Пайвандҳои дастрасӣ

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон аз мақомаш барканор ва Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, ҷойгузини ӯ шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр бо судури як фармон, Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистонро аз мақомаш барканор кард. Бар пояи як фармони дигар, Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд нахуствазири Тоҷикистон таъйин шуд.

Раиси ҷумҳур бо амри худ Абдураҳмон Қодириро, иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд таъйин намуд. Абдураҳмон Қодирӣ аз ин пеш дар симати муовини аввали раиси вилояти Хатлон кор мекард. Ӯ қаблан вазири кишоварзӣ низ буд.

Оқил Оқилов соли 1999 дар мақоми сарвазирӣ Яҳё Азимовро иваз карда буд ва моҳи декабри соли 2006 раисиҷумҳур ӯро дубора дар ин мақом таъин кард. Ба гуфтаи коршиносон ва сиёсатмадорон, муддати тулонӣ дар ин мақом боқӣ мондани Оқил Оқилов чанд сабаб дошт – қабл аз ҳама ӯ ягон ҳадафи бузурги сиёсӣ надошт ва сониян, ӯ дар қиёс бо баъзе аз раҳбарони кишвар ягон манфиати тиҷоратиро думбол намекард. Аз нигоҳи коршиносон сабаби дар мақом боқӣ мондани Оқил Оқилов боз он аст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ барои дарёфти ваколатҳои сарвазирӣ талош накардааст.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири нави Тоҷикистон.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири нави Тоҷикистон.

Нахуствазири нави Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 7 марти соли 1961 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ. Соли 1982 Иститути кишоварзии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) бо ихтисоси «муҳандис-гидротехник» хатм намудааст. Фаъолияти корияшро ба сифати техник–санҷишгари санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» дар соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст. Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шӯъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи «Тоҷикирсовхозстрой» (шаҳри Хуҷанд) фаъолият доштааст.

Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон буд. Бо фармони президенти Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъйин шуд. Аз 27 феврали соли 2007 то лаҳзаи таъйн шуданаш ба симати нахуствазири Тоҷикистон, дар мақоми раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр бо фармонҳои дигари худ Руқия Қурбоноваро аз мақоми муовини сарвазир озод ва Марҳабо Ҷабборова, Муродалӣ Алимардон ва Азим Иброҳимро муовинони сарвазири Тоҷикистон таъйин кардааст. Азим Иброҳим қаблан сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон буд. Марҳабо Ҷабборова то таъйин шуданаш ба ин мақом, раҳбарии кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси Намояндагонро бар ӯҳда дошт.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин Хидирова Махфират раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Раҳимов Султон, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои обӣ ва Муҳиддинов Пӯлот, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъйин шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG