Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумон рӯзи ҷумъа синни номзад ба президентиро баррасӣ мекунад


Тақдири 41 ислоҳ ба Қонуни асосӣ, ки аз синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ то ислоҳи "ҳаққи" ба "ҳуқуқи"-ро дар бар мегирад, дар ҷаласаи рӯзи ҷумъаи парлумон ҳал хоҳад шуд.

Тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон, ки бояд ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шавад, рӯзи 22 январ дар ҷаласаи парлумон баррасӣ хоҳад шуд. Як манбаъ аз дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагон, 20 январ дар ин бора ба Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки ин масъала алакай ба рӯзномаи иҷлосия ворид шудааст. Мусоҳиби мо аз ин бештар тавзеҳот надод.

Аммо як вакили парлумон, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, ки баҳси ислоҳ ба Қонуни асосӣ дар кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии парлумон "тезутунд гузаштааст".

Тарҳи ислоҳ ба Қонуни асосии Тоҷикистон аз 41 банд иборат буда, бештар аз тағйири калима ва ибораҳо иборат аст. Мисли ин ки "ҳуқуқи" ба ҷои "ҳаққи", "шаҳрвандоне" ба ҷои "шахсоне", "муқарраргардида" ба ҷои "эълоншуда" ва "сайёҳӣ" ба ҷои "туризм" навишта шавад.

Вале бар асоси нусхаи ин тарҳ, ки рӯзи 13 январ ба дасти Озодӣ расид, ин тарҳ синни довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳуриро аз 35 то 30 поин овардааст. Ин илова ба Қонуни асосӣ дар сурати тасвибаш ба Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳаққ медиҳад, ки дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад.

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ

Рустами Эмомалӣ, ки дар соли 2020 ба синни 33 мерасад, бар асоси муқаррароти Қонуни асосии феълии Тоҷикистон, ҳаққи пешбарии номзадиашро надошт, чунки дар он синни ҳадди ақалл барои номзад ба президентӣ 35 муқаррар шуда буд.

Бар асоси Қонуни асосӣ, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, як шахс ба вазифаи президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аммо дар тарҳи нави ислоҳот ба Қонуни асосӣ, бино ба нусхае, ки ба дасти Озодӣ расид, ба моддаи 65-ум ин банд илова шудааст, ки ин маҳдудият "ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад."

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, бар асоси Қонуни асосӣ, ҳаққи ширкат дар интихоботи соли 2020-ро надорад, вале дар сурати тасвиби ислоҳоти ҷадид ӯ ҳам метавонад бидуни маҳдудият худро номзад кунад.

Инчунин, дар тарҳи пешниҳодӣ барои ислоҳи Сарқонуни Тоҷикистон синни номзад ба мақоми вакили Маҷлиси Намояндагон, Маҷлиси Миллӣ ва суди конститутсионӣ аз 30-солагӣ муқаррар гардида, таъсиси ҳизбҳои характери динидошта манъ гардидааст.

Тарҳи ислоҳот ба Қонуни асосиро 16 узви Маҷлиси Миллӣ ва 27 узви Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кардаанд ва он се моҳ пеш аз қабулаш ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта хоҳад шуд. Баъзе аз расонаҳои дохилии Тоҷикистон ҳафтаи ҷорӣ бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати кишвар навиштанд, ки ин раъйпурсӣ моҳи майи соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Тарафдорони ислоҳи Қонуни асосӣ мегӯянд, ин қонун догма нест ва бояд бо шароити замон мувофиқ карда шавад. Аммо мухолифон мегӯянд, ки сабаби ҳамаи ислоҳҳо ҳифзи қудрати раисиҷумҳури кунунист, ки зоҳиран мақомашро тарк карданӣ нест. ​Сарқонуни Тоҷикистон соли 1994, вақте дар ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз идома дошт, қабул шуд. Ба ин муносибат рӯзи 6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Қонуни асосӣ эълон шудааст.

Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG