Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 6 ноябр мардуми Тоҷикистон 21-умин солгарди қабули Сарқонун ё Қонуни Асосии ин кишварро таҷлил мекунанд. Қонуни Асосии Тоҷикистон соли 1994 ва дар айни ҷанги шаҳрвандӣ қабул шудааст.

Мардуми Тоҷикистон имрӯз аз 21-уми солгарди Қонуни Асосии кишвар таҷлил мекунанд. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, 6 ноябр дар саросари кишвар таътил аст ва дар шаҳри Душанбе ба ин муносибат “сайру гашти идона”-и сокинон ташкил шудааст.

Дар чор нуктаи фароғатӣ ва истироҳатиии пойтахти Тоҷикистон – “Боғи устод Рӯдакӣ”, “Дӯстии халқҳо”, “Кӯли ҷавонон” ва майдони “800 – солагии Маскав” маҳфилҳои идона, аз ҷумла барномаҳои консертӣ бо ҳузури сокинону меҳмонон доир мешавад. Дар канори тадбирҳои фарҳангӣ, ҳамчунин намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти қаннодӣ низ барои мардум пешниҳод шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар як паёми телевизионӣ мардуми кишварро ба муносибати 21-умин солгарди қабули Қонуни Асосӣ табрик гуфта ва аз “6 ноябри соли 1994” ба унвони “рӯзи таърихӣ” ёд карда, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ хонд.

Ҷаноби Раҳмон таъкид кард, ки “ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид”.

Ҳамзамон раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ишора ба сиёсати хориҷии кишвар гуфт, “Тоҷикистон дар муносибатҳои хориҷии худ сиёсати дарҳои кушодаро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ дар асоси принсипи баробарӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ эълон доштааст”.

Зимнан, Сарқонун ё Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар соли 1994, дар айни ҷӯши ҷанги шаҳрвандӣ қабул шудааст, Тоҷикистонро як кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ номида, низоми давлатдориашро иҷтимоӣ медонад. Баъд аз имзои Созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар соли 1997 бо ризоияти ду ҷониб дар соли 1999 ба Қонуни асосӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки бино бар онҳо Тоҷикистон соҳиби парлумони думаҷлиса шуда, аҳзоби динӣ дар кишвар ҳаққи фаъолият пайдо карданд.

Зимни ҳамин ислоҳот мӯҳлати фаъолияти раисиҷумҳур аз ду давраи панҷсола ба як давраи ҳафтсола иваз шуд ва таъкид гашт, ки як нафар наметавонад ду давра президент шавад. Аммо дар пайи тағйири дигарбораи Сарқонуни Тоҷикистон дар соли 2003 мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ аз як давраи ҳафтсола ба ду давраи ҳафтсола иваз шуд. Ин тағйир ба раисиҷумҳури амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ду ҳаққи дигари талош барои курсии президентиро ба даст биорад.

Дар ин замина, аксари коршиносони масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон мегӯянд, ду бастаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон асосан ба нафъи ҳукумат ва президент будаанд. Онҳо меафзоянд, Тоҷикистон низ ба монанди кишварҳое чун Белорус, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон кӯшиш кард, ки дар конститутсия меъёрҳоеро ба вуҷуд орад, ки ба президенти амалкунанда имконият диҳанд, бидуни интиқоли қудрат дар интихоботҳои минбаъда номзад шавад.

Аммо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ин тағйиру иловаҳо ба хотири таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон сурат гирифтанд ва заминаҳои роҳандозии барномаҳои стратегӣ - таъмини истиқлолияти энерживу озуқаворӣ, хуруҷ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардумро фароҳам оварданд.

Аммо коршиносон мегӯянд, тарҳҳои энерживу коммуникатсионӣ дар кишвар бо вуҷуди сарусадои баланд, амалан камранг ва камтаъсир буда, ба даъвоҳои ҳукумат мувофиқат намекунанд. Онҳо мегӯянд, 16 сол ба ин сӯ дар фасли сармо мардум бебарқ аст ва сатҳи зиндагии аҳолӣ низ ба муҳоҷирати корӣ вобаста аст, на ба сиёсатҳои давлат.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба бархе аз дастурҳои Қонуни асосӣ арҷ мегузоранд, вале аз иҷро нашудани онҳо шикоят мекунанд. Густариши холигоҳи миёни меъёрҳои Қонуни асосӣ ва воқеиятҳои имрӯзаи кишварро бархе аз ҳуқуқшиносон низ тасдиқ мекунанд. Ба бовари онҳо, аслу меъёрҳои ин қонун на танҳо бо зиндагии ҳаррӯзаи мардум, балки ҳатто бо қонунҳои соҳавии кишвар зиддиятҳо дорад.

XS
SM
MD
LG