Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи вабо дар Афғонистон марзро бо Бадахшон масдуд кард


Ин иқдом бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон гирифта шудааст.

Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Бадахшони Афғонистон хуруҷи бесобиқаи вабо ошкор шуда ва хатари сирояти он ба Бадахшони Тоҷикистон вуҷуд дорад: «Аз рӯи иттилое, ки мо дар даст даст дорем, он ҷо ин маризӣ авҷ гирифтааст ва аз ин хотир мо зарур донистем, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ тадобири профилактикӣ рӯи даст гирем. Ҳоло бозорҳои марзиро баста истодаем ва аз гузаштани афроди мариз ҷилавгирӣ мекунем.»

Бастани гузаргоҳҳои марзӣ дар Дарвоз, Хоруғ ва Ишкошим бо пешниҳоди Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Бо пешниҳоди ин ниҳод аз 17 августи соли равон гузаргоҳҳои марзӣ пурра фаъолияти худро қатъ кардаанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00
Линки мустақим


Наврӯз Ҷаъфаров, сарвари Раёсати назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологии ин хадамот ба Радиои «Озодӣ» гуфт, аз Вазорати сиҳати оммаи Афғонистон иттилое расидааст, ки манбаи сар задани вабо дар дурии 150 километр аз ноҳияи Ишкошим дар ду деҳаи вулусволии Дароими Бадахшони он кишвар воқеъ аст. Вай афзуд, аз 7 то 18 август 1709 нафар ба ин маризӣ гирифтор шуда, як кӯдаки 5-сола ва як ҷавондухтари 17-сола фавтидаанд:

«Дар ин минтақа худи вазорати тандурустии Афғонистон, созмонҳои байналхалқӣ, аз қабили Хазинаи кӯдакон, СММ, Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Бунёди Оғохон, хадамоти тиббии нерӯҳои байнулмилалӣ кор мекунанд. Се рӯзи охир теъдоди гирифторон кам шудааст. Рӯ ба беҳбудӣ ҳаст. Аммо як камбудӣ ин аст, ки то ба ҳол манбаи касалӣ, ки таври маълум, оби нӯшокӣ аст, маълум нашудааст. Дар ин ҷониб мо қарор кардем, ки то беҳбуди вазъ марзҳоямонро бандем.»

Дар ҳамин ҳол, бино ба як номае, ки ба Радиои Озодӣ тариқи почтаи электронӣ расид, аз хуруҷи як бемории номаълум ва гирифтории саросарӣ бо нишонаҳои дарди сар ва шикамравӣ, заъфи бадан, хоболудӣ дар Бадахшони Тоҷикистон, бахусус ноҳияи Роштқалъа иттилоъ дода шудааст. Бино ба ин нома, 2 нафар ҳам бар асари ин маризии номаълум фавтидаанд.

Дар тамос бо «Озодӣ» Гулбегим Миракова, муовини раиси ноҳияи Роштқалъа ин хабарро такзиб карда, афзуд, ки дар ноҳия маргумири маъмулӣ вуҷуд дорад, аммо нишонаҳои ягон эпидемия нест: «Танҳо як кӯдаки якунимсола чанд рӯзи пеш фавтид, ки аз касалии маъмулӣ аст ва сабаби фавти ӯ ҳам ин аст, ки ӯро дер овардаанд, чун модараш дар Русия будааст ва дигарон дуруст ӯро муроқибат накардаанд.»

Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ҳам хабари сар задани эпидемия дар Бадахшонро рад кард, аммо афзуд, пас аз дарёфти иттилоъ дар бораи сар задани вабо дар Афғонистон, намояндаи вазорат ба Бадахшон рафт, то омодагии ниҳодҳои тандурустиро таҳия кунад.

Қаблан расонаҳои русӣ дар бораи хуруҷи маризии хиррак, гирифтории беш аз 800 нафар ва ҳатто фавти 14 кӯдак дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд иттилоъ дода буданд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сарвари Раёсати назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ин иттилоъ пурра мавриди омӯзиш қарор гирифт, аммо тасдиқи худро наёфт.
XS
SM
MD
LG