Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров ба Арабистони Саудӣ рафт


Субҳи 21 январ як ҳайати порлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, озими Арабистиони Саудӣ шуд. Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, ба ҳайат раиси кумитаҳо ва вакилон Олим Салимзода, Абдураҳим Холиқов, Ҷӯрахон Маҷидзода, Олимҷон Сафаров ва Дилшод Исматуллоев шомиланд. Султонов гуфт, дар назар аст, дар ҷараёни сафари шашрӯза ҳайати порлумони Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси Шӯро, раиси Фонди Саудии рушд ва ашхоси расмии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дидору гуфтугӯ карда ва аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин кишвар дидан кунад.

XS
SM
MD
LG