Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин мадрасаҳо дар Тоҷикистон баста шуданд. Аммо мутахассисон мегӯянд, ки бо бастани мадрасаҳову таъини ҷазо барои таълими “ғайриқонунӣ” пеши роҳи таҳсили кӯдакон дар назди рӯҳониёни алоҳидаро наметавон гирифт.

Мадраса, муассисаи таълимие бо ин ном аз ин баъд дар Тоҷикистон вуҷуд нахоҳад дошт – охирин мадрасаҳо, ки дар вилояти Суғд ҷойгир шуда буданд ва фаъолияташон се сол пеш мутаваққиф шуда буд, ҳафтаи гузашта расман баста шуданд.

ПАДРУД, МАДРАСА!

Аз ин баъд фақат Гимназияи назди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба тарбияи рӯҳониёни оянда машғул хоҳад шуд. Баъди мутаваққиф шудани фаъолияташон мадрасаҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бояд иҷозаи расмии вазорати маорифро дарёфт мекарданд. Аммо вазорати маориф аз додани иҷозанома ба ин мадрасаҳо худдорӣ кард.

Раванди бастани мадрасаҳо ҳафт сол пеш шурӯъ шуд, мегӯяд Саид Аҳмадов, пажуҳишгари масоили мазҳабӣ ва собиқ раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон. Аммо ибтидо гап фақат аз он мерафт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои тундрав шумораи мадрасаҳо кам карда шавад. Он вақт дар Тоҷикистон 19 мадраса сабти ном шуда буд. Мусоҳиби мо меафзояд, таҳсил дар мадрасаҳо чун дар қарнҳои пеш буд, яъне, шогирдон як китобро хатм мекарданд ва ба омӯзиши китоби дигар мегузаштанд.

Саид Аҳмадов

Саид Аҳмадов

Ҳамзамон он солҳо таълими динӣ бидуни литсензия ё иҷозатномаи Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ҳам мамнӯъ шуд ва пас аз муддате барои таълими ғайриқонунии динӣ аз 5 то 12 сол зиндон муқаррар гардид. Ҳамчунин бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 3054 наврасу ҷавоне, ки дар мадрасаҳои Покистону Афғонистону Миср ва дигар давлатҳоиисломӣ таҳсил мекарданд, 2896 нафарашон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Зимнан, аксари онҳо баъд аз талошҳои нокоми таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтанд ва садҳо нафарашон бо ҳар роҳи дастрас дубора ба мадрасаҳои исломии берун аз кишвар баргаштанд...

Ҳарчанд мақомот гуфтанд, ки ҳадафи онҳо на эҷоди монеа барои диндорон, балки ҷилавгирӣ аз афзоиши ифротгароӣ миёни наврасону ҷавонон аст, вале дар маҳофили динӣ гап аз ҳамлаҳои наву паёпай ба дину мазҳаб мерафт.

Саид Аҳмадов меафзояд, чаҳор сол пеш мадрасаи намунавии ба номи Абу Ҳанифа дар шаҳри Душанбе ҳам баста шуд, вале бо фарқ аз дигар мадрасаҳо шогирдонаш барои идомаи таҳсил ба омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ фиристода шуданд.

“БАРОИ ДАРКИ БЕДИЛУ МАВЛАВӢ БОЯД ҚУРЪОНРО ОМӮХТ!”

Баъд аз баста шудани мадрасаҳо акнун наврасони тоҷик бо асосҳои дини ислом фақат дар мактаб метавонанд ошно шаванд – Шарифмуроди Исрофилниё, мудири Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки китоби “Таърихи дин” ба дасти толибилмони синфи 9-и мактабҳои миёна расид. Таълими ин фан соли гузашта шурӯъ шуд ва аммо китоб сари вақт ба дасти хонандагон нарасида буд. Шарифмурод Исрофилниё ҷорӣ шудани таълими “Таърихи дин” дар мактабҳоро муҳим мехонад ва мегӯяд, он имкон медиҳад, ки насли ҷавон ба моҳияти динҳои асосӣ, бахусус, ба арзишҳову фалсафаи мазҳаби Ҳанафия сарфаҳм раванд ва ба доми гурӯҳҳои гуногуни мазҳабӣ ва хурофоту таассуб наафтанд.

