Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ва “Ҳосилот” дар финали Ҷоми Тоҷикистон


Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол роҳ ёфтанд. Ҳарду дастаи ширкаткунандаи бозии ҳалкунанда баъди натиҷагирии бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи 26-уми октябр баргузор шуданд, маълум гардиданд.

Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол роҳ ёфтанд. Ҳарду дастаи ширкаткунандаи бозии ҳалкунанда баъди натиҷагирии бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳоӣ, ки рӯзи 26-уми октябр баргузор шуданд, маълум гардиданд.

“Истиқлол” бозиро дар меҳмонӣ бо тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Азбаски дар бозии аввал душанбегиҳо дар майдони худ бо ҳисоби 4:0 ғолиб шуда буданд, ба финал баромаданд.

Дар бозии дигар “Ҳосилот” дар сафар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Бозии аввал низ дар Фархор бо пирӯзии “Ҳосилот” бо ҳисоби 4:2 ба анҷом расида буд.

Ба ин тартиб, дастаҳои “Истиқлол” ва “Ҳосилот” дар бозии ниҳоӣ, ки 5-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, Барои Ҷоми Тоҷикистон мубориза мебаранд.

Ҷоми Тоҷикистон. Даври ниманиҳоӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

26 октябр (чоршанбе)

«Хуҷанд» – «Ҳосилот» - 1:2

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 41 (0:1). Манучеҳр Аҳмадов, 52 – аз пеналтӣ (1:1). Иброҳим Рабимов, 66 (1:2).

Огоҳонида шуданд: Диллшод Бозоров («Хуҷанд»), Ҳасан Рустамов, Содиқ Мӯсо («Ҳосилот»).

Аз майдон хориҷ шуд: Илҳомҷон Баротов («Хуҷанд»), 79 – корти дувуми зард.

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Ҳикматулло Расулов («Ҳосилот»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

26 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.

Бозии аввал – 2:4.

«Равшан» – «Истиқлол» - 0:0

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Огоҳонида шуданд: Музаффар Назаров, Зариф Рустамов («Равшан»), Петро Ковалчук («Истиқлол»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Сиёвуш Асроров («Истиқлол»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

26 октябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

Бозии аввал – 0:4.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 25-ум барпо шудааст. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Истиқлол” панҷ бор ва “Хуҷанд” се бор барандагони Ҷом шудаанд.

“Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Дар мавсими соли гузашта “Истиқлол” барои бори панҷум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда буд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ”, ки рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони Душанбе хотима ёфт.

Замони асосии бозӣ бидуни гол ба анҷом расид. Замони изофӣ – ду қисми 15-дақиқагӣ - бо ҳисоби мусовии 2:2 поён ёфт. Ғолиб тавассути силсилаи пеналтӣ муайян шуд. Дар иҷрои зарбаҳои 11-метрӣ кори футболбозони “Истиқлол” омад кард. “Истиқлол” аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 6:5 ғолиб омад.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 6:5

XS
SM
MD
LG