Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон бо чӣ кӯлборе ба дидори Отамбоев хоҳад рафт


Раҳмон ва Отамбоев( дар байн - Путин)
Раҳмон ва Отамбоев( дар байн - Путин)

Ба назари таҳлилгари қирғиз, ҳалли мушкилоти марзӣ бояд дар сатри аввали рӯзномаи музокироти Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Отамбоев қарор бигирад.

27-28 май Эмомалӣ Раҳмон- раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Қирғизистон ба таври расмӣ боздид мекунад. Рӯзҳои 7-8 май гурӯҳи кории ду кишвар дар Бишкек тарҳи қарордодҳоеро, ки бояд дар ҷараёни ин сафар имзо шаванд, баррасӣ кардаанд. Ҳамчунин қабл аз сафари Раҳмон, рӯзҳои 16-17 май дар Душанбе иҷлоси 12-уми куммиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон доир хоҳад шуд.

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дар пайи муноқишаи рӯзи 27 апрел дар атрофи ҷазирақаламрави Ворух сурат мегирад ва рафъи масоили марзӣ ғолибан як мавзӯъи сӯҳбати қӯ бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев хоҳад шуд. Дар натиҷаи моҷарои сокинони ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва рустои Оқсойи Қирғизистон як шабонарӯз роҳи мошинрав баста ва муносиботи аҳолии ду ҷониби марз сард шуд. Ин нахустин муноқиша дар ин минтақа набуд.

Бо гузашти 21 сол аз истиқлоли ин ду кишвар масъалаҳои баҳсбарангези марзии миёни ин ду кишвар бидуни ҳал боқӣ мондааст. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз фақат 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин ду кишвар ба унвони кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ дар бисёри масоили минтақавӣ, аз ҷумла пиромуни тақсими об ва сохтани нирӯгоҳҳо мавзеъи яксон доранд, вале танишҳое, назири муноқишаи Ворух метавонанд ба равобити ин ду кишвари шарик дар саҳнаи минтақа латмаи ҷиддӣ бизананд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки руасои ҷумҳури ин ду кишвар дар ҷараёни боздиди Раҳмон бояд ҳамаи ин масъалаҳои баҳсбарангезро ҳал кунанд.

Генерал Мирослав Ниёзов - дабири пешини Шӯрои Амнияти Қирғизистон ва сафири пешини ин кишвар дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:


Мирослав Ниёзов
Мирослав Ниёзов
Ниёзов: Ман фикр мекунам, ки муносиботи миёни Қирғизистону Тоҷикистон хеле беҳтар аз ончӣ ки ҳоло ҳаст, метавонист бошад. Барои ин ҳамаи шароит вуҷуд дорад. Вале муносиботи кунунӣ чандон самимиву амиқ нест. Барои ҳамин бояд ба муносибот беҳбуд бахшид. Ин кор ногузир аст. Имрӯз ё фардо мо ҳар ду ҷониб зарурати онро мефаҳмем. Ман ҳоло ҳис мекунам, ки ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад. Бидуни ҳалли ҷиддии масъалаҳои тақсимбандӣ ва аломатгузории марз дар муносиботи мо ҳамеша нигаронии дуҷониба боқӣ мемонад. Ҳатто гоҳо он ба душманӣ метавонад табдил ёбад. Ба назари ман, на танҳо раисҷумҳурони Қирғизистону Тоҷикистон, балки дар сурати зарурат раҳбарони Узбакистону Қазоқистон ва ҳатто Русия ба онҳо метавонанд ҳамроҳ шаванд, то ин масъалаҳоро баррасӣ кунанд. Танҳо бо кӯшиши муштарак ва иродаи раисони ҷумҳур ин проблемаҳоро мешавад ҳал кард.

Озодӣ: Ҷаноби генерал, ҳалли ин мушкилотро бо чӣ масъалаҳое бояд шурӯъ кунанд?

Ниёзов: Ба назари ман, бо масъалаҳои муҳиму мубрам бояд шурӯъ кард. Бояд иродаи сиёсӣ нишон дод ва дар навбати аввал ба ҳар қимате ҳалли масъалаҳои марзиро бояд дар миён гузошт. Агар мо масъалаҳои марзиро бо Тоҷикистон ҳал накунем, ҳалли ҳамаи масъалаҳои дигар натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Ба ҳамин далел, ҳарду ҷониб бояд дарк кунанд, ки дар ҳар бахше, ки мушкил боқӣ мемонад, ба хусус дар бахши аломатгузории марзҳо, гарчӣ мушкил аст, вале бо дарки ин ки он ба нафъи мардуми ҳар ду ҷониб аст, бояд ҳал кунанд, барои он ки марз сарчашмаи ҷиддии ташаннуҷи вазъ ба шумор меравад.

Озодӣ: Ин масъалаҳоеро, ки шумо дар назар доред, агар дар ояндаи наздик ҳал нашавад, муносиботи миёни ду кишвар бад намешавад?

Ниёзов: Бояд дақиқ муайян кард, ки дар минтақаҳо ва заминҳои мавриди баҳс ҳар ду ҷониб бояд ба таври ҷиддӣ ҳар гуна фаъолиятро мамнуъ эълон кунанд. Ин қадами аввал дар роҳи ҳали бӯҳрон хоҳад буд. Агар ин кор амалӣ шавад, мо муваққатан дар ду тарафи марз оромиро таъмин мекунем. Вале боз ҳам ин ба он маъно нест, ки он бояд дар ҳамин марҳила боқӣ бимонад. Масъалаҳои баъдӣ низ ба дунболи он бояд баррасӣ шавад. Дар сурати ғайр ҳар гуна музокира роҷеъ ба масъалаҳои марзӣ ҳар лаҳза метавонад ба нокомӣ рӯ ба рӯ шавад.
XS
SM
MD
LG