Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи 460 миллион доллар ба Тоҷикистон (ВИДЕО)


Ҳайати Бонки Осиёии Рушд бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии ҳамкориҳо дар Душанбе.
Ҳайати Бонки Осиёии Рушд бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии ҳамкориҳо дар Душанбе.

Дар чаҳорчӯби стратегияи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд барои бахши энержӣ, роҳсозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, бахши хусусӣ ва самтҳои дигари иқтисод ҳудуди 460 миллион доллар ҷудо мекунад.

Дар ин бора мақомоти бонк, рӯзи 23-уми сентябр, дар маросими муаррифии Стратегияи ҳамкории Бонки Осиёи Рушд ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд. Муддати иҷрои ин санад барои солҳои 2016-2020 пешбинӣ шудааст.

Венкай Жанг, муовини раиси Бонки Осиёии Рушд ба Озодӣ гуфт, дар назар аст, имсол дар доираи ин барнома ба Тоҷикистон 140 миллион доллар дода шавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Жанг, ин маблағ барои рушди бахшҳои энержӣ, нақлиёт, иҷтимоӣ, рафъи авоқиби ҳодисаҳои марбут ба тағйири иқлим ва таъмини амнияти озуқаворӣ масраф мешавад.

“Ин маблағ барои бароварда сохтани ниёзҳои ин бахшҳо кифоят намекунад. Барои иҷрои ин лоиҳа дар канори маблағҳои Бонки Осиёии Рушд бояд сармояҳои созмонҳои байналмилалии молӣ, давлати Тоҷикистон ва бахши хусусии ин кишвар низ ҷалб шавад”- гуфт, Венкай Жанг.

Вазири тоҷик умедвор аст, кӯмакҳо иқтисодро ба по мехезонанд
Вазири тоҷик умедвор аст, кӯмакҳо иқтисодро ба по мехезонанд

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, стратегияи нави ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд, санади чоруми ду тараф аст ва барномаҳои қаблӣ бо ин созмони байналмилалии молӣ дар рушди босуботи иқтисод, коҳиши мизони фақр ва боло рафтани сатҳи зиндагии сокинони кишвар нақши муҳим доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии барнома боло бурдани мизони рушди Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилӣ то 6,5 дарсад, поин бурдани сатҳи фақр аз 31 дарсади феълӣ то 20 дарсад дар соли 2020 ва афзоиши истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллирад киловат-соат (дар соли 2015) то ба 26 миллиард киловат-соат( дар соли 2020) ҳисоб меёбад.

Аз ҳисоби ислоҳ кардани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи бахши хусусӣ ба рушди иқтисоди кишвар ноил шудан мумкин аст

Аммо ин суол матраҳ аст, ки аз кадом роҳҳо ба ин ҳадафҳо расидан мумкин аст? Ҷаноби Ҳикматуллозода гуфт: “Ба рушди иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли молҳои рақобатпазир, афзоиши саҳми саноат дар рушди Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилӣ, комилан ислоҳ кардани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи бахши хусусӣ ба иқтисоди кишвар ноил шудан мумкин аст”.

Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон гуфт, ки мумкин аст, стратегияи нави ҳамкории ду тараф барои рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла, соҳибкории хурду миёна мусоидат кунад.

Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон 460 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи ин санад сарчашмаҳои молӣ барои дарёфти қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ шудааст, ки фоизи ин қарзҳо дар муқоиса ба бонкҳои Тоҷикистон ба маротиб поинтар аст.

Венкай Жанг, муовини раиси Бонки Осиёии Рушд, рӯзи 22-уми сентябр зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки бонк қасд дорад дар солҳои 2016-2018 лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳи барқи обии Норак, роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб ва роҳи Ваҳдат-Ҷиргатол-Қарамиқ амалӣ кунад. Феълан ба миқдори 785 миллион доллар лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон иҷро мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, Бонки Осиёии Рушд аз замони шурӯъи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар соли 1998 то ба имрӯз ба бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, роҳсозӣ ва соҳаҳои дигари иқтисоди ин кишвар ба миқдори 1,4 миллиард доллар сармоя ворид кардааст.

XS
SM
MD
LG