Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои Тоҷикистон барои узвият дар кумитаҳои СММ


Барои аввалин бор дар 20 соли истиқлолияташ Тоҷикистон ба узвияти кумитаи рушди СММ пазируфта шуд

Тоҷикистон мехоҳад дар давоми 10-12 соли оянда ба узвияти даврӣ ё ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ пазируфта шавад. То он замон, Душанбе дар бораи узвияти тозаи худ дар як кумитаи СММ хабар дод. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар нишасти нахустини мутаботиаш дар соли 2013 рӯзи 18 январ дар Душанбе иттилоъ дод, ки соли оянда барои аввалин бор ба муддати ду сол Тоҷикистон ба узвияти Кумитаи рушди СММ пазируфта хоҳад шуд. Зарифӣ илова кард, ки соли гузашта ҷумҳурӣ барои узвият дар се кумита ва комиссиюни СММ ариза додааст.


Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ сухангӯи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Роландо Гомес, воқеъ дар Женеваи Швейтсария гуфт, ки узвият дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ як раванди тӯлонӣ буда, ҷараёни пазириши он аз қабули аризаи кишвар оғоз меёбад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо баъди тасдиқи номзадии кишвар дар Маҷмаи кулли СММ тавассути овоздиҳӣ Тоҷикистон ба узвияти ниҳодҳои ин созмони ҷаҳонӣ пазируфта мешавад. Гомес гуфт, ки узвияти Тоҷикистон дар Комиссияи рушди устувори СММ соли гузашта тасдиқ шуд.

Бар илова, гуфт ӯ, Тоҷикистон номздиашро барои узвият дар Шӯрои иқтисодиву иҷтимоии СММ дар соли 2015-ум матраҳ кардааст. "Вале пеш аз он, номзадии Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ баҳс мешавад, ки дар сурати тасдиқи номзадии Тоҷикистон дар Маҷмаи кулли СММ сар аз соли 2015 то соли 2017-ум ҷумҳурӣ узви ин Шӯро хоҳад шуд. Номзадии Тоҷикистон барои узвият дар Шӯрои Амнияти СММ соли 2023-2024-ум баррасӣ мешавад. Яъне интихоботи аъзои Шӯрои Амнияти СММ соли 2022-ум доир мешавад. Ҳозир аз минтақаи Осиё ва Уқёнусия фақат номзадии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Аммо бо наздикшавии ин интихобот шояд кишварҳои рақиб ҳам пайдо шаванд”, гуфт Роландо Гомес.


Ба қавли Сироҷиддин Аслов - сафири Тоҷикистон дар СММ, ҷумҳурӣ аз ҳозир барои пуштибонӣ аз номзадиаш бо кишварҳои узви СММ кор мебарад. Масалан, барои узвият дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Тоҷикистон корҳои дар ин самт иҷронамудаашро ба кишварҳои дигар ёдрас хоҳад кард. Вале сафир эътироф мекунад, ки дар ниҳояти амр узвиятро Маҷмаи кулли СММ дар овоздиҳии пинҳонӣ ҳал мекунад ва бар пояи он маълум намешавад, ки кадом кишвар аз Тоҷикистон пуштибонӣ кардасту кадоме мухолифи ин раъй додааст. Дар поёни сӯҳбат Сироҷиддин Аслов хотирнишон кард, ки Тоҷикистон барои узвият дар Кумитаи мубориза бо маводи нашъаовари СММ талош дорад ва ба назар мерасад, ки натиҷаи он мусбат хоҳад буд.

Вале саволи асосӣ ин аст, ки оё узвият дар ин ё он кумитаву ниҳоди ин созмони ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чӣ манфиате дорад? Тавре мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, узвият дар чунин ниҳодҳои бонуфуз, ба вижа дар Шӯрои амнияти СММ боиси болоравии обурӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ шуда, мавқеи ин кишварро дар масоили муҳими байналмилалӣ тақвият медиҳад. Инчунин, узвият дар ин ниҳодҳо дигар аъзоро водор мекунад, ки ҳатман ба ҳарфи Тоҷикистон гӯш диҳанд. Мақомоти Тоҷикистон пинҳон намекунанд, ки узвият дар Шӯрои амният орзуи деринаи онҳо ва ҳам ҷумҳуриҳои дигари шӯравии пешин аст. Дар тӯли 20 соли истиқлолият, танҳо Озарбойҷон тавонист, ки ба ҳайати ин шӯро шомил шавад.
XS
SM
MD
LG