дар Тоҷикистон ба поксозии майдони минаҳо машғул аст ва кормандонаш то кунун даҳҳо ҳазор метри мураббаъро аз мина ва дигар маводи тарканда пок кардаанд. Минаҳое, ки аз замони ҷанги шаҳрвандӣ мерос мондаанд ва ё дар марзи Тоҷикистону Узбакистон кошта шудаанд, то кунун 353 нафарро кушта ва 446 нафари дигарро маъюб кардаанд.

XS
SM
MD
LG