Шарифмурод Исрофилниё

Шарифмурод Исрофилниё

Аслан дарси дин бо номи “Маърифати ислом” бояд чанд сол пеш дар мактабҳои Тоҷкиистон роҳандозӣ мешуд. Ба гуфтаи Саид Аҳмадов, ӯ ҳамроҳ бо Муҳаммадризо Шодиев бо дархости вазорати маориф дар посух ба даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як суханрониаш дар робита ба бузургдошти соли Имоми Аъзам хостори ислоҳи барномаи таълимии мактабҳо ва мутобиқ кардани онҳо бо таълимоти мазҳаби Ҳанафӣ шуда буд. китоби “Маърифати ислом”-ро таълиф карданд. Аммо баъд аз нашри китоб худи вазорати маориф аз вуруди “Маърифати исломӣ” ба барномаи мактабӣ монеъ шуд – масъулин гуфтанд, ки ба ин фан ниёзе нест, зеро дар доираи он 30 фанне, ки дар мактабҳо таълим дода мешавад, ҳама ҷабҳаҳои тарбия ба роҳ монда шудааст ва ҳар муаллим қабл аз дарс чанд дақиқа ба хонандаҳо роҷеъ ба одобу ахлоқ ва мавзӯъҳои дигар сӯҳбат мекунад.

Шарифмуроди Исрофилниё мегӯяд, имсол бори аввал дар донишгоҳҳои Тоҷикистон фанни нав “диншиносӣ” тадрис мешавад. Барномаи таълимии фанни нав, ки аз сӯи гурӯҳи донишмандон таҳти раҳбарии Саид Аҳмадов таҳия шудааст, чанд рӯз пеш аз тарафи вазорати маориф пазируфт. Вазорати маориф аз Саид Аҳмадову Рустам Комилов ва дигар донишмандон хост, то китоберо дар ин бора таълиф кунанд.

Шарифмуроди Исрофилниё таълими дини ислом дар донишгоҳҳо, ба вижа дар риштаҳои таъриху филология ва фалсафа ногузир мехонад. “Вақте, ки донишҷӯ аз Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар огаҳ нест, чӣ гуна метавонад ба мӯҳтавои ашъори Ҳофизу Бедилу Мавлавӣ сарфаҳм равад? Ё донишҷӯе, ки дар риштаи фалсафа таҳсил мекунад, бидуни донистани Қуръону ҳадисҳо чӣ гуна фалсафаи ислому ирфон ва тасаввуф меомӯзад?”-суол мекунад ӯ.

ЧОЙХОНАҲО БОЗ "МАДРАСА" МЕШАВАНД?

Саид Аҳмадов ба коҳиши ифротгароӣ миёни наврасону ҷавонон мусоидат кардани бастани мадрасаҳоро зери суол мебарад. Ба гуфтаи ӯ, то чӣ андоза ин тасмим, яъне бастани мадрасаҳо, аз тундгароӣ наҷот медиҳад, маълум нест, зеро онҳое, ки дар мадрасаҳо таҳсил мекарданд, зери назорат буданд, акнун онҳо бо ҳамон саводи нимколаашон ба ҳоли худ гузошта шудаанд.

Аммо бастани мадраса маънои онро надорад, ки ҳама шогирдон аз идомаи таҳсил мунсариф шудаанд, бисёриҳо акнун пинҳонӣ дарс мегиранд ва аммо назди домуллоҳои дигар, мутмаин аст Саид Аҳмадов.

Ӯ меафзояд, замони шӯравӣ ҳам чун талабот ба дин зиёд буд, мадрасаҳои махфӣ зиёд, қариба дар ҳама ноҳияҳо мавҷуд буданд. Онҳоро “чойхона” ном мебурданд ва аммо он ҷо ё масҷид буд ё мадраса, мегӯяд пажуҳишгари масоили мазҳабӣ. Мусоҳибони мо мегӯянд, аҷаб нест, ки ба зудӣ дар шаҳру шаҳракҳо ва рустоҳои дурдаст ҳамин гуна “чойхона”-ҳо дубора пайдо шаванд...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG