Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Осетияи Ҷанубӣ


Мақомоти амниятии Осетияи Ҷанубӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки ба ҷалби муҳоҷирони корӣ ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам мешавад. Кумитаи амнияти миллии Осетияи Ҷанубӣ эълон кард, ин шаҳрванди Тоҷикистон Умарҷон Усмонов ном дошта, тавассути хадамоти интернетии “Zello” барои пайвастани муҳоҷирон ба сафи ДИИШ таблиғот мебурдааст. Ин манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни бозрасӣ рӯшан шудааст, худи Усмонов қасд доштааст, ки аз тариқи Гурҷистону Туркия ба Сурия рафта ва дар набардҳо алайҳи нерӯҳои давлати ин кишвар иштирок кунад. Тибқи иттилои Кумитаи амнияти миллии Осетияи Ҷанубӣ, рӯзи 26 сентябр Умарҷон Усмонов ба Русия интиқол шуда ва дар назар аст, ба Тоҷикистон истирдод шавад.

XS
SM
MD
LG