Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Э.Раҳмон: Аз боло бурдани маош то исёни Ҳоҷӣ Ҳалим


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш гуфт, ки ҳамлаҳои моҳи сентябри соли 2015 бо сармоягузорӣ ва сарпарастии раҳбарияти ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ сурат гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20 январ дар Кохи "Сомон" паёми солонааш ба парлумон ва мардумро ироа кард. Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш, ки ҳудуди 2 соат идома кард, ҳамлаҳои моҳи сентябри соли гузаштаи Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифоъ ба шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдатро кори дасти раҳбарияти ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) донист. Ӯ афзуд, "сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ бо маблағгузорӣ ва сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сурат гирифтанд."

Оқои Раҳмон дар ин кор "баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ"-ро низ муттаҳам кард, ки ба қавли ӯ то ҳол "аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашида ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонда, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба додситонии кулл супориш дод, ки дар зудтарин фурсат стратегияи миллии мубориза бо терроризму ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020-ро таҳия намояд. Ба қавли ӯ, бояд дар ин стратегия "номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда" маълум

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

​шуда ва ҷазо барои талошҳои зидди сохти конститутсионӣ ва хиёнат ба Ватан пурзӯр гардад. Ӯ, инчунин, хостори таъсиси Маркази мубориза бо ҷиноятҳои интернетӣ шуд.

"ИН ВАҲШОНИЯТ АСТ!"

Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз вазъи Ховари Миёна нигаронӣ кард ва аз ҷавононе интиқод намуд, ки ба доми ифротгароён афтода, даст ба қатлу ғорат задаанд.

"Вақте модари худро ваҳшиёна қатл мекунад, магар ин Ислом аст? Ин дин аст? Ин ваҳшоният аст! Ин бадбахтҳо боз чӣ мехоҳанд? Ман дар ин бора ба мардуми тоҷик таъкид мекунам. Чун мо ин рӯзҳоро аз сар гузарондем," -- гуфт ӯ бо ишора ба як ҷангҷӯи "Давлати исломӣ", ки, бино ба хабарҳо, ахиран модарашро дар Раққа куштааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи афроде,ки ба Сурия мераванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Раисиҷумҳур дар ҳоле ки хостори муҷозоти афроди алоҳида, созмон ва кишварҳои пуштибон аз террористҳо дар Додгоҳи байналмилалӣ шуд ва аз бетарафии баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ, бахусус дар мавриди расидагӣ ба бӯҳрони паноҳҷӯён низ танқид кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина аз ҷанги дохилии солҳои навадуми ёдоварӣ кард ва гуфт, ки он замон низ бо Тоҷикистон чунин карда буданд. Вай дар идома ба маблағгузории ҳарчи бештари сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар даъват кард ва аз ҳукумат хост, ки ҳар сол ин маблағгузориро зиёдтар кунад.

Эмомалӣ Раҳмон: Ин бадбахтҳо боз чӣ мехоҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

"БАРОИ ХУШОМАДЗАНӢ НАМЕГӮЯМ"

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш омӯзиши забони русӣ ва англисиро барои сокинони кишвар муҳим донист ва саводомӯзиро як роҳи раҳоӣ аз ифротгароӣ донист. "Инро барои хушомадзанӣ дар назди касе намегӯям. Аммо ҷавонҳо бояд забонҳои русию англисиро мисли забони модарияшон аз худ кунанд," -- гуфт ӯ.

Оқои Раҳмон афзуд, "баъзе падару модарон имрӯз ашк мерезанд, ки фарзандонашон дар Сурия ва Ироқ қурбон шудаанд. Наврасонро бояд тарбия кард. Шароит бояд муҳайё кард. Давояш як чиз аст - адаб омӯзондан, савод омӯзондан. Аз хурдсолӣ, аз наврасӣ. Аксарияти кулли афроде, ки ба он кишварҳо даст ба куштор ва экстремизм мезананд, бесавод ҳастанд, марифат надоранд."

Ӯ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир фақат дар бахши маориф ва тандурустии Тоҷикистон 18 ҳазор ҷойи кори доимӣ интизори кадрҳоянд.

ВАЪДАИ БОЛО БУРДАНИ МАОШ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин паёми солонааш дубора ваъда дод, ки аз 1 июли соли ҷорӣ музди меҳнат ва нафақаи сокинон ва стипендияи донишҷӯён боло бурда хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ваъдаи паёми соли гузаштааш ба далели пеш омадани мушкили иқтисодӣ иҷро нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон:Нафақа то 20 фоиз баланд мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

"Тасмими зиёд намудани музди меҳнат ва стипендия соли гузашта амалӣ нагардид. Вале ин иқдом дар сархатти тадбирҳои аввалиндараҷаи ҳукумат дар соли 2016 боқӣ мемонад. Муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ ҳадафи олитарини президент ва ҳукумат мебошад," – таъкид кард оқои Раҳмон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, "музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, ба шумули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад."

Ба қавли ӯ, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаи меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз баланд бардошта мешавад. Дар баробари ин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд шуда, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад. "Барои маблағгузории чорабиниҳои зикршуда аз буҷаи кишвар дар як сол 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ равона мегардад," -- афзуд раисиҷумҳур.

Намоиши паёми солонаи раиси ҷумҳур дар хиёбони марказии Душанбе
Намоиши паёми солонаи раиси ҷумҳур дар хиёбони марказии Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ки вазъи молии кишварро "осебпазир" ва буҷаи кишварро "пойбанди омилҳои берунӣ" донист, мақомотро барои иҷрои буҷаи соли 2016 даъват кард ва аз онҳо хост, дар ин замина баҳонаҷӯӣ накунанд. Ӯ гуфт, буҷаи соли ҷорӣ дар муқоиса ба соли гузашта 20 дарсад бештар аст.

​Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, инак 24 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад ва тайи дастикам 15 соли охир паёмҳои солонаашро ба парлумон ва мардум ироа мекунад. Паёми рӯзи 20 январ нахустин паёми Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ва мардум дар пайи тасвиби қонунест, ки ба ӯ расман унвони “Пешвои миллат” дод.

Паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳоле ироа шуд, ки дар парлумони Тоҷикистон, бино ба хабарҳои дарёфтӣ, тарҳи тағйироти навбатӣ ба Қонуни асосӣ баррасӣ шуда истодааст. Тибқи ин тағйирот, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Пешвои миллат” ҳаққи пешбарии номзадиаш дар интихоботи соли 2020-ро низ пайдо мекунад. Ҳамзамон интизор меравад, ки синни ҳадди ақали номзад ба президентиро аз 35 ба 30 пойин биоранд. Ин ба Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки дар соли 2020 ба синни 33 мерасад, низ имкон медиҳад,ки номзадиашро дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ кунад.

XS
SM
MD
LG