Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон: Рок-фестивал дар боғи Трептов барпо нашавад


Муҷассамаи биринҷии сарбози шӯравӣ бо духтари наҷотёфта аз ҷанг дар маркази боғи Трептов ҳамчун рамзи хатми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон гузошта шудааст. Муаллифони муҷассама: Евгений Вучетич ва Яков Белополский

Муҷассамаи биринҷии сарбози шӯравӣ бо духтари наҷотёфта аз ҷанг дар маркази боғи Трептов ҳамчун рамзи хатми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон гузошта шудааст. Муаллифони муҷассама: Евгений Вучетич ва Яков Белополский

Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин аз мақомоти шаҳри Олмон ва ҳам ташкилкунандагони рок-фестивал даъват кардааст, ки маҳалли баргузории ин маъракаро тағйир диҳанд.

Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин аз мақомоти шаҳри Олмон ва ҳам ташкилкунандагони рок-фестивал даъват кардааст, ки маҳалли баргузории ин маъракаро тағйир диҳанд. Дар муроҷиати дастаҷамъии намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви созмони Муштарак-ул-Манофеъ ахиран аз мақомоти шаҳри Берлин, пойтахти Олмон дархост шудааст, ки нагузоранд маъракаи мусиқии серҷамъият дар боғе баргузор шавад, ки ҳамчун оромгоҳи қурбониёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон маъруф аст. Дар боғи Трептови канори шаҳри Берлин, ба иттилои расмӣ, 7200 ҷасади низомиёни шӯравӣ дафн шудааст, ки дар моҳҳои охири пеш аз анҷоми ҷанг кушта шудаанд. Дар бораи ирсоли ин нома ба унвонии мақомоти Берлин рӯзи 21 апрел сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар як нишасти хабарӣ иттило дод ва гуфт, ки ташкили рок-фестивал баробар бо “рақс дар рӯи устухонҳо”-и сарбозони кушташуда мебошад. Интизор меравад, ки дар ҷашнвораи рок дар Берлин 50 ҳазор нафар иштирок кунад.

Ин андешаро дипломатҳои тоҷик ҳам дастгирӣ карданд. Рӯзи 22 апрел Маликшо Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Олмон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аслан Трептов яке аз боғҳои калону зебои шаҳри Берлин

Маликшо Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Берлин. Акс аз маросими ифтитоҳи лавҳаи ёдгории сарбозони қурбонии Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, 9.05.2015

Маликшо Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Берлин. Акс аз маросими ифтитоҳи лавҳаи ёдгории сарбозони қурбонии Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, 9.05.2015

аст, ки ҳамеша шоҳиди маъракаҳои мухталиф мешавад. “Вале азбаски ин фестивал даъвати одамҳои зиёдро дар назар мегирад, мо машварат карда ба хулосае омадем, ки як номаи дастаҷамъии сафирони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъро ба мақомот ва ташкилкунандагони фестивал ирсол кунем. Ин боғ, ки маҳалли дафни ҳазорҳо сарбоз асту мо ҳамасола дар маросими поси хотири қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок карда дар қабри онҳо гулгузорӣ мекунем, як ҷои хеле муқаддас ҳам шудааст”.

Ба иттилои сафир, як гурӯҳи кории ташкилшуда аллакай бо масъулини ин рок-фестивал ва мақомот мулоқот баргузор карда ҳадаф аз муроҷиати худро шарҳ доданд. “Ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ барои баргузории ин чорабинӣ дар парки Трептов гузошта нашудааст. Онҳо ваъда доданд, ки пешниҳоди ба маҳалли дигар гузаронидани ин маъракаро фикр мекунанд. Ташкилкунандҳо аллакай гуфтаанд, ки агар ҳам маҳалли баргузории фестивалро ба ҷои дигар гузаронида натавонанд, тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд ва оромгоҳи сарбозони шӯравиро бо деворҳо иҳота карда намегузоранд, ки мардуми ширкатдори фестивал ба ин маҳал по гузоранд”.

Масъулини минтақаи Трептов-Кепеники шаҳри Берлин аллакай гуфтанд, ки тасмими ниҳоӣ дар бораи маҳалли баргузории рок-фестивали "Лолапалуза" дар моҳи май гирифта мешавад. Худи ҷашнвораи рок, қарор аст тирамоҳ, тахминан дар моҳи сентябр барпо шавад. Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки ташкили ҷашнвораи рок дар ҳудуди дафнгоҳи 7500 ҳазор сарбози шӯравӣ “ғайри қобили қабул” аст ва изҳори умедворӣ кард, ки мақомоти Олмон ин нуктаро ба эътибор хоҳанд гирифт.

Шӯрои собиқадорон Ҷанги Дуюми Ҷаҳон мегӯяд, солҳои 1941-1945 аз Тоҷикистон наздики 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, 92 ҳазор нафари онҳо барнагаштаанд. Шумори дақиқи тоҷикистониёне, ки дар боғи Трептов дафн шудаанд, маълум нест. Ба гуфтаи раиси шӯрои собиқадорони ҷанг Раҳмат Қудратов, то имрӯз омори махсуси қурбониёни моҳҳои охири ҷанг аз миёни тоҷикистониён дар қаламрави худи Олмон,

ки шоҳиди задухӯрдҳои хунину пурталафот шудааст, маълум нест. Вале соли 2015, ба иттилои Маликшо Неъматов, дар маросими таҷлил аз 70-солагии ғалаба бар фашизми нозӣ ва хатми Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, дар қатори лавҳаҳои ёдгории миллатҳои дигар, лавҳае бо исми 5 сарбози тоҷик ҳам гузошта шуд. Дар рӯи ин лавҳа исми Алим Абдуллоев, Мамед Шоҳназаров, Қодир Рӯзиев, Абдулло Ашӯров ва Халин Артекбаев ҳаккокӣ шудааст. Дар болои ин лавҳаи ёдгорӣ навишта шудааст: "Гӯри дастаҷамъӣ. № 12". Бовар меравад, ки дар дафнгоҳи боғи Трептов шумори аз ин зиёди сарбозони тоҷик хоксупорӣ шудаанд. Ба қавли Неъматов, “масъала ин аст, ки он вақт, дар авҷи ҷангҳои шадиди моҳҳои апрелу май дар даромадгоҳи Берлин бисёриҳоро дар қабрҳои дастаҷамъӣ гӯр кардаанд”.

Дар рӯзҳои таҷлил аз пирӯзӣ бар Олмони нозӣ 8-9 май ҳар сол дар боғи Трептов маросимҳои поси хотири сарбозони шӯравӣ баргузор мешавад ва дар қатори дипломатҳои кишварҳои ҷангида бо артиши нозӣ, мақомоти Олмон ҳам иштирок хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG