Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иморот истихроҷи нафтро коҳиш медиҳад


Имороти Муттаҳидаи Араб розӣ шудааст, то барои нигаҳ доштани нархи ҷаҳонии нафт истихроҷи онро коҳиш диҳад. Ба иттилои хабаргузории Reuters, Арабистони Саудӣ низ пешниҳод кардааст, ки агар Эрон истихроҷи нафтро коҳиш диҳад, Риёз барои ин иқдом омодааст.

Нархи нафт дар пешорӯи мулоқоти намояндагони созмони кишварҳои истихроҷкунандаи нафт (ОПЕК) дар Алҷазоир каме боло рафтааст. Қарор аст, ин мулоқот рӯзҳои наздик дар доираи Форуми байналмилалии энергетикӣ баргузор шавад. Хабаргузории Ассошиайтед Пресс иттилоъ додааст, ки як баррел нафти Brent 60 сент қимат ва ба 46,5 доллар баробар шудааст.

Нархи нафт ба иллати истихроҷи аз ҳад зиёд нисбат ба соли 2014 беш аз ду баробар поин рафтааст. Ин тағйирот кишварҳои узви ОПЕК ва ҳатто Русияро, ки шомили ин созмон нест, маҷбур кардааст, то даст ба кор шаванд.

XS
SM
MD
LG