Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи пуразоби мардуми тоҷик то расидан ба истгоҳи сулҳ ( АКС ва ВИДЕО)


Имрӯз 17-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Дар ин замина хабарнигори радиои Озодӣ навори видеоиеро аз роҳи пурмашаққати тайкардаи мардуми тоҷик омода кардааст ва ҳам хабарҳо аз ҷараёни ин ҷашн.

Имрӯз, 27-уми июн 17 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон ҷашн мегиранд ва дар ин замина хабарнигори радиои Озодӣ гузориши видеоиеро аз роҳи пурмашаққати тайкардаи мардуми тоҷик омода кардааст, ки он рӯзҳои сахтро нишон медиҳад.

Ин гузориши видеоии бидуни шарҳро бахшида ба солгарди имзои созишномаи сулҳи тоҷикон, ки дар ҳамин рӯзи соли 1997 иттифоқ афтода буд хабарнигори радиои Озодӣ Бароти Юсуфӣ омода кардааст. Ин навор бо ёдоварӣ аз даҳшатҳои солҳои ҷанг аст. Ҷанге ки бино ба ҳисобҳо, то 100 000 кушта ба ҷо гузошт ва ба иқтисоди Тоҷикистони фақир дастикам 10 миллиард доллар зиён овард.

​Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Данғара

Имрӯз, ҷашни 17 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, баргузор мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузаштаи 26-уми июн ба манзури ошноӣ бо корҳои кишоварзӣ ва доир намудани машварати корӣ бо фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара сафар кардааст.

Ба иттилои ин манбаъ, раиси ҷумҳур дар ноҳияи Данғара нахуст ба ҷамоати деҳоти Лолазор ташриф оварда, бо кори намунавии хоҷагиҳои деҳқонии Сомонҷон, Имоми Аъзам, Мирзои Мардон ва Муҳсинҷон бевосита шинос шуд ва аз намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дидан намуд.

Сайругашти сокинони Душанбе дар Рӯзи ваҳдати миллӣ

Сайругашти сокинони Душанбе дар Рӯзи ваҳдати миллӣ

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, субҳи имрӯз, 27 июн дар ноҳияи Данғара баргузор гардид. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин машварати корӣ вазъи иҷрои дастуру супоришҳо ва масъалаҳои ҳалталаби соҳаи кишоварзиро ба баррасӣ гирифта, таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлат эълон гардидааст, равона кардааст.

Сипас раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар барномаҳои идона ба муносибати таҷлил аз 17 - умин солгарди имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ, ширкат намуд. Дар ҳамин ҳол барномаҳои ҷашнӣ ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аз рӯзи гузашта бо баргузории тӯи арӯсии 90 ҷуфти ҷавон ва хатнасури беш аз 360 кӯдак аз хонаводаҳои камбизоати пойтахт дар бинои "Душанбе - Плаза" оғоз гардид.

Дар Рӯзи ваҳдати миллӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти саноатӣ доир шуд.

Дар Рӯзи ваҳдати миллӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти саноатӣ доир шуд.

Аммо имрӯз дар доираи таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе сайру гашти идона бо баргузории маҳфилҳо ва барномаҳои консертии ҳунармандони тоҷик ҷараён дорад. Барномаҳои идона ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдони "Дӯстӣ", дар пояи муҷасаммаи Исмоили Сомонӣ бо ба ҳаво сар додани фейверки идона ба поён мерасад.

Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ миёни давлати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифони пешин дар таърихи 27-уми июн аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолидфони пешин дар шаҳри Маскав ба имзо расид, ки ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ дар Тоҷикистон поён дод.

Ҳамакнун аз имзои ин санад 17 сол мегузард ва 27 июн ҳар сол ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG