Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Чин. Аз ҳамкории иқтисодӣ ба ҳамкори амниятӣ?


Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Чин

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Чин

Агар дар оғоз ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин бештар иқтисодӣ буд, аммо тайи се соли охир ҷонибҳо дар мавриди мубориза бо терроризму экстримизм созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо бирасонанд.

Чин ва Тоҷикистон дар сададанд дар шаҳри Душанбе як маркази муштараки зиддитеррористиро таъсис бидиҳанд. Таъсиси чунин марказ дар мулоқоти Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва Го Шенкун – вазири бехатарии ҷамъиятии Чин рӯзи 25 феврал зимни мулоқоти онҳо баррасӣ шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон дар сохтмони Академияи вазорати корҳои дохилӣ ва Маркази муштараки зиддитеррористӣ ба кумакҳои Чин умед мебандад. Ба иттилои Маркази матуботи вазорати корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода дар суҳбат бо ҳамтои чинии хеш Го Шенкун гуфтааст, ки Тоҷикистон омодааст бо Чин дар мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ ҳамкорӣ кунад.

Ҳамкории Тоҷикистону Чин аз оғоз бештар ҷанбаи иқтисодӣ дошт. Чин ба тарҳҳои зербиноии Тоҷикистон, мисли сохтмони роҳу автомобилгарду нақбҳо ва бунёди нерӯгоҳҳои барқу гаримидиҳӣ миллионҳо доллар сармоягузорӣ кардааст. Қариб нисфи қарзи беш аз 2 миллиард долларии Тоҷикистон низ аз Чин аст.

Аммо тайи се соли охир Чин бо Тоҷикистон як зумра созишномаҳоеро дар мавриди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи амнияти тарафҳо ва истирдоди ҷинояткорону маҳбусон ба ҳамдигар ба тасвиб расониданд. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар масъалаи истирдоди афроди дар ҷустуҷӯи пулис қарор дошта алакай амал мекунад. Ҳанӯз соли 2013 Чин як шаҳрванди Тоҷикистон Димон Ашӯровро, ки дар яке аз беморхонаҳои Урумчӣ табобат мегирифт ва мақомоти Тоҷикистон ӯро ба қаллобӣ мутаҳам карда буданд, аз бистари беморӣ гирифта ба Тоҷикистон истирдод карда буданд.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки Чин беш аз ҳама дар масъалаи сепаратизм ва ё ҷудоихоҳӣ ҳассос аст ва ҳоло талош дорад, ки бо пулиси кишварҳои ҳамсояааш муносибот бақарор кунад, то мабодо кадоме аз ин кишварҳо ба ҷудихоҳони вилояти Синзян паноҳгоҳ надиҳад. Ӯ афзуд, “Чин аз ақидаҳои ҷудоихоҳии шаҳрвандонаш дар вилояти Синзян дар ташвиш аст. Аз ин рӯ, ҳар дархости кившарҳои ҳамсояро дар мавриди истирдоди шаҳрвандон бе чунучаро иҷро мекунад, то ин ки дар сурати зарурӣ онҳо низ афроди Чин дархост кардаро истирдод кунанд”.

Ҳамчнуин Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин ҳанӯз соли гузашта бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон созишномаеро бо унвони “оид ба расондани кумаки беғаразона” ба имзо расонда буд. Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ аз гуфтани теъдоди дақиқи кумакҳои расонидаи Чин ба Тоҷикистон худдорӣ меварзанд. Аммо Чин дардоираи ин шартнома ба пулиси Тоҷикистон мошинҳои зиреҳпӯш, либосҳои хос барои пароканда кардани гирдиҳамоӣ ва обпошҳои издиҳомпароканро туҳфа карда буд. Низоми худкори “Шаҳри бехатар”, ки гаштугузори мошинҳо ва одамонро дар кӯчаҳои асосии шаҳр назорат мекунанд, низ бо қарзи шииркати Ҳуавейи Чин амалӣ карда шудааст.

Шарики маъмулии Тоҷикистон дар масоили бехатариву амният то кунун Русия буд. Аммо Русия ҳоло андармони масоили барояш муҳимтар ба моҷароҳои Сурияву Укроина аст. Зоҳиран Тоҷикистон дар ин шароит ба Русия душвор танҳо ба бозуи ин кившар такя карда наметавонад ва коршарикони қавии дигаре дар умури амният дар минтақа доштан мехоҳад.

Аммо Парвиз Муллоҷонов мегӯяд: “Чин ба он хотир моил ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар умури амният шуд, ки тайи солҳои охир уйғурҳо дар гуруҳҳои ифротие мисли Ҳаракати Исломии Узбаикстон ва Ҳаракати исломии Туркистон дар шимоли Афғонистон фаъол шуданд. Барои муборизаи босамар бо ин гуруҳҳо Чин мехоҳад, ки Тоҷикистон ҳам ҳамкораш бошад”.

Аммо Муллоҷнов мегӯяд, агар Маскав то ба ҳол фаъолии Чинро дар умури иқтисод дар Тоҷикистон, ки онро минтақаи зери нуфузаш мепиндорад, таҳаммул мекард, таҳаммул кардани тавсеаталабии Чин дар умури амниятӣ дар Тоҷикистон барояш сахт хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG