Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зуҳуров аз Исроил даъват кард, ки дар бунёди нерӯгоҳҳо ширкат кунад


Раиси парлумони Тоҷикистон аз Исроил даъват кардааст, ки дар бунёди нерӯгоҳҳои кишвар сармоягузорӣ кунад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин матлабро дар мулоқот бо раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Исроилу Тоҷикистон Шаррен Ҳаскел, узви Кнессета ё парлумони Исроил Йосиф Йона ва сафири мухтор ва фавқуллоддаи он кишвар дар Тоҷикистон Кармела Шамирн баён кардааст. Ҳайати парлумонии Исроил дар ҳоли ҳозир бо сафари панҷрӯза дар Тоҷикистон қарор дорад.

Аз дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон рӯзи 4-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин мулоқот Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон гуфтааст, Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ду кишвар, аз ҷумла ба иштироки ҷониби Исроил дар татбиқи тарҳҳои энержӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ ва хатҳои интиқоли барқ бо сармояи ин кишвар, манфиатдор мебошад.

Зуҳуров дар идома гуфтааст барои амалӣ намудани чунин тарҳҳо захираҳои калони обии Тоҷикистон, ки тақрибан ба 60% обҳои минтақа баробар аст, заминаи мусоид мебошад ва Исроил метавонад дар бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар дарёҳои дохилии Тоҷикистон иштирок намояд.

То ба ҳол дар Тоҷикистон бо сармояи ду кишвари хориҷӣ -- Русия ва Эрон нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" бунёд шудаанд. Чанд сол қабл Тоҷикистон аз Чин даъват карда буд, ки нерӯгоҳе дар рӯдхонаи Зарафшон бисозад, аммо Пекин бинобар мухолифатҳои Узбакистон ҳозир нашуд дар ин тарҳ ширкат кунад.

Ҳамзамон Зуҳуров дар мулоқот ба вакилони парлумони Исроил гуфтааст “муносибатҳои иқтисодии байни ду кишвар ва мизони муомилоти тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Исроил ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.”

Ба гуфтаи коршиносон, омили ҷуғрофӣ, яъне аз ҳамдигар дур ҷойгир шудани Исроил ва Тоҷикистон ҳам аз сабабҳои камранг будани муносибатҳои робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодии ду кишвар буда метавонад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон бо Эрон ва кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки бо Исроил чандон муносибатҳои дӯстона надоранд, робитаҳои хуби тиҷоратӣ-иқтисодӣ барқарор кардааст.

Раиси палатаи поёнии парлумон хостори густариши равобити Тоҷикистон ва Исроил шуда аз ҷумла гуфтааст, тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаи бозомӯзӣ ва табодули таҷриба дар ҳошияи Барномаи “Машав”, ба манфиати кишвараш хоҳад буд.

Ба таъкиди Зуҳуров, Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки мутахассисони соҳаҳои энержӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, тандурустӣ ва туризмро барои бозомӯзӣ ба Исроил бифиристад. "Машав" як барномаи хоси ҳукумати Исроил аст, ки барои мутахассисони хориҷӣ имкон медиҳад дар соҳаҳои гуногун дар ин кишвар таҷриба андӯзанд.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Исроил ҳанӯз 26 марти соли 1992 барқарор гардидаанд. Аммо то кунун ба ҷуз аз як Ёддошти тафоҳум оид ба баргузор намудани Машваратҳои дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Исроил, ҳанӯз пояи шартномавӣ ва ҳуқуқии ҳамкориҳо вуҷуд надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG