Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки ҳамсояҳо аз камбуди барқ азият мекашанд, Душанбе натавонист ба маблағи 250 миллион доллар барқ фурӯшад.

Роҳбарони ширкати давлатии "Барқи тоҷик" мегӯянд, баъд аз он ки Узбакистони ҳамсоя дар соли 2009 аз шабакаи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ берун рафт, Тоҷикистон яке аз бозорҳои асосии нерӯи барқи худро аз даст дод. Ба воситаи ин шабака барқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигар низ содир мегашт ва худи Узбакистон бино бар камбуди нерӯи барқ дар шаҳру деҳоти худ ва ҳатто Тошканд, пойтахти ин кишвар, маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ кардааст.

Бахтиёр Сиддиқов, сардори шӯъба дар ширкати "Барқи тоҷик", ба Радиои Озодӣ гуфт, бо онки Узбакистон аз ҳалқаи воҳиди энергетикии Осиёи Миёна берун шуд имкони фурӯши барқи изофӣ аз Тоҷикистон аз байн рафт: "Имконият надорем. Мо бояд аҳолии худамонро таъмин бояд кунем. Ин роҳҳо тавассути қаламрави Узбакистон мегузарад, ки мо бо Узбакистон додугирифти барқро бас кардаем. Барои ҳамин, мо фурӯхта наметавонем ва обро мепартоем."

Ба ин тартиб, дар ҳоли ҳозир танҳо Афғонистон аст, ки аз Тоҷикистон нерӯи барқ ворид мекунад. Вале дар ҳоле ки Тоҷикистон метавонад, дар тобистон аз 3 то 7 миллиард киловат-соат нерӯи барқи изофии худро фурӯшад, Афғонистон солона ҳамагӣ 400-450 миллион киловат-соат барқи Тоҷикистонро харидорӣ мекунад.

Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати "Барқи тоҷик" инро ҳам мегӯяд, ки ҳаҷми умумии тавлиди барқ дар Тоҷикистон ба мизони бориш ва захираи солонаи барф бастагӣ дорад: "Дар фасли тобистон аз сабаби надоштани бозори фурӯши барқ обро бидуни чархондани агрегатҳо сарф мекунем. Чунки талаботи дохилӣ дар фасли тобистон нисбат ба зимистон борҳо кам мешавад. Иқтидоре, ки мо дорем, вобаста аз обнокии сол, аз 3 то 7 миллиард киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кунанд. Агар ҳадди ақал бо нархи се сент барои як киловат соат ин барқ ба фурӯш бароварда мешуд, мо метавонистем, 200 то 250 миллион доллар фоида ба даст оварем."

Бо назардошти он, ки кишвар метавонад солона аз фурӯши барқи изофӣ то 250 миллион доллар даромад гирад ва ин барои иқтисоди заифи Тоҷикистон маблағи калон ба ҳисоб меравад, мақомот талош доранд, бозори васеъ ва пойдори барқи тоҷикро ба вуҷуд оранд. Аммо ин масъалаи иқтисодӣ, ки метавонад бар нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа бошад, ба сиёсат омехтааст ва бино бар маълумоти расонаҳои ахбори оми Покистон, мақомоти Узбакистон талоши зиёд доранд, ки Тоҷикистонро ба бозори нерӯи барқи Осиёи Ҷанубӣ роҳ надиҳанд.

Мирзошариф Исломиддинов, раиси собиқи Кумитаи энергетика ва саноат дар Маҷлиси намояндагон, мегӯяд, Тоҷикистон нерӯи барқи изофии худро танҳо баъди ба фаъолият шурӯъ кардани чанд хатти барқгузар дар кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон, Афғонистон ва Қазоқистон метавонад бифурӯшад ва маблағ ба даст оварад. Ба қавли ӯ, "якум инки бояд қирғизҳо системаи худро ба тартиб дароваранд ва хатти интиқолро аз ҳудуди Узбакистон берун оранд ва он вақт фурӯхта мешавад. Дувум хатти интиқоли CASA-1000, ки барои иҷрои он корҳои таҳқиқотӣ хуб пеш меравад ва байни давлатҳо ҳам гуфтушунидҳо давом дорад ва севум бояд дар оянда системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ барқарор карда шавад."

Ба ақидаи ҷаноби Исломиддинов, мушкили имрӯзаи Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди дубора барқарор кардани низоми воҳиди энернетикӣ дар сатҳи болои ҳукуматҳои ин ду кишвар ҳал хоҳад шуд. Вале илова кард Исломиддинов, шароити кунунии Узбакистон водор хоҳад кард, ки рӯи ин масъала бо ҳамсояҳои худ ба як тавофуқ оянд.


Ин дар ҳолест, ки ба сурати умум зиёни Тоҷикистон аз барҳадар рафтани наздик ба 7 миллиард нерӯи барқаш дар се соли охир наздик ба 500 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст ва мутахассисон мегӯянд, ин баробари 25 дарсади буҷаи солонаи кишвар ё тамоми пули сохтмони марҳилаи аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун мебошад. Иттифоқан, тарҳи ин нерӯгоҳ сабаби ихтилофот бо Узбакистон ҳамсоя дониста мешавад.

Маҳалли сохтмони Роғун

Маҳалли сохтмони Роғун

Вале дар ҳамаи ин моҷаро ақидае ҳам ҷой дорад, ки худи Тоҷикистон на аз лиҳози зербинои фаннӣ ва на аз ҷиҳати афзоиши тавлиди нерӯи барқ ба ёфтани ҷойгоҳи қавӣ дар бозори барқи минтақа омода нест. Баҳром Сироҷов, раиси пешини ширкати "Барқи тоҷик", дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъулон дар нишон додани имконот ва зарфиятҳои тавлиди нерӯи барқ зиёдаравӣ кардаанд. Зеро то ҳамин ҳоло ягон сол ба миқдори 7 миллиард барқи изофӣ дар Тоҷикистон тавлид нашудааст: "Ин ба об вобаста аст. Ҳозир 250 миллион мегӯед, ки барои он оби калон даркор. Оби калон мешавад ё не ба ин ягон кас чизе гуфта наметавонад. Лекин дар ҷумҳурӣ имконияти истеҳсоли ин миқдори барқ вуҷуд надорад."

Бо ин ҳол, Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар ихтиёри созмонҳои байналмилалӣ вогузор кардани тарҳҳои энержии худ талош дорад аз захоири табиии худ барои тавлид ва тиҷорати нерӯи барқ истифода барад. Зеро давлати Тоҷикистон истифода аз зарфиятҳои худро дар ин арса яке аз роҳҳои дастёбӣ ба истиқлолияти энержӣ ва ҳамин тавр иқтисодии кишвар меҳисобад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG