Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамроҳ бо ширкатҳои роҳсозии Чин, Туркия ва Эрон талош доранд қитъаи роҳи алтернативии шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Қулмаро боз кунанд. Қисмате аз ин шоҳроҳ ба асари обхезиҳои ахир тахриб шуд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ки роҳсозони тоҷик дар якҷоягӣ бо ширкатҳои Чин, Туркия ва Эрон, ки дар Тоҷикистон талош доранд қитъаи роҳи алтернативии шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Қулмаро боз кунанд. Ин қитъаи нав - алтернативаи роҳи харобшудаи Мурғоб мешавад, ки дар паи офатҳои табиии чанд рӯзи гузашта аз истифода баромадааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 20 июл гуфт, ки корҳои пармакунӣ ва тахту ҳамвор кардани қисмати роҳ дар мавзеи Бердибекобод аллакай оғоз шудааст.

Шералӣ Ганҷалзода, ки аз маҳали Бердибекободи ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки як қисмати таҷҳизоти роҳсозӣ ба маҳал оварда шуданд ва қисмати дигар аз Душанбе дар ҳоли ҳаракат ба сӯи Бадахшон мебошанд. Шералӣ Ганҷалзода гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар авлавияти кори онҳо боз кардани роҳ мебошад ва баъдан ба таври стандартӣ ба сохтмони ин роҳ идома хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, Нилуфар Асланшоева, мудири шӯъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамроҳ бо ширкати China Roаd ва чанд ширкати эронӣ ва туркӣ тасмим гирифтаанд, ки дар зарфи 10 рӯзи оянда тавассути мавзеи Бердибекобод роҳро боз намоянд. Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои пармакунӣ оғоз шудааст, зеро роҳи наве, ки сохта мешавад, аз мавзеи куҳӣ убур мекунад.

Ба гуфтаи ин мақомои ҳукумати вилояти Бадахшон, баъд аз даҳ рӯз бояд ҳаракати мошинҳо тавассути ин шоҳроҳ пурра таъмин карда шавад. Дар ҳамин ҳол, нахустин корвони бору колое, ки бар асари тахриб шудани роҳ дармонда буданд, тавассути Ишкошим-Хоруғ-Душанбе, ба пойтахти фиристода шуданд.

Баъд аз сели харобиовари 16 июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Шуғнон нахуствазир, вазирони корҳои дохилӣ, нақлиёт, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва масъулони дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур ба Бадахшон рафта, аз маҳалҳои селзада боздид намуданд.

Дар пайи ин сел бар иловаи манзили сокинон як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дуним километр роҳи байнулмилалии Душанбе-Мурғоб, 2 километр роҳи мошингарди маҳаллӣ ва 4 километр хатти интиқоли нерӯи барқ хароб шуданд. Бино ба ҳисоби пешакӣ ҳаҷми хисороти сел дар Шуғнон 19 миллиону 353 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 3 миллион доллар будааст.

Сокинони бехонамонда дар хаймаҳо ҷо карда шудаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG