Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Тоҷикистон имсол камтар бемор шудаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бино ба омори расмӣ, бемориҳои меъдаву рӯда ва роҳҳои нафас дар байни аҳолӣ ба таври чашмгир кам шудааст.

Дар Тоҷикистон тайи даҳ моҳи гузашта гирифторӣ ба бисёре аз бемориҳои хатарнок камтар шудааст. Бар асоси омори расмӣ, аз ҷумла дар ин муддат 257 мавриди гирифторӣ ба бемории домана сабт шудааст, ки дар муқоиса ба даҳ моҳи соли 2011 120 маврид камтар аст.

Бемории хатарноки сиёҳзахм ва ё антракс низ дар даҳ моҳи гузашта камтар будааст. Бемориҳои сироятии меъдаву рӯда роҳҳои нафас, низ дар байни аҳолӣ ба таври чашмгир камтар шудааст. Аз бемориҳои аввал 12 ҳазор маврид ва дувум 44 ҳазор маврид камтар сабт кардаанд.

Дар даҳ моҳи гузашта брутселлёз низ аз домани аҳолӣ камтар гирифтааст. Дар даҳ моҳи гузаштаи соли 2011 ин беморӣ, ки аз ҳайвон ба инсон сироят мекунад, дар Тоҷикистон ба 947 нафар сироят карда буд, аммо имсол 803 нафар аз ин беморӣ ранҷ кашидаанд.

Аммо дар даҳ моҳи гузашта, шумораи гирифторон ба бемории зардпарвин бештар аз 1000 нафар афзуда,ба 10 ҳазору 433 нафар расидааст. Дар моҳномаи махсуси дафтари Созмони Милал дар Тоҷикистон бо нашри ин омор гуфтаанд, ки бо маҳдуд шудани интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли сармо, дастрасии мардум ба оби пок дар рустоҳо низ сахттар мешавад, ки ин дар навбати худ, ба афзоиши бемориҳои сироятӣ мусоидат мекунад. Дигар ин ки бо вуҷуди камтар мубтало шудан ба бемориҳои роҳҳои нафас, мавсими ин беморӣ ҳоло шурӯъ мешавад ва нигаронӣ зиёд аз гирифторӣ ба бемориҳо ба мисли илтиҳоби шуш ва сармохӯрдагӣ аст.

Айни замон хатари гирифторӣ ба бемории хатарноки ботулизм низ дар Тоҷикистон меафзояд, зеро дар фасли зимистон мардум ба истеъмоли ғизоҳои консервшудаи хонагӣ шурӯъ мекунанд. Дар моҳи октябри соли ҷорӣ аз истеъмоли консерваи дастисохти помидору бодиринг дар Зафарбод як нафар фавтида, 26 тани дигар дар ҳолати вазнин ва миёна дар бемористони марказии ин маҳал бистарӣ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